Суҳбати сардори Хадамоти ҷосусӣ: аз оғози COVID-19 то Белорус, ҷанги Қарабоғ ва Навалний

© Sputnik / Алексей Дружинин / Гузариш ба медиабонкДиректор Службы внешней разведки РФ Сергей Нарышкин
Директор Службы внешней разведки РФ Сергей Нарышкин - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сергей Наришкин, мудири Хадамоти ҷосусӣ ё худ иктишофи хориҷии Русия, дар бораи ҳаводиси асосии ахир – вазъ дар Белорус, қазияи Навалний, ҷанг дар Қарбоғи куҳӣ изҳори назар кард

Амалан назарҳояш баёнгари тавоноии Хадамоти иктишофи хориҷӣ барои пайдо кардани маълумоти муҳим мебошанд.

Визит главы МИД России С. Лаврова в Финляндию - Sputnik Тоҷикистон
Лавров оид ба таҳримоти ИА дар робита ба Навалний алайҳи Русия: беҷавоб нахоҳад монд

Дар бораи бархе аз ҷанбаҳои кори иктишофӣ дар мавриди  масъалаҳои калидии зикршуда, чӣ гуна Ғарб талошҳои нооромсозии Белорусро ба Русия мекашад, Сергей Наришкин дар мусоҳиба бо РИА Новости нақл кард, ки аз ҷониби Дмитрий Киселёв, мудири кулли ОБИ “Россия сегодня” таҳия шуд.

Гап сари коронавирус низ рафт, ки ба иттилои ХИХ, он аз куҷо пайдо шуд ва чӣ гуна хадамоти иктишофӣ дар мубориза бо ин маризӣ иштирок мекунад. Инчунин Наришкин дар бораи ҷанбаҳои шахсӣ низ нақл кард.

- Қазияи пурсарусадои “заҳролудсозӣ”-и дар нохунак, блогер Навалний. Хадамоти иктишофии хориҷӣ тавонист муайян кунад, ки чӣ рух доду то куҷо хадамоти махсуси хориҷӣ дар қазия дахл доранд?

- Мо бар ин нуқтаи назарем ва бояд бошем, ки табибони русиягӣ дар Омск ташхисҳои хеле чуқурро анҷом доданд.

- Шумо инро медонед ё чунин як пешгуфтор доред?

- Мо инро медонем ва шумо ҳам инро медонед.

- Ман хеле бодиққатона машғули ин шудам, ман инро медонам.

-То лаҳзае, ки блогер Навалний дар қаламрави Русия қарор дошт, дар ташхисҳои биологияш ҳеч осори маводи заҳролудкунанда набуд. Баъдан чӣ рух дод, вақте ӯ дар саҳни ҳавопаймо буду дар қаламрави Олмон – ин суоли калон аст. Хадамоти марбутаи мо, аз ҷумла Додситонии кул борҳо дархост равон кардааст, аммо ҳеч посухе нагирифт. Ҷониби Олмон хомӯш аст, ин ба он маънист, ки чизеро пинҳон медорад.

Ростӣ, эътироф мекунам, ки мо ҳеч далели иштироки хадамоти махсусро дар ин қазия, дар ин моҷаро надорем.  Танҳо бархе маълумоти бавосита...

- Ман ҳам машғул шудам, бо духтурон Сабаев ва Ринк суҳбат кардам. Сабаев, заҳршиноси асосист, ба ҳама маълум аст, ки заҳролудшавӣ набуд. Ҷароҳати кимиёвӣ ҷой надошт. Бо вуҷуд баъдан ин қазия ҳамчун заҳролудкунӣ тафсир шуд. Ин ҷо даст доштани хадамоти махсус баръало намоён аст, аммо шумо дар бора хеле эҳтиёткорона гап мезанед.

- Шумо чун фарзия мегӯед. Аммо ман чизеро мегӯям, ки гуфтам. Мо маълумоти тасдиқшуда надорем ва наметавонем дар ин бора чун ҳодисаи дақиқ суҳбат кунем. Инчунин гуфтам, баъзе маълумоти ғайримустақим ҷой доранд.

Федеральный канцлер Германии Ангела Меркель - Sputnik Тоҷикистон
Чаро Меркел пинҳонӣ бо Навалний дидор кард?

