Президент Азербайджана Ильхам Алиев

Алиев мегӯяд, Боку ба ҳеҷ ваҷҳ истиқлолияти Қарабоғро намепазирад: Пашинян чӣ мегӯяд

699
(Таҷдидшуда 15:01 16.10.2020)
Илҳом Алиев дар мусоҳиба бо Sputnik изҳор доштааст, ки "хатти сурх" барои Озарбойҷон ин эътироф кардани истиқлолияти Қарабоғи Кӯҳӣ аст. Ӯ гуфт дар ҳеҷ сурат тамомияти арзии Озарбойҷонро вайрон кардан мумкин нест

ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Илҳом Алиев мегӯяд, "хатти сурх" барои Озарбойҷон ин эътирофи истиқлолияти Қарабоғи Кӯҳӣ аст. Дар ҳеҷ сурат, тамомияти арзии Озарбойҷонро вайрон кардан мумкин нест, таъид намуд ӯ дар мусоҳиба бо мудири кулли АИБ "Россия сегодня" Дмитрий Кеселев.

Қаблан, сарвазири Арманистон Никол Пашинян изҳор дошт, ки ба рӯзномаи мақомоти Арманистон масъалаи эътирофи истиқлолияти Қарабоғ дохил мешавад, бояд ин масъаларо ҷиддӣ баррасӣ кард ва мубоҳисаҳои оммавӣ баргузор кард. 

Қарабоғи Кӯҳӣ метавонад “Макка”-и дуюми террористони байналмилалӣ шавад

Сарвазир қаблан дар бораи таҳдиди бӯҳрони башардӯстона дар минтақаи низои Қарабоғ ҳушдор дода буд ва илова карда буд, ки эътирофи ҳуқуқи худмуайянкунии ҷумҳурии эътирофнашудаи Қарабоғи Кӯҳӣ барои пешгирии чунин вазъият, мусоидат хоҳад кард.

"Дар мавриди "хатҳои сурх" мо инро хеле возеҳ изҳор кардем ва ҳамраисони Гурӯҳи Минск инро хуб медонанд: дар ҳеҷ сурат тамомияти арзии Озарбойҷон вайрон карда намешавад, ба ҳеҷ ваҷҳ Озарбойҷон ба истиқлолияти Қарабоғи Кӯҳӣ розӣ намешавад", - таъкид намуд Алиев дар ҷараёни мусоҳиба бо мудири кулли АИБ "Россия сегодня" Дмитрий Кеселев.

Ошӯбҳои шадид дар Қарабоғи Кӯҳӣ рӯзи 27 - уми сентябр шурӯъ шуд.

Арманистон ва Озарбойҷон ҳамдигарро дар ташанниҷ шудани вазъ айбдор мекунанд. Дар Қарабоғ бошад, аз тирборон шудани манзилҳои зист ва иншоотҳои дигар хабар дода мешавад. Арманистон нахустин шуда вазъи ҳарбиро эълон кард ва аз дахолати қабеҳи Туркия дар ин масъала таъкид намуд.

Дар Озарбойҷон бошад, вазъияти ҳарбии сартосарӣ эълон нашуд.

Зимнан, рӯзи 9 - уми октябр ба шаҳри Маскав бо даъвати кишвардори Русия Владимир Путин, сарони Вазоратҳои умури хориҷаи Арманистону Озарбойҷон ташриф оварданд.

Дар якҷоягӣ бо ҳамтоёни руси худ, ҳар ду ҷониб тӯли 10 соат гуфтушунидҳо баргузор намуданд. Дар фарҷом, Арманистону Озарбойҷон ба мувофиқа расиданд, ки сар аз 10 - уми октябр оташбас эълон мекунанд. Аммо рӯзи шанбе ҷонибҳо боз ҳамдигарро дар нақзи оташбас муттаҳам карданд.

