Абдулла Абдулла со сторонниками, на церемонии приведения к присяге на пост президента Афганистана в Кабуле

Абдуллоҳ Абдуллоҳ ба Теҳрон сафар кард

154
(Таҷдидшуда 16:31 18.10.2020)
Раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон пеш аз ин сафар ҳам ба Ҳинд ва Покистон сафар карда буд

ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон субҳи имрӯз якшанбе дар садри ҳайате озими Ҷумҳурии Исломии Эрон шуд.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ қарор аст дар ин сафар бо раисиҷумур, вазири умури хориҷа, раиси маҷлис ва дабири Шӯрои амнияти миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон дидор ва дар бораи охрин таҳаввулоти Афғонистон, раванди музокироти сулҳ ва зарурати иҷмоъ ва ҳимояти минтақаӣ аз ин раванд гуфтугӯ кунад.

Раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон пеш аз ин ҳам ба Ҳинд ва Покистон сафар карда буд.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ бозгашти “низоми иморати Толибон”- ба Афғонистонро рад кард

Музокироти сулҳ миёни давлати Афғонистон ва Толибон дар Қатар аз ҳудуди як моҳи пеш оғоз шуда ва то кунун ҳеч дастоварде надошта ва ҳамин мавзӯ боиси нигаронии мардум шудааст.

Огоҳони сиёсии Афғонистон бар ин боваранд, ки нақши Ҷумҳурии Исломии Эрон дар раванди сулҳи Афғонистон роҳгушо аст ва Эрон метавонад дар сулҳ ва таъмини суботи пойдори Афғонистон нақши таъйинкунанда дошта бошад.

154

Моҷарои Олимпиада - Навалний: ИМА ва Бритониё пурарзиштаринро наҷот медиҳанд

111
(Таҷдидшуда 17:29 21.10.2020)
Сиёсати шадиди Вашингтон алайҳи RT ва TikTok-и тавлиди Чин шаҳодати он аст, ки онҳо аҳамияти чунин сохторҳоро дуруст дарк мекунанд

ДУШАНБЕ, 21 окт - Sputnik. Ирина Алкснис. Иттиҳомоти нави ИМА ва Бритониёи Кабир алайҳи Русия дар мавриди ҳамлаҳои киберӣ ба бозиҳои олимпиадии Кореяи ҷанубӣ ва Ҷопон дар худи Русия то ҷое ҳайратзадагӣ дар пай доштанд.

Сабаби ҳайрат маълум аст: иттиҳомоти навбатӣ дар мавриди ҷинояти Маскав алайҳи ҷаҳону варзиш бемаънӣ ба назар мерасанд - ҳам барои роҳандозии барномаи зиддирусиягӣ ва ҳам чун чораҳо барои “ҷазо”-и Русия.

Аз як тараф маъракаи расонаии русбезорӣ дар Ғарб бе ин ҳам хеле хуб дар ҷараён аст. Боз қазияи рухдода бо Алексей Навалний то охир коркард нашудааст. Зоҳиран ҳеч зарурате нест, то дурӯғи дигаре пеш гузошта шавад, махсусан дар сатҳи баланди вазирони умуми хориҷӣ ва хадамоти махсуси калидӣ.

Аз ҷониби дигар таҷрибаи пешин, аз ҷумла ҳодисаи блогери рус нишон медиҳад, ки набояд ба умеди чораҳои воқеан ҷиддию осебрасон алайҳи Маскав шуд. Дар зимн ҳамовозии Вашингтон ва Лондон шаҳодати ҳадафҳои муштараканд, ки ин ду пойтахт пайгирӣ доранд.

Мушахассан гап сари чист?

Ҷавобро метавон дар вокуниши Токио ва Сеул ба ин иттиҳомот ҷуст. Ҳукумати Ҷопон аз шарҳ худдорӣ карда, танаффус хост, то “маълумоти дахлдор”-ро ҷамъ орад. Мақомоти Кореяи Ҷанубӣ низ хомӯширо ихтиёр карданд.

Бармеояд, мақомоти расмӣ ва хадамоти махсуси ҳарду кишвар, ки иттифоқчии калидии Ғарб мебошанд, пешакӣ дар бораи амалиёти амрикоӣ – бритониёӣ огоҳ нашуда буданд ва акнун маҷбуранд ҳадалимкон мавқеи эҳтиёткоронаро гиранд. Тавре Кумитаи олимпии Ҷопон  гуфт, ҳеч таъсири ҳамлаҳои хакериро дар фаъолияташ эҳсос накардааст.

