Кандидат в президенты от Демократической партии, бывший вице-президент Джо Байден

Ҷо Байден пешсаф аст, аммо ҳолдонҳо пирӯз шудани Доналд Трампро пешгӯӣ мекунанд

424
(Таҷдидшуда 14:11 04.11.2020)
Дар Амрико миёни Ҷо Байден ва Доналд Трамп барои ба даст овардани курсии раёсатҷумҳурӣ муборизаи шадид идома дорад

ДУШАНБЕ, 4 ноя — Sputnik. Феълан номзад аз Ҳизби демократии Амрико Ҷо Байден дар инихоботи раёсатҷумҳурӣ пешсаф аст.

Бар тибқи маълумоти расмӣ, то соати 9:50 дақиқаи рӯзи 4 ноябр (ба вақти Душанбе), Байден 223 орои интихобкунандагонро соҳиб шуд. Номзад аз Ҳизби демократии Амрикоро, 58 миллион интихобкунанда дастгирӣ намудааст.

Зимнан, кишвардори феълӣ Доналд Трамп, ки аз ҷониби Ҳизби ҷумҳурихоҳ пешбарӣ шудааст, то имрӯз 204 раъйи мардумро соҳиб шуд. Ба ҷонибдорӣ аз ӯ 57 миллион интихобкунанда овоз додаанд.

Чаро Амрико натавонист Боку ва Ереванро оштӣ кунад

Барои ба даст овардани курсии раёсатҷумҳурӣ, номзад бояд 270 раъйи интихокунандаро соҳиб шавад.

Ҳолдонҳо мегӯянд, шонси Байден торафт коҳиш ёфта истодааст. Ба изҳори онҳо, номзади демократҳо агар дар чанд штат пирӯзӣ ба даст орад, дар иёлатҳои Миниссот, Айов, Аризон, Ню-Мексика ва Невада ба ҳеҷ ваҷҳ дастболо намешавад.

Трамп бошад дар Техас аллакай пирӯз шудааст. Гузашта аз ин, дар Флорида ва Огайо низ пешсаф буда, интихобкунандаҳо аз штатҳои Ҷорҷӣ, Королинаи Шимолӣ, Миниссот ва Винсоконсин низ номзадии ӯро дастгирӣ мекунанд.

Ҳамин тариқ, ҳолдонҳо пешгӯӣ мекунанд, ки Доналд Трамп дасти кам 280 орои мардумро касб мекунад ва дигарбора ба курсии раёсатҷумҳурии Амрико такя мезанад.

424
Барчаспҳо:
Доналд Трамп, Интихоботи президентӣ, Амрико
Президент Азербайджана Ильхам Алиев

Алиев гуфт, ки кӯшиши вайрон кардани созишномаи Қарабоғ вуҷуд дорад

291
(Таҷдидшуда 14:35 01.12.2020)
Сарфи назар аз он, ки режими оташбас дар Қарабоғи Кӯҳӣ ба таври умум риоя карда мешавад, кӯшишҳо барои вайрон кардани созишномаи сеҷонибаи минтақа байни Русия, Озарбойҷон ва Арманистон вуҷуд доранд

ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Ин нуктаро Илҳом Алиев зимни паёмаш ба мардуми озарбойҷон изҳор доштааст, хабар медиҳад РИА Новости.

“Агар касе мехоҳад созишномаи 10 ноябр имзошударо вайрон кунад, мо ҷавоби қатъӣ медиҳем. Чунин кӯшишҳо ҳастанд ва онҳо як ҳадаф доранд - созишномаро вайрон кардан, зеро барои баъзеҳо ин хеле нороҳаткунанда аст. Аммо ҳеҷ кас ба кори мо дахолат карда наметавонад, созишнома бояд иҷро шавад”, - гуфтааст Алиев.

Сулҳ дар Қаробоғи Кӯҳӣ: кӣ барои чӣ меҷангид?

Ҳамзамон раҳбари Озарбойҷон гуфтааст, дар умум созишномаи оташбас риоя мешавад.

Қаблан маълум буд, ки минтақаи Лочин таҳти назорати Боку гузаштааст - сеяки охирин, ки дар санади сулҳ номбар шуда буд.

Артиши Русия дар Степанакерт бемористон таъсис дод

Рӯзи 10 ноябр сарони Русия, Озарбойҷон ва Арманистон дар бораи қатъи комили ҷанг дар Қарабоғ созишнома имзо карданд. Арманистон ваъда дод, ки минтақаҳои Келбаҷар, Лочин ва Агдамро ба озарбойҷониҳо бармегардонад.

Тарафҳо бояд маҳбусон ва ҷасади мурдагонро иваз кунанд. Дар минтақа нерӯҳои посдори сулҳи Русия мустақаранд ва маркази назоратии Русияву Туркия таъсис дода мешавад.

Дар Боку ин созишнома таслимшавии Ереван ном дошт. Президент Илҳом Алиев таъкид кард, ки ин санад аз ҳама бештар барои Озарбойҷон муфид аст: ҳоло, ба гуфтаи ӯ, марҳилаи низомӣ ба анҷом расидааст ва гузаштан ба масъалаҳои сиёсӣ имконпазир аст.

Сулҳбонони рус роҳҳоро дар Қарабоғ барқарор мекунанд - навор

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян эътироф кард, ки қарори сулҳ ба ӯ сахт вазнин буд, аммо ин ба ӯ имкон дод, ки он чизеро, ки Қарабоғ гум мекард, наҷот диҳад.

Садои тирпаррониро намешунавем: роҳбари сулҳҷӯён дар бораи вазъ дар Қаробоғи Кӯҳӣ

Пас аз он, дар Ереван тазоҳурот бо талаби истеъфои сарвари ҳукумат оғоз ёфт.

291
Барчаспҳо:
оташбас, созиш, Арманистон, Озарбойҷон, Русия
Онлайн-встреча с Парламентским заместителем государственного секретаря Великобритании

Тоҷикистону Бритониё якҷо бар зидди COVID - 19 мубориза мебаранд

76
(Таҷдидшуда 13:52 01.12.2020)
Намояндагони Тоҷикистону Бритониёи Кабир муборизаи муштарак бар зидди ҳамагирии коронавирус ва паёмадҳои тағйирёбии иқлимро баррасӣ карданд

ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Муовини вазири корҳои хориҷӣ Музаффар Ҳусейнзода бо муовини парлумонии котиби давлатии Подшоҳии Бритониёи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ хонум Венди Мортон тариқи видео суҳбат кардааст.

Дар ин бора вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Урупо фили амрикоиро монда мӯрчаи белорусиро қапид

Бино ба гузориши манбаъ, ҷонибҳо ба рушди робитаҳои дуҷониба дар масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ изҳори ҳавасмандӣ кардаанд.

"Дар суҳбат масъалаҳои муборизаи муштарак бо ҳамагирии COVID-19 ва коҳиши паёмадҳои тағйирёбии иқлим мавриди баррасӣ қарор гирифтанд", - омадааст дар хабарнома.

Олимони бритонӣ се нишонаи нави коронавирусро ном бурданд

Манбаъ афзуда, ки ҳамсуҳбатон аҳамияти тавсеаи ҳамкориҳо дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва ниҳодҳои молиявиро таъкид карданд.

76
Барчаспҳо:
муовини вазир, суҳбат, суҳбат, Бритониёи Кабир, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Сохтмони роҳ, акс аз бойгонӣ

Оғози сохтмони роҳи дорои 8 хати ҳаракат дар Душанбе бо пули Ҳинд

0
(Таҷдидшуда 14:55 03.12.2020)
Шаҳрдории Душанбе аз оғози сохтмони роҳи автомобилгард аз Дарвозаи Ғарбӣ то маҳаллаи Чортут расман оғоз бахшида шуд

ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Ба иттилои шаҳрдорӣ, роҳи автомобилгард аз Дарвозаи Ғарбӣ то маҳаллаи Чортут тибқи нақша дар се марҳила бунёд мешавад.

“Марҳилаи аввал аз Дарвозаи Ғарбӣ то роҳи автомобилгарди Айнӣ, бо дарозии 4,2 километр марҳилаи дуюм аз роҳи автомобилгарди Айнӣ то роҳи автомобилгарди Шарора бо дарозии 3,2 км ва марҳилаи сеюм аз роҳи автомобилгарди Шарора то пайваст ба кӯчаи Раҳмон Набиеви маҳаллаи Чортут бо дарозии 1,88 км-ро дар бар мегирад”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ таъкид намуд, ки паҳноии роҳ аз 40 метр иборат буда,  8 хати ҳаракат дар ду самт, пиёдароҳҳо, як адад пул дар болои канали калони Ҳисор ва як гузаргоҳи роҳи оҳан, 2 адад гардишҳои нақлиётӣ, чароғакҳои роҳнамо дар ду қитъа, аломатҳои бехатарии роҳ, хати кабудизор, дарахту буттаҳои ороишию сояафкан дар ду тараф унсурҳои асосии роҳро ташкил медиҳанд.

Зикр шудааст, ки иншоот дар доираи ҳамкориҳои судманди миёни Тоҷикистону Ҳиндустон бо харҷи 46,5 миллион доллари ИМА сохта мешавад.

Лоиҳаи “Сохтмони роҳи автомобилгард аз Дарвозаи Ғарбӣ то маҳаллаи Чортут” яке аз тарҳҳои самарабахши ҳамкорӣ байни шаҳрдорӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон маҳсуб меёбад, ки марҳилаи аавали он расман шуруъ гардид.

0
Барчаспҳо:
роҳ, сохтмон, Тоҷикистон