Трамп нақша дорад эътироз барпо кунад

376
(Таҷдидшуда 13:15 09.11.2020)
Президенти кунунии ИМА Доналд Трамп мағлубияти худ ва пирӯзии рақибаш Ҷо Байденро дар интихоботи президентӣ эътироф надорад

ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Президенти кунунии ИМА Доналд Трамп нақша дорад тариқи баргузориии эътирозҳо дар бархе аз иёлотҳо, овозҳоро аз нав шуморад, хабар медиҳад торномаи "Axios" бо такя ба мушовири президент.

Қайд мешавад, ки штаби Трамп барои азнавҳисобкунии овозҳо дар иёлотҳои Ҷорҷия, Аризона ва Пенсилвания гурӯҳе ташкил мекунад.

Собиқ сухангӯи Департаменти Амрико мегӯяд, Доналд Трамп эҳтимол зиндонӣ шавад

Раҳбари Амрико мехоҳад дар тазоҳурот шаҳодатномаи онҳоеро нишон бидиҳад, ки гӯиё овоз додаанд, вале дар асл то замони интихобот фавтидаанд.

Интихоботи президентӣ дар ИМА рӯзи 3 ноябр баргузор шуд. Рақибони аслии сабқат сарвари феълии кишвар Доналд Трамп, ки аз ҷониби Ҳизби ҷумҳурихоҳ пешбарӣ шудааст ва намояндаи Ҳизби демократ Ҷо Байден буданд.

Мубориза барои дарёфти курсии президентӣ шадид гузашт. Ҳисобкунии овозҳо чанд рӯз тӯл кашид ва то ҳол идома дорад, аммо ин ба натиҷаҳои интихобот ҳеҷ таъсире нахоҳад гузошт.

Дар Иёлоти Муттаҳида, барои номзад ба мақоми президентӣ интихоб шудан, аз 538 аъзои ҳайати  интихоботӣ 270 нафар бояд дастгирӣ карда шаванд.

Анҷоми давраи Трамп: шаҳрвандони Амрико чӣ гуна пирӯзии Байденро ҷашн мегиранд - видео

Ҳар як номзад дар сабқати президентӣ иёлатҳои ҷонибдори худро дорад, ки  ба номзади худ овоз медиҳанд.

Дар аввал маълум буд, ки Байден 232 овоз ва Трамп 125 овоз мегиранд.

Аммо натиҷаи интихоботи президентиро ҳамеша иёлатҳои калобанда ҳал мекунанд, тавре ки имсол рӯй дод: Байден тавонист минтақаҳоеро, ки Трамп дар онҳо афзалият дошт, бигирад ва ба шарофати ин, ба пирӯзӣ расид.

Ёдрас мешавем, дар интихоботи президентии соли 2020 дар Амрико тайи 120 сол бори аввал шумораи зиёди интихобкунандагон ҳозир шуданд.

Русия боз ба дахолат дар интихоботи Президентии Амрико айбдор мешавад? - навор

Рекорди пештара дар кишвар соли 1900 ба қайд гирифта шуда буд. Он вақт дар интихобот 73, 7 дар сади интихобкунадагон ҳозир шуда буданд, ин дафъа 66,9 дар сади сокинони Амрико дар интихобот иштирок карданд.

376
Барчаспҳо:
интихобот, Доналд Трамп, ИМА
Джо Байден

Байден гуфт, дар давраи ҳукмронияш бо Русия чӣ гуна муносибат хоҳад дошт

25
(Таҷдидшуда 12:15 04.12.2020)
Раҳбари тозаинтихоби Амрико Ҷо Байден, ки тибқи маълумоти пешакӣ, президенти Иёлоти Муттаҳида интихоб шуд, гуфт, дар давраи ҳукрмронияш бо Русия чӣ гуна муносибат хоҳад дод

ДУШАНБЕ, 4 дек – Sputnik. Ҷо Байден зимни як мусоҳибаи телевизионӣ бо шабакаи CNN нақшаҳои "муносибати бисёрҷониба" -ро нисбат ба Русия, Эрон, Чин ва дигар кишварҳо эълон кардааст, хабар медиҳад РИА Новости.

"Мо бояд узви як гурӯҳи калон бошем, ин на танҳо бо Эрон, балки бо Русия, Чин ва дигарон муносибат кунем",- гуфт сиёсатмадор.

Ҳамзамон Байден гуфт, ки қабл аз ба вазифа расидан ӯ наметавонист сиёсати ИМА-ро таҳия кунад. "Аммо ман мехоҳам муносибатҳои  наздики иттиҳодиро ҳам дар Аврупо ва ҳам дар минтақаи Ҳинд ва Уқёнуси Ором барқарор кунам", - илова кардааст ӯ.

Ҳамзамон, сиёсатмадор иқрор кард, ки "музокироти душвор" бо Иттиҳоди Аврупо ӯро интизор аст ва ӯ дар ин бора ҳеҷ гуна хаёле надошт.

Раисиҷумҳури ИМА-ро таъйин карданд: кӣ воқеан қудрат дар ИМА-ро ғасб намуд?

Қаблан сафири Русия дар ИМА Анатолий Антонов гуфта буд, ки Маскав метавонад ҳамкориҳоро бо маъмурияти нав дар Вашингтон ҳадди аққал дар панҷ самт: суботи стратегӣ, паҳн нашудани силоҳи ҳастаӣ, ҳамкорӣ дар кайҳон, мубориза бо терроризм ва пандемияи коронавирус тавсеа диҳад.

 Ҳамзамон, дипломат изҳори шубҳа кард, ки Маскав метавонад бо Вашингтон дар мавриди назорати силоҳ мувофиқат кунад.

Сафир ҳангоми суханронӣ дар бораи натиҷаҳои интихобот дар Иёлоти Муттаҳида қайд кард, ки Русия ҳама гуна интихоби амрикоиҳоро эътироф мекунад, аммо мунтазири эълони расмии натиҷаҳо пеш аз вокуниш дар доираи протоколи дипломатӣ мебошад.

Интихоботи президентии ИМА рӯзи 3 ноябр баргузор шуд.

Номзади демократҳо Ҷо Байден, тибқи маълумоти пешакӣ, аз иёлотҳо то 306 раъйи интихобкунандагон бар даст овард.

Путин шарҳ дод, ки чаро то ҳол Ҷо Байденро табрик накардааст

Президенти феълӣ Доналд Трамп шикастро эътироф намекунад ва натоиҷро дар чанд иёлат зери шубҳа мегузорад.

25
Барчаспҳо:
ҳамкорӣ, муносибат, президент, Русия, ИМА
Президент Азербайджана Ильхам Алиев

Алиев гуфт, ки кӯшиши вайрон кардани созишномаи Қарабоғ вуҷуд дорад

293
(Таҷдидшуда 14:35 01.12.2020)
Сарфи назар аз он, ки режими оташбас дар Қарабоғи Кӯҳӣ ба таври умум риоя карда мешавад, кӯшишҳо барои вайрон кардани созишномаи сеҷонибаи минтақа байни Русия, Озарбойҷон ва Арманистон вуҷуд доранд

ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Ин нуктаро Илҳом Алиев зