Дебаты Дональда Трампа и Джо Байдена

Кадом кишвардори Амрико ба Русия муфидтар аст?

207
(Таҷдидшуда 19:20 02.11.2020)
Русия аз натоиҷи интихоботи қарибулвуқӯъ дар Амрико чӣ манфиате метавонад ба даст орад. Зеро, новобаста аз он ки, кадом номзад ба курсии раёсатҷумҳурӣ такя мезанад, дар муносибати ин ду давлат тағйироте рух намедиҳад

ДУШАНБЕ, 2 окт – Sputnik. Петр Акопов. Нофаҳмиҳо дар худи ИМА новобаста аз пирӯзӣ ва мағлубияти Трамп афзоиш хоҳад ёфт. Дар мадди аввал чунин ба назар мерасад, ки барои Русия ҳеҷ фарқе надорад, ки барои чол соли оянда кӣ ин давлатро роҳбарӣ мекунад.

Аммо чунин бетавофутӣ дар Русия дар қиболи интихоботи раёсатҷумҳурӣ куллан нодуруст аст.

Иёлоти Муттаҳида ба давраи бӯҳрони системавӣ ворид шуд - ва ин ҳам бӯҳрони дохилии он ҳамчун давлати умумиҷаҳонӣ ва ҳам бӯҳрони тартиботи ҷаҳонии дар атрофи он сохташуда, модели атлантикии ҷаҳонишавӣ мебошад. Вақт ва суръати афзоиши ин равандҳоро пешгӯӣ кардан ғайриимкон аст, аммо бешубҳа, онҳо бо ҳам алоқаманданд ва ҳамдигарро ғизо медиҳанд. Аз ин рӯ, Русия наметавонад ба вазъи худи Иёлоти Муттаҳида бетафовут бошад, зеро дар ниҳоят, рафтори онҳо дар арсаи ҷаҳонӣ аз ин вобаста аст.

Дар шикасти Байден намешавад русҳоро гунаҳкор кард

Гузашта аз ин, дар ин ҷо ягон робитаи оддӣ вуҷуд надорад. Барои мо албатта муфидтар он аст, ки иёлот ғарқи нооромиҳо бошад, зеро дар ин сурат ин кишвар барои фаъолияти беруна қувва ва имкониятҳои маҳдудтар хоҳад дошт. 

Ҳоло, албатта, вазъ дигар аст, новобаста аз афзоиши мушкилоти дохилӣ дар Иёлоти Муттаҳида, ин давлат ҳамоно аз баландиҳои геополитикӣ босуръат хуруҷ намешавад.

Амрико ақибнишиниро идома медиҳад - аммо барои мо муҳим аст, ки он дорои хусусияти муташаккилона ва пурмазмун гардад. Зеро дар ин ҳолат имкони амалҳои бетартибона, исрофкорона аз силсилаи "Вашингтон имрӯз мағлуб мешавад ва фардо ба ҳамлаи контролӣ гузашта, тасодуфан ҷанги ҳастаиро оғоз мекунад", -  камтар аст.

Барои Русия муфидтар он аст, ки Амрико бештар саргарми мушкилоти худ бошад. Аммо мушкили асосӣ, эҳтимолан танҳо пас аз мағлуб шудани Трамп ба амал оянд. Гузашта аз ин, агар президенти амалкунанда ба бохт рӯбарӯ шавад, ихтилоф ҳамон андоза бештар мешавад, зеро ҷонибдорони ӯ ба ҳеҷ ваҷҳ ғалабаи Байденро қабул намекунанд.

Дар натиҷа, Амрико ба ду ихтилоф тақсим мешавад, агар Трамп аз теъдоди зиёди ҷонибдорон бархӯрдор бошад, Байден ин гуна дастгириҳоро надорад. Ба ҳамин хотир, мағлубияти Трамп Амрикоро бештар ба нооромии дохилӣ мувоҷеҳ мекунад. Ба Русия бошад, маъмурияти Байден қарин ва муфидтар аст.

Нақшаи маккоронаи Кремл: нобуд кардани Амрико барои наҷоти Трамп

Байден ҷангҳои нав ва таҳримҳои тозаро ҷорӣ намекунад. Вай танҳо ба татбиқи сиёсати пешинаи Амрико бармегардад, ба он чизе, ки қисми глобалистии элита мехоҳад: Амрико бояд мардумро чаронад ва сохтмони лоиҳаи ҷаҳонии Атлантикро идома диҳад - пас чӣ мешавад, агар он ноком шавад, аммо онҳо чунин фикр намекунанд ва мутмаинанд, ки ҳанӯз ислоҳ ва захира кардан мумкин аст.