Агар хоҳед дар бораи ин маълумоти ғайримустақим ба шумо нақл мекунам. Тақрибан соле пеш, мо маълумот гирифтем, ки дар яке аз кишварҳои НАТО, на Олмон, ҷаласаи намояндагони Хадамоти махсус баргузор шуд. Он ҷо шеваи ҷоннок кардани ҳаракати эътирозӣ дар Русия баррасӣ шуд, ки хеле камранг тақрибан ба сифр баробар шуда буд.

Медонед, ба ҳайси яке аз шеваҳо дар сатҳи ҷиддӣ масъалаи ба истилоҳ “қурбонии муқаддас” баррасӣ гардид. Гуфта мешуд, ки беҳтараш ин “қурбонӣ” аз шумори роҳбарони мухолифин бошад.

- Бо калимаи “мухолифин” розӣ нестам. “Эътироз” бале, аммо мухолифин ин чизест, ки даъвои қудрат мекунад, созмони худро дорад, масъулият дорад. Онҳо чигуна мухолифинанд? Аммо худро чунин меноманд.

- Ман ҳам бо ин розиям, чун шумо.

- Яъне шумо аз истилоҳоти онҳо кор бурдед.

- Бале.

- Аҷоиб шумо инро чун маълумоти ғайримустақим тафсир мекунед, аммо агар мо на дар бораи Навалний гӯем маълумоти мушаххасанд инҳо.

- Чизи бештар аз инро гуфта наметавонам, зеро манбаъ аз ҳар чизи дигар қиматтар аст.

- Мефаҳмам. Ба фикрам ин ҳама заҳролудсозиҳо фарҳанги ғарбанд, ҳанӯз аз замони Рими қадим. Онҳо мехоҳанд ин фарҳангашонро ба мо бор кунанд, ки мо ҳам заҳр диҳем. Ва агар чизе шавад, даррав заҳролудсозӣ пайдо пайдо мешавад. Аз ҷумла бо Кара-Мурза чунин буд, ки исбот нашуд ва баъдан худи расонаҳои амрикоӣ онро рад карданд. Бо Верзилин ё Верзилов, ки гӯиё онҳоро ҳам заҳр доданд. Баъдан маълум шуд, ки ҳеч заҳролудсозӣ ҷой надошт. Муътақидам, ки атрофи Навалний низ ин дурӯғ кадом рӯзе мекафад. Шумо ягон моҷарои нави заҳролудсозиро пешгӯӣ мекунед? Оё ягон маълумоти ғайримустақим доред?

- Маълумоти ғайримустақим, ки ин ё он қурбонӣ аллакай мушаххас шудааст, надорем. Аммо он чизеро, ки шумо гуфтед дуруст аст, мутаассифона рақибони ғарбиямон гоҳ-гоҳ аз ин василаҳо истифода мебаранд. Ҳамон тавре, ки аз ин шеваҳо дар Югославияи собиқ ва Украина кор бурданд.

- Дар бораи маводи асотирии “Новичок”. Леонид Ринк дар мусоҳиба бо мо гуфт, ин мавод вуҷуд надорад. Як силоҳи кимиёвист, ки аз пайвастшавии ду мавод ҳосил мешавад, ки дар лаҳзаи таркиш ба ҳам мепайванданд. Бинобар ин олуда кардани зарф бо он ғайриимкон аст.

Калимаи хуб аст, “Новичок”. Ба Меркел писанд аст, ба Тереза Мэй ҳам маъқул буд. Бо вуҷуд буданд, мавод ё худ заҳрҳои ҷангие, ки дар замони шӯравӣ коркард мешуданд. Оё шумо маълумоте доред, ки шарикони ғарбӣ дар Аврупо, аз ҷумла Олмон, Британиёи Кабир ба ин мавод даст ёфтанд?

- Мо чунин иттилоъро надорем.

- Оё “Новичок” ё маводи таркибии он ба гунае ба “сайр” баромадаанд?

Вакцинация против COVID-19 в Москве - Sputnik Тоҷикистон
Марги табиби 28 - сола пас аз иштирок дар озмоиши ваксинаи бритонӣ алайҳи коронавирус

- Ҷанбаи дигари суол вуҷуд дорад. Формулаи маводи ба ном “Новичок” маълум аст. Ҳар кишваре, ки то ҳадде саноати кимиёаш рушд кардааст, метавонад бидуни мушкил чунин ё маводи монанд ба онро тавлид кунад. Аммо ман ҳам чун шумо “Новичок”-ро надидаам, бӯй накардаам.