Ба эҳтимоли зиёд ҳадафи асосии маъракаи ҷадиди зиддирусӣ на Русия аст, балки ҷаҳони боқӣ, дар навбати аввал худи Ғарб мебошад. Русбезорӣ дар ин ҷо чун василаи одию роҳат аст, на ҳадаф.

Сулҳҷӯи зӯргӯй: Трамп мехоҳад, сарбозони амрикоиро ба хона орад - YouTube
Ruptly / Sputnik / dvids / FoX News / us department of defense / twitter.com/realDonaldTrump

Пешсафии иттилоотӣ-ташвиқотӣ як ҷузъи муҳими пешгомии ИМА мебошад. Бритониё чун ҷуфти анъанавии ИМА мебошад. Дар бораи наздикии хоси ин ду кишварҳо дар умури сиёсат ва хадамоти махсус дер боз ва хеле хуб маълум аст.

Таназзули мантазами абарқудратии ИМА ва заифшавии таъсири пасипардагии Иттиҳоди Шоҳигарӣ дар саҳнаи ҷаҳонӣ дар солҳои охир ба як воқеият мубаддал шудаанд. Аммо ин равандҳо ҳамзамон ба механизмҳои умури иқтисодӣ, бюрократӣ ва сиёсӣ таъсир доранд.  

Дар баробари ин ҳастанд бахшҳое, ки пешсафии ин ду абарқудрат бебаҳс аст. Ҳамон тавре пешгомии артиши ИМА дар НАТО дақиқ аст, ҳамон тавр ягон расонаи минтақавӣ наметавонад аз нигоҳи нуфуз бо Times-и Бритониё ва ё CNN-и Амрико рақобат кунад. Ин ҳам дар ҳоле, ки маркази идораи ду дастгоҳи муҳими таъсир ба афкори умум, чун Twitter ва Facebook дар он тарафи уқёнус қарор дорад.

Сиёсати шадиди Вашингтон алайҳи RT  ва TikTok-и тавлиди Чин шаҳодати он аст, ки онҳо аҳамияти чунин сохторҳоро дуруст дарк мекунанд. Бо он, ки рақибони геополитикӣ аллакай расонаҳои таъсиррасони худро доранд, ИМА аллакай одат кард ва феълан танҳо чораандешӣ доранд, то аз нуфузашон дар қаламрави худ ҷилавгирӣ намояд.

Нисбатан ҳассостар барои ҷуфти ташвиқотию хадамоти махсуси амрикоӣ-бритониёӣ пайдо шудани рақиб дар дохили худи Ғарб мебошад. Ва маҳз чунин кор рух дода истодааст ва парвандаи Навалний далели равандҳои барояшон бисёр нохушоянд шуд. Аз Русия қазияи блогер метавонад давоми маъракаҳои дигар ба назар намояд, аммо он фарқкунанда аст, чун пурра маҳсули эҷоди Берлин мебошад.

Олмон аз барномаи русбезориро аз “шарикони калонтараш” гирифта, дар бозии хоси худаш кор бурд.

Олмониҳо Навалнийро назорат мекунанд. Ҳар чизеро мегӯяд, ки барояшон зарур аст. Аз ҳимояи “Маҷрои шимол-2” то гила аз амрикоиҳо, ки ҷонибдории махсус аз ӯро баён накардаанд.

Манбаи асосии ахбор тайи чанд рӯз расонаҳои олмонӣ буданд ва расонаҳои англисзабон маҷбур буданд, аз онҳо иқтибос оранду бознашр намоянд.

Дар ин зовия қиссаҳо дар бораи хакерҳои русӣ аз раёсати иктишофӣ, ки ба ҳамла ба Олимпиада машғуланд, маънои нав касб мекунад. Амалан бо кумаки ин хабар амрикоиҳо ва бритониёиҳо талош доранд, аз барномаҳои хабарӣ мавзӯи Навалнийро канор гузоранд, чун он лоиҳаи рақибонашон мебошад.

Барои Вашингтону Лондон муҳим аст, ки идораи фазои хабарӣ-сиёсии расонаҳоро пурра баргардонанд, ки чанд рӯз ба дасти Аврупо бо роҳбарии Олмон гузашта буд.

Барои амалӣ кардани  ин иқдом беҳтар аз ҷойгузин кардани як хабари зиддирусиягӣ бо хабари дигари зиддирусиягӣ чизи дигареро эҷод карда натавонистанд.