Низоъ дар Қарабоғ соли 1988, вақте оғоз ёфт, ки Вилояти Мухтори Кӯҳистони Қарабоғ аз тасмими хориҷ шудан аз ҳайати Озарбойҷони шӯравӣ хабар дод. Дар ҷараёни муқовимати мусаллаҳона дар солҳои 1992-1994 Озарбойҷон назорати Карабоғи Кӯҳӣ ва ҳафт минтақаи ҳамсояро аз даст дод. Аз соли 1992 инҷониб гуфтушунидҳо оид ба ҳалли мусолиматомези муноқиша дар доираи Гурӯҳи Минскии САҲА бо роҳбарии се ҳамраис - Русия, Амрико ва Фаронса идома доранд. Озарбойҷон исрор дорад, ки тамомияти арзии худро ҳифз кунад, Арманистон манфиатҳои ҷумҳурии эътирофнашударо ҳимоя мекунад.

699
Барчаспҳо:
Озарбойҷон, Арманистон, Қарабоғи Кӯҳӣ, Илҳом Алиев

Белорус инқилоби рангаро дафн мекунад

368
(Таҷдидшуда 20:30 23.10.2020)
Мухолифони Белорус ба ҳадде бетолеъянд, ки тамоми имконро доранд, то ҳатто дар озмуни "Бетолеъи сол” низ шикаст хӯранд

ДУШАНБЕ, 23 окт - Sputnik. Ирина Алкснис. Алайҳи мухолифини Белорус на танҳо авзои новобаста ба онҳо, балки роҳбарони худӣ кор мекунанд, ки гоҳо ташаббусҳоеро нишон медиҳанд, ки талафоти имиҷию корӣ дар пай доранд.

© Sputnik / Владимир Федоренко

Рӯзи якшанбе муҳлати “ултиматум” ба Александр Лукашенко поён меёбад, ки онро ду ҳафта қабл Светлана Тихановская, роҳбари мухолифини Белорус пешниҳод карда буд. Чун ҳеч нишонаи омодагии мақомоти Белорус барои амалӣ кардани талаботи “раисиҷумҳур Света” ба мушоҳида намерасад, тибқи ваъдаҳояш аз рӯзи душанбе бояд кишварро корпартоии умумӣ, роҳбандиҳо ва коҳиши фурӯш дар мағозаҳои давлатӣ фаро гирад.

Аммо бо гузашти рӯзҳо чунин ранг гирифтани кор торафт ғайривоқеӣ метобад.

Зоҳиран инро дар Шӯрои ҳамоҳангсозии мухолифин низ дарк карданд, ки феълан дар фикранд, чигуна вазъро бозтоб диҳанд.

Яке аз аъзои Шӯро, Павел Латушко гуфт, бо гузашти муҳлати ултиматиум, ки “халқӣ” унвон шуд, онҳо фаъолияташонро бештар хоҳанд кард. Хеле изҳороти мувофиқ, ки ба гунаҳои васеъ метавонад тафсир шавад, аммо амалан уҳдадориеро дар пай надорад.

Суқути эътирозҳои Белорус на танҳо бо омилҳои дохилӣ вобаста аст, гарчанде онҳо бидуни шак нақши асосӣ доранд.  Мухолифони Белорус натавонистанд, ҳукуматро сарнагун созанд ва феномени инқилоби рангаро доғдор намуданд.

Якуним даҳсола пеш ин феномен таҳдиди воқеӣ барои ҳукуматҳо буд ва ҳамзамон илҳомбахши мухолифин дар бисёри кишвар ба шумор мерафт. Инқилобҳои ранга силоҳи пуриқтидоре барои иваз кардани низому ҳокимони номақбул ба шумор мерафтанд.

Аз ҳама муҳим, дар имкони тағйири ҳаёт ба ҳамин восита мардуми бисёр дур аз сиёсат, бовар доштанд.