- Шукри Худо. Феълан коронавирус ба хатари бидуни шак табдил ёфтааст. Ин ҳам бад он маънист, ки ҳатман мавриди таваҷҷуҳи Хадамоти иктишофи хориҷӣ қарор гирифтаст. То кадом дараҷа шумо ба ин масъала машғулед? Ин чист, ки мо бо он дучор шудем.

- То дараҷае мо ба ин масъала машғулем. Чун мо имкони зиёди пайдо кардани иттилоъро дорем, мо ин ҳаҷми зиёди иттилоъро коркард карда, ба хадамоту вазорҳои дахлдор, Ҳукумат пешниҳод мекунем. Ин аст нақши мо дар мубориза бо ин вабо.

- Оё шумо иттилои дақиқе дар бораи сарчашмаи коронавирус доред?

- Яъне ин суоли шумо ба он маъност, ки сарчашмаи коронавирус сунъист ё табиист?

- Ин феълан бисёриҳоро нигарон кардааст. Бархе ба ин суол ҷавоб доданд, аммо маълумоти аз ҳама дақиқро шумо доред.

- Чунин маълумоти асоснок ва дақиқ, ки коронавирус маҳсули дасти инсону аст, надорем. Барои ин мо бештар моилем, ки ин маҳсули табиӣ мебошад.

- Яъне феълан президент бо назардошти он ки ин вирус табиист тасмим мегирад?

- Медонед барои президент ва мақомоти давлатӣ муҳим аст, ки чораҳои мубориза бо ин вирус роҳандозӣ шавад. Чунин менамояд, ки вазорату мақомоти Русия муваффақона ба таҳияи санади табобат, доруҳо ва ниҳоятан ваксинаи зидди каронавирус машғуланд.  То ҷое мефаҳмам, барои олимону вирусшиносон зимни таҳияи дору ва ваксинаҳо калидӣ нест, ки ин вирус табиист ё сунъӣ.

- Аз ИМА баъзан иттиҳомот садо медиҳанд, ки Русия барои даст ёфтан ба ваксина ба Амрико халал мерасонад. То куҷо чунин айбномаҳо асос доранд?

- Албатта ҳеч асосе барои чунин иттиҳомот нест. Ин сафсата ва талош барои пинҳон кардани камбудиҳои худ мебошад. Албатта камбудиҳо дар низоми тандурустии ИМА ҷой доранд ва мутаассифона дар замони хуруҷи коронавирус ин мушкилот шадидан зуҳур карданд.

- Ин ҷо Русия аст, ки ҳама чиро метавон бори он кард.

- Бале, мегӯянд, ин таъсири Русия, хатарҳои Русия. Инчунин “таъсиру хатарҳои Чин” низ ҷой доранд.

- Ҳаводиси Белорус нигаронкунандаанд. То куҷо феълан шумо машғули Белорусед ва чӣ пешгӯӣ доред, ки ҳаводис чигуна сурат хоҳанд гирифт. Аз ҷониби дигар, шумо на танҳо пешгӯӣ мекунед, инчунин тавсия медиҳед.

- Мо назарҳо аз зовияи Ғарбро ба ин ҳаводис пешниҳод мекунем. Чӣ гуна ҷониби Ғарб ба равандҳо назар мекунад, чӣ чораҳо меандешад, то вазъро ноором созад ва баҳогузориҳои худро пешниҳод мекунем, аз ҷумла ба ҳамкорони белорусӣ.

Путин оценил предложение Лукашенко изменить Конституцию Беларуси - Sputnik Тоҷикистон
Путин пешниҳоди Лукашенкоро барои тағйири Конститутсия шарҳ дод-видео

- Пешниҳод мекунед?

-Ба ҳамкорон пешниҳод кардем.

- Ба мо чӣ?

- Ҳоло не.

- Оё мешавад таъкид кард, ки хадамоти махсуси ғарбӣ, ки дар он ҷо кор мекунанд, дар мисоли Белорусия тарзҳои нооромсозии Русияро тамрин мекунанд?

- Ин маълум аст, ки рақибони ғарбии мо талош мекунанд вазъи Белорусро ба Русия кашанд. Аммо эътироф бояд кард, ки дар Белорусия навгоние дида нашуд. Технологияҳои инқилобҳои ранга барвақт маълум аст, тайи ду-се даҳсолаи охир дар бисёри кишварҳои ҷаҳон татбиқ шудаанд.