Дар ҳамин пасманзар, барои ҷаҳон дигарбора интихоб шудани Трамп муфидтар аст. Агар пас аз пирӯзӣ, Трамп тавонад ҳамлаҳоро дафъ кунад ва қудратро нигоҳ дорад, дар ин сурат давраи дуввуми ӯ назар ба давраи аввал равшантар хоҳад буд. Ҳатто бидуни ба даст овардани назорати Конгресс, он сиёсати мустақилонатарро пеш хоҳад гирифт,  ҳам дар муносибатҳои дуҷониба бо кишварҳои мухталиф ва ҳам дар маҷмӯъ дар арсаи байналмилалӣ. Мисли пештара, ӯ фишор хоҳад овард, хариду фурӯш мекунад ва нархҳоро баланд мебардорад - аммо ӯ бештар гуфтушунид хоҳад кард.

Чаро Иттиҳоди Аврупо таҳримҳои алайҳи Белорусияро манъ кард?

Ва муҳимтар аз ҳама, интихоби дубораи Трамп на танҳо умедҳои атлантистонро зери хок мекунад, балки собит мекунад, ки ҳама чизро ба осонӣ бозидан мумкин аст. Ин рӯҳияи муттаҳидон ва моҳвораҳои амрикоиро дар саросари ҷаҳон тағйир медиҳад. Амрико дигар ҳеҷ гоҳ мисли пештара нахоҳад буд, аз ин рӯ лозим аст, ҳам бо ин кишвар ва ҳам бо давлатҳои дигари ҷаҳон низоми нави равобитро ба роҳ монд.

207
Барчаспҳо:
президентӣ, интихобот, Русия, Амрико
Президент Азербайджана Ильхам Алиев

Алиев гуфт, ки кӯшиши вайрон кардани созишномаи Қарабоғ вуҷуд дорад

285
(Таҷдидшуда 14:35 01.12.2020)
Сарфи назар аз он, ки режими оташбас дар Қарабоғи Кӯҳӣ ба таври умум риоя карда мешавад, кӯшишҳо барои вайрон кардани созишномаи сеҷонибаи минтақа байни Русия, Озарбойҷон ва Арманистон вуҷуд доранд

ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Ин нуктаро Илҳом Алиев зимни паёмаш ба мардуми озарбойҷон изҳор доштааст, хабар медиҳад РИА Новости.

“Агар касе мехоҳад созишномаи 10 ноябр имзошударо вайрон кунад, мо ҷавоби қатъӣ медиҳем. Чунин кӯшишҳо ҳастанд ва онҳо як ҳадаф доранд - созишномаро вайрон кардан, зеро барои баъзеҳо ин хеле нороҳаткунанда аст. Аммо ҳеҷ кас ба кори мо дахолат карда наметавонад, созишнома бояд иҷро шавад”, - гуфтааст Алиев.

Сулҳ дар Қаробоғи Кӯҳӣ: кӣ барои чӣ меҷангид?

Ҳамзамон раҳбари Озарбойҷон гуфтааст, дар умум созишномаи оташбас риоя мешавад.

Қаблан маълум буд, ки минтақаи Лочин таҳти назорати Боку гузаштааст - сеяки охирин, ки дар санади сулҳ номбар шуда буд.

Артиши Русия дар Степанакерт бемористон таъсис дод

Рӯзи 10 ноябр сарони Русия, Озарбойҷон ва Арманистон дар бораи қатъи комили ҷанг дар Қарабоғ созишнома имзо карданд. Арманистон ваъда дод, ки минтақаҳои Келбаҷар, Лочин ва Агдамро ба озарбойҷониҳо бармегардонад.

Тарафҳо бояд маҳбусон ва ҷасади мурдагонро иваз кунанд. Дар минтақа нерӯҳои посдори сулҳи Русия мустақаранд ва маркази назоратии Русияву Туркия таъсис дода мешавад.

Дар Боку ин созишнома таслимшавии Ереван ном дошт. Президент Илҳом Алиев таъкид кард, ки ин санад аз ҳама бештар барои Озарбойҷон муфид аст: ҳоло, ба гуфтаи ӯ, марҳилаи низомӣ ба анҷом расидааст ва гузаштан ба масъалаҳои сиёсӣ имконпазир аст.