Чун инқилоби ранга, танҳо табаддулоти давлатӣ нест, балки он бидуни резиши одамони одатан дур аз сиёсат ба кӯчаҳо ва талаби тағйири фаврии ҳукуматдорон бар хилофи қавонини навишта барои ояндаи дурахшон, ғайриимкон мебошад.

Маҳз чунин ҳолат даҳҳо ва садҳо ҳазорро такон дод, то ба майдони Таҳрири Қоҳира дар соли 2011-ум ва Евромайдон дар Киев дар соли 2013-ум бароянд.

Эътирозҳои Белорус низ аз аввал одамони зиёдро фаро мегирифтанд, аммо аз ҳафта ба ҳафта теъдодашон кам шуда истодааст.

Гап танҳо сари хастагии одамон аз бенатиҷа будани иштирокашон дар чорабиниҳо ва шиорҳои “Лукашенко рав” нест. Ҳамзамон дар нуқоти гуногуни ҷаҳон равандҳои дигаре ҷараён гирифта истодаанд, ки шаҳрвандонро водор мекунад, авзои ватанашонро огоҳона баҳо диҳанд.

Қирғизистон ҳаст, ки феълан буҳрони сеюми сиёсӣ дар 15 соли охирро паси сар мекунад, ки ба он барчаспи “инқилоби ранга”-ро нисбат медиҳанд. Бештар аз Қирғизистон барои бадномсозии ин зуҳурот кам касон кор кардаанд, чун натиҷаи ин ҳама табаддулоти давлатӣ, тавассути бетартибию беқонуниятиҳо, инчунин адами тағйирот сӯи зиндагии беҳтар барои қирғизҳо мебошад.

Дар Арманистон, ки дар пасманзари афзоши нобовариҳо дар мавриди майдонҳо соли 2018 инқилоби махмалӣ сар зад, ки намунаи ибрат маҳсуб меёфт. Халқи хеста ба хотири демократия, ояндаи аврупоӣ ва мубориза бо фасод ҳукумати вақтро барканор карда, сари қудрат нафареро овард, ки ба ӯ бовар дошт. Роҳбари нав дар солҳои аввал то ҷое муваффақиятҳо ҳам дошт, ё ҳадди ақал чун Қирғизистон ва Украина пайомадҳои фоҷиавӣ надошт, ки он ҳам ҳозир дастовар маҳсуб меёбад.

Аммо чӣ суд аз интихоби аврупоии мардум, пирӯзӣ бар фасодкорон аз ҳукумати пешин ва роҳбари демократӣ, вақте Арманистон дубора дар маркази мухолифати хунини дерина қарор гирифт?

Дар баробари ин ҳатто барои одами дур аз сиёсат маълум аст, ки Озарбойҷон аз такупӯҳои демократии кишвари ҳамсоя ба манфиати худ истифода кард, ки натиҷааш ҳоло дар Қарабоғи куҳӣ ба мушоҳида мерасад.

Истилоҳи “инқилоби ранга” ба фикре водор мекунад, ки гӯиё ҷаҳон макони офтобӣ, аҷоибот ва дӯстист, ки одамон дар он барои якдигар бародаранд, танҳо зарур аст, одамони алоҳидаи зараррасон дар садри ҳукуматро барканор карду кишвар ба макони тараққикарда табдил меёбад.  

Қирғизистону Арманистон барои ҷомеаи белорус ёддошти аёниянд, ки чунин тасаввур фиреби назар буда, ҳеч рабте ба воқеият,  дар муносиботи сиёсии дохилию берунӣ надорад.

 Ҷои тааҷҷуб нест, ки эътирозҳои Белорус мунтазам ба суқути ногузирашон наздиктар шуда истодаанд. Бо ҳамин ҷумҳурӣ охирин мех дар тобути мифи ҷаҳонӣ дар бораи инқилобҳои рангаро хоҳад кӯфт.