- Яъне шумо гуфтан хостед – “духтарҳо дилгир шудем”?

-Чизи наве нест ва албатта ягон хубие дар ин нест. Мо албатта бо нигаронӣ ҳаводиси Белорусро пайгирӣ дорем ва тавре гуфтам, ба ҳамкоронамон мерасонем, ки рақибони ғарбӣ ба ин ҳаводис чӣ назар доранду чӣ кор мекунанд, умедворам ин таҷриба муфид хоҳад буд.

- Сергей Евгеневич, шумо нахустин нафар будед, ҳадди ақал дар Русия, ки гуфт дар ҷанги Қарабоғи куҳӣ ҷангҷӯён-террористҳо иштирок мекунанд, аз ҷумла аз Шарқи Наздик, пеш аз ҳама аз Сурия. Чӣ ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда доред? Ин маълумоти бевоситаанд ё ғайримустақим?

- Маълумоти дақиқ буданд.  

- Ва ин суриягие, ки ахиран аз ҷониби Арманистон намоиш дода шуд, тасдиқи гуфтаҳои шумост.

- Ин маълумотро мо аз як қатор кишварҳо мегирем, аз манобеи гуногун, хадамоти шарикон дар Шарқи Наздик ва Шарқи Миёна.

- Ҳудуди даҳ рӯз пеш президент Путин гуфт, Арманистон ва Озорбойҷон барои мо “шарикони баробаранд”. Оё бо шарикон аз Озорбойҷон ҳамкорӣ мекунед? Бо Арманистон шубҳа надорам, ки дар доираи СААД низоми муайяни ҳамкорӣ доред, аммо бо Озорбойҷон?

- Мо низоми роҳандозишудаи ҳамкорӣ бо хадамоти махсус ва иктишофии тамоми кишварҳои ИДМ, аз ҷумла Хадамоти иктишофи хориҷии Озорбойҷон ва Кумитаи амнияти миллии Арманистон дорем.

- Аз санадҳои Хадамоти иктишофи хориҷӣ, ки ахиран оммавӣ шуданд, бармеояд, Бритониё ҳанӯз дар замонҳои ҷанги дуюми ҷаҳонӣ талош дошт, Туркияро ба ҷанг бикашад. То куҷо Бритониё ва Туркия феълан пайванданду хадамоти махсуси онҳо дар ҷанги Қарабоғи куҳӣ ҳамкорӣ мекунанд?

- Кори Хадамоти иктишофии Туркияро мо эҳсос мекунем, бархе ҷанбаҳои ин корро мебинем. Аммо дар мавриди иктишофии Бритониё ман инро гуфтан наметавонам.

-Дар Қарабоғи куҳӣ эҳсос намекунед?

-Не.

- Рӯзноманигор Иван Сафроновро дар ироаи иттилои махфӣ ба мақомоти иктишофии Чехия муттаҳам мекунанд. Ин аз ҷониби Хадамоти иктишофи хориҷии Русия эълон шуд, на аз ҷониби Хадамоти федералии амният, ки бояд ахбори махфиро ҳифз кунад. Инро чигуна шарҳ медиҳед?

- Ин далел аз ҷониби Хадамоти мо баён нашудааст, инро кадом рӯзноманигоре эълон кард.

Вакцинация против COVID-19 в Москве - Sputnik Тоҷикистон
Путин дар бораи 2 ваксинаи русии зидди COVID-19: сеюмаш дар ҳоли омодашавист

- Ба такя ба Хадамоти иктишофи хориҷӣ?

-Бале.

-Ман фикр мекунам, ин як партови рӯзноманигорӣ буд.

-Бигзор чунин номгузорияш кунем.

- Сергей Евгеневич реҷаи кории шумо дар замони пандемия тағйир ёфт? Шумо метавонед барои худ кори фосилавӣ иҷоза бидиҳед дар доираи дастуроти раисиҷумҳур, шаҳрдорӣ ва Роспотребнадзор?

- Метавонам, аммо дар зимн метавонам дар утоқи кории худ қарор дошта боошам. Ба як маъно фосилавӣ кор мекунам, чун мо ҳам ба ҳадди назаррас иртиботи шахсию кориро дар хадамот кам кардем ва аксари мубодилаи иттилоот ғайриҳузурӣ сурат мегирад. Бо вуҷуд бояд гӯям, ки миёни кормандони хадамот ҳастанд, онҳое, ки ба ин беморӣ гирифтор шуданд.