Сулҳбонони рус роҳҳоро дар Қарабоғ барқарор мекунанд - навор

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян эътироф кард, ки қарори сулҳ ба ӯ сахт вазнин буд, аммо ин ба ӯ имкон дод, ки он чизеро, ки Қарабоғ гум мекард, наҷот диҳад.

Садои тирпаррониро намешунавем: роҳбари сулҳҷӯён дар бораи вазъ дар Қаробоғи Кӯҳӣ

Пас аз он, дар Ереван тазоҳурот бо талаби истеъфои сарвари ҳукумат оғоз ёфт.

285
Барчаспҳо:
оташбас, созиш, Арманистон, Озарбойҷон, Русия
Онлайн-встреча с Парламентским заместителем государственного секретаря Великобритании

Тоҷикистону Бритониё якҷо бар зидди COVID - 19 мубориза мебаранд

74
(Таҷдидшуда 13:52 01.12.2020)
Намояндагони Тоҷикистону Бритониёи Кабир муборизаи муштарак бар зидди ҳамагирии коронавирус ва паёмадҳои тағйирёбии иқлимро баррасӣ карданд

ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Муовини вазири корҳои хориҷӣ Музаффар Ҳусейнзода бо муовини парлумонии котиби давлатии Подшоҳии Бритониёи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ хонум Венди Мортон тариқи видео суҳбат кардааст.

Дар ин бора вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Урупо фили амрикоиро монда мӯрчаи белорусиро қапид

Бино ба гузориши манбаъ, ҷонибҳо ба рушди робитаҳои дуҷониба дар масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ изҳори ҳавасмандӣ кардаанд.

"Дар суҳбат масъалаҳои муборизаи муштарак бо ҳамагирии COVID-19 ва коҳиши паёмадҳои тағйирёбии иқлим мавриди баррасӣ қарор гирифтанд", - омадааст дар хабарнома.

Олимони бритонӣ се нишонаи нави коронавирусро ном бурданд

Манбаъ афзуда, ки ҳамсуҳбатон аҳамияти тавсеаи ҳамкориҳо дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва ниҳодҳои молиявиро таъкид карданд.

74
Барчаспҳо:
муовини вазир, суҳбат, суҳбат, Бритониёи Кабир, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Владимир Путин аз нақши махсуси Тоҷикистон зикр кард - видео

0
(Таҷдидшуда 19:58 02.12.2020)
Русия ҳамроҳ бо Тоҷикистон ҷилавгирӣ аз вуруди террористон ва маводи мухаддир аз кишварҳои ҳамсояро идома хоҳад дод

Владимир Путин, расиҷумҳури Русия, зимни ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД аз нақши махсуси Тоҷикистон зикр кард.

“Мехоҳам нақши махсуси Тоҷикистонро дар ҷилавгирӣ аз таҳдидҳое, ки аз кишварҳои ҳамсоя меоянд, зикр намоям, албатта, ман воридшавии маводи мухаддир ва террористонро дар назар дорам. Дар ин самт Тоҷикистон корҳои азими мусбат анҷом дода истодааст, ин корро дар якҷоягӣ бо шумо идома медиҳем, аз ҷумла, бо истифода аз имконияти худ бо сохтори низомии Русия, ки дар қаламрави Тоҷикистон ҷойгир аст”, — изҳор дошт Путин.

Раисҷумҳури Русия афзуд, ки Тоҷикистон дар самти ҷилавгирӣ аз гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва терроризм кори азими мусбатро анҷом медиҳад.

Владимир Путин қайд кард, ки Русия минбаъд низ Тоҷикистонро дар масъалаҳои амният дастгирӣ хоҳад кард, аз ҷумла, бо истифода аз имконоти сохтори низомии Русия кумак хоҳад кард.

Имрӯз таҳти раёсати Президенти Русия Владимир Путин дар шакли видеоконфронс ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ баргузор шуд.

Дар ҷаласа масъалаҳои ҳамкории иттифоқӣ дар доираи созмон, афзоиши минбаъдаи самаранокии СААД, мушкилоти мубрами амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардиданд.

Дар ҷаласа Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Сарвазири Арманистон Никол Пашинян, Президенти Беларус Александр Лукашенко, Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев ва иҷрокунандаи вазифаи Президенти Қирғизистон Талант Мамитов ширкат варзиданд.

0
Барчаспҳо:
Эмомалӣ Раҳмон, Владимир Путин, нақша, террористон, ҳамсоя, ҷилавгирӣ, Русия, Тоҷикистон