Дар ин қазия ҳарду ҷониб ҳам аз изҳороти зиддирусиягӣ кор мегиранд, аммо дар маҷмӯъ танишҳои онҳо ба суди Русия мебошад, чун мухолифатҳоро дар Ғарб зиёд карда, боиси таназзули минбаъдааш мешавад.

Ин ки Олмон тавонист, бигузор барои муддати начандон тӯлонӣ назорати фазои хабарӣ – сиёсиро ба даст гирад, набояд чун истисно қабул кард, балки чун нахустин қадам донист. ИМА ва Бритониёи Кабир бояд мунтазам омода шаванд, ки пешсафияшонро дар умури расонаҳо аз даст медиҳанд, чун феълан бо онҳо на танҳо рақибони сиёсӣ, балки иттифоқчиёни наздикашон сабқат мекунанд.

111
Барчаспҳо:
Аврупо, ИМА, Русия
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

Раҳмонро кишвардорони Ветнаму Сербия шодбош гуфтанд

141
(Таҷдидшуда 19:14 20.10.2020)
Номаҳои шодбошӣ унвонии раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ҳамтоёни ӯ ва роҳбарони созмону ташкилотҳои хориҷӣ, дар робита ба дигарбора такя задани ӯ ба курсии раёсатҷумҳурӣ, идома дорад

ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Президентони Сербия ва Ветнам Александр Вичуч ва Нгуен Фу Чонг унвонии раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон номаи тарикотӣ ирсол намуданд, хабар медиҳад котиботи президент.

Ба иттилои манбаъ, ҳамтоёни Эмомалӣ Раҳмон ӯро бинобар дигарбора роҳбари тоҷикони дунё интихоб шудан, табрику муборакбодӣ намуданд.

Александр Вичуч дар номаи шодбошии худ Эмомалӣ Раҳмонро самимона табрик намуда, изҳори умедворӣ намуд, ки муносиботи дӯстона ва ҳамкории байни Сербияву Тоҷикистон дар тамоми соҳаҳои барои ҷонибҳо судовар, равнақ меёбад.

Далелҳои камёфт дар бораи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Гузашта аз ин, Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам низ дар номаи худ пас аз муборакбодӣ кардан изҳори боварӣ намудааст, ки Тоҷикистон зери роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон низ ба муваффақиятҳои зиёде ноил мегардад.  Ҷаноби Нгуен Фу Чонг афзудааст, ки дӯстии анъанавию ҳамкории байни Ветнаму Тоҷикистон дар ҳамаи ҷанбаҳо беш аз пеш рушд хоҳад ёфт.

Манбаъ меафзояд, воридшавии номаҳои табрикотӣ ба унвони раисҷумҳури Тоҷикистон идома дорад.

141
Барчаспҳо:
шодбошӣ, нома, Эмомалӣ Раҳмон
Мавзуҳо:
Интихоботи президентӣ - 2020
ДТП в Санкт-Петербурге, на проспекте Косыгина

Боз садама дар тӯй: мошин бо домоди тоҷику арӯсаш ба истгоҳ бархӯрда, чаппа шуд

868
(Таҷдидшуда 21:25 21.10.2020)
Мошини Hyundai, ки ҳомили домоди тоҷику арӯсаш будааст, дар рӯзи тӯй дар шаҳри Санкт-Петербург дар истгоҳ чаппа шудааст

ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Дар шаҳри Санкт-Петербург мошин аз қатори тӯёна дучори садама шуд, хабар медиҳад Сарраёсати ҳолатҳои фавқулодда.

Сонеҳаи нақлиётӣ тақрибан соати 15 дар хиёбони Косигин рух додааст. Тавре маълум шудаст, дар мошин домод аз Тоҷикистон ва арӯсаш аз Русия қарор доштаанд, ки дар роҳ ба идораи сабти издивоҷ қарор доштаанд.

Дар бораи тафсилоти садама ба “Фонтанка” ронанд ва дӯсти домод, Мӯъминҷон нақл кардааст.

“Мошини “Лексус” ранги сурхи чароғакро сарфи назар карда, ба пушти мошини мо бархӯрд. Дар натиҷа мошини мо “Ҷип”-ро харошида, чаппа гардид", - хабар додааст “Фонтанка” аз қавли дӯсти домод.

Ӯ афзудааст, ки хушбахтона дар ин ҳодиса касе осеби ҷиддӣ надид, аммо ҷуфти ҷавон натавонист ба идораи САҲШ расад.

Манбаъ таъкид кардааст, ки феълан таҳқиқи ҳодисаи мазкур аз ҷониби нозирони роҳ идома дорад.

868
Барчаспҳо:
садама, Русия