- Аммо шумо шахсан ба раисиҷумҳур гузориш медиҳед, ҳозир чӣ қадар шахсан ҳисобот медиҳеду чӣ қадар тариқи шабакаҳои ҳифзшудаи иртибот?

- Ҳамаи ҳисоботи Хадамоти иктишофии хориҷӣ – шахсан ва ҳамаи ҳуҷҷатҳо – шахсан пешниҳод карда мешаванд.

Президент Беларуси Александр Лукашенко - Sputnik Тоҷикистон
"Бо модарам падруд гуфта будам": Лукашенко дар бораи ҳамла ба Раҳмон гуфт - видео

- Чашм ба чашм?

- Мо ҳамарӯза президентро дар бораи ин ё он ҳаводис огоҳ мекунем.

- Шахсан ё фосилавӣ?

- Фосилавӣ, аммо шахсан. Тавре мегӯянд, аз даст ба даст. Президентро тақрибан бидуни истироҳату рӯзҳои ид огоҳ мекунем. Албатта иттилои гирифтаро хеле нозукбинона ва чуқур таҳлил карда хулосаҳоро пешниҳод менамоем.

Президент бо гузоришҳои Хадамоти иктишофӣ хеле бо таваҷҷуҳ кор мекунад, чун мутахассис медонад, кадом иттилоъ чӣ арзиш дорад ва қайдҳо мекунад. Бо бандҳои қайдкардаи Президент кор мекунем, чизеро дигарбора дақиқ мекунем, ба суолҳояш посух медиҳем. Албатта хеле роҳат аст, бо роҳбаре, ки нозикӣ ва махсусиятҳои ин корро медонад.

-  Сергей Евгеневич, ман суоли таҳрикӣ медиҳам.

- Марҳамат.

- Оё худро дар ин мақом аз ҳад зиёд серкор эҳсос мекунед?

- Ман аз кор дар ин мақом қаноатмандиро эҳсос мекунам. Кор аҷиб ва дар ҳайати бисёр нодир аст. Ҳайати ҳамкорони баландихтисос, интеллектуалҳо ва зиёда аз ин хидматчии ҳарбиянд. Ин ба он маъност, ки масъалаи низом на ба шеваест, ки дар касабаҳои мулкӣ мебошад.

- Сергей Евгеневич шумо ҳамчунин роҳбари Ҷамъияти таърихии Русия мебошед, ки зери роҳбарии шумо садо баланд кард. Чӣ қадари вақти шуморо ба ҳисоби фоиз кор дар Хадамоти иктишофӣ ва кор дар ҷамъият мегирад?

- Кори ҷамъиятӣ вақти хеле ками маро мегирад.

Зарбаи сеюм ба пандемия: дар Русия озмоиши ваксинаи сеюм алайҳи коронавирус оғоз ёфт - YouTube - Sputnik Тоҷикистон
Зарбаи сеюм ба пандемия: Русия озмоиши ваксинаи сеюм алайҳи COVID - ро шурӯъ кард - навор

- Даҳ дарсад?

- Албатт не, камтар. Ин номумкин аст. Гап сари он аст, ки мо як ҳайати қавии ҳамфикронро ҷамъ овардем, ки таърих ва аҳамияти онро барои ташаккули шуури миллӣ, тарбияи ҷавонон, ватандӯстӣ медонанд ва ин механизм кор мекунад.

- Дар вақти холиятон ба чӣ машғул мешавед? Агар ҳозир гӯед ба кор...

- Не намегӯям. Воқеан зиёд кор мекунам, аммо агар вақти холие ёбам, хонданро дӯст медорам. То пандемия мунтазам ба театр мерафтам, театрро дӯст медорам.

- Ман шуморо дидам.

- Бале. Ман ҳам шуморо дидам. Талош мекунам, тарзи солими ҳаётро пеш барам. Ба бархе намуди варзиш машғул мешавам, гарчанде онро варзиш гуфтан намешавад.

- Ташаккури зиёд, Сергей Евгеневич барои ин мусоҳиба. Фарорасии иди бузурги касбӣ – садсолагии Хадамоти иктишофии хориҷиро барои шумо шодбош мегӯям.

- Сипос!

Лентаи хабарҳо
0