368
Барчаспҳо:
эътироз, инқилобҳои ранга, Белорус
Монумент Независимости Туркменистана в Ашхабаде, архивное фото

Мулоқоти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ бо сабаби COVID-19 ба соли 2021 мавқуф гузошта шуд

82
(Таҷдидшуда 17:48 23.10.2020)
Қаблан дар назар буд, ки сеюмин дидори машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки қаблан моҳи август дар Бишкек ба нақша гирифта шуда буд, бинобар пандемияи коронавируси COVID-19 ба тирамоҳ мавқуф гузошта шуд

ДУШАНБЕ, 23 окт - Sputnik. Ҷаласаи сеюми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки қаблан дар Қирғизистон ба нақша гирифта шуда буд, бинобар пандемияи коронавирус ба соли 2021 мавқуф гузошта шуд, гуфт вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов.

Ба гуфтаи ӯ, ин мулоқот эҳтимолан дар Туркманистон баргузор хоҳад шуд.

"Мутаассифона, бинобар ҳолатҳои марбут ба коронавирус ва номуайянии давомдор дар бораи замони рафъи ин пандемия, дар гумон аст, ки то охири соли равон ҷаласаи сеюми машваратӣ баргузор карда шавад",- гуфт Комилов.

Комилов гуфт, ки Туркманистон пешниҳод кардааст, ки мулоқоти сеюм дар соли 2021 дар ин кишвар  баргузор шавад.

"Мо, ки ҳамраиси шӯрои машваратӣ ҳастем, ин пешниҳоди Туркманистонро комилан дастгирӣ мекунем ва умедворем, ки нишасти навбатии машваратии Осиёи Марказиро бо як барномаи васеъ ва пурмазмун баргузор мекунем", -  гуфт ӯ.

Ӯ гуфтааст, ки пас аз нишаст дар Туркманистон, бозгаштан ба пешниҳоди Қирғизистон дар бораи ташкили нишасти машваратӣ дар Бишкек имконпазир хоҳад буд.

"Ин маънои онро надорад, ки кишварҳои минтақа дар роҳи банақшагирифташудаи ҳамкориҳои минтақавӣ суст шудаанд", - илова кард Комилов.

Ба гуфтаи ӯ, ҳамкориҳои бисёрҷониба барои ҳамаи панҷ давлати Осиёи Марказӣ афзалиятнок аст.

82
Барчаспҳо:
Осиёи Марказӣ, вохӯрии сарони кишварҳо, мулоқот, дидор
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Национальный банк Таджикистана

Бонки миллӣ иҷоза дод: дар Тоҷикистон боз як бонк ба кор шурӯъ мекунад

0
аблан Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дастури таъмини манобеи молӣ аз ҳисоби буҷети ҳукумат барои фаъолияти “Саноатсодиротбонк”-ро дода буд

ДУШАНБЕ, 24 октябр - Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон муҷаввизи таъсиси бонки ҷадидеро ба номи"Саноатсодиротбонк" содир кард.

Тавре вебгоҳи Бонки миллӣ менависад, ҳадаф аз таъсиси ин бонк, ҳимоят аз фаъолияти бахши хусӯсӣ, тиҷорати хурд, тавлидкунандагон ва содиркунандагони маҳсӯлот эълом шудааст.

Қаблан Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дастури таъмини манобеи молӣ аз ҳисоби буҷети ҳукумат барои фаъолияти “Саноатсодиротбонк”-ро дода буд.

Бонки ҷадид бояд барои фаъолиятҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ дар дохили Тоҷикистон ва кумак ба содироти маҳсӯлот ба хориҷ аз ин кишвар, эътибороти молии мавриди ниёзро дар ихтиёри фаъолони бахши хусусӣ қарор диҳад.

Дар Тоҷикистон 18 бонки тиҷорӣ ва танҳо як бонки давлатии мавсӯм ба “Амонатбонк” фаъолият мекунад.

Аммо теъдоде аз ин бонкҳо аз ҷумла “Содирот” ва “Сармоягузории кишоварзӣ” дар остонаи варшикастагӣ қарор гирифтаанд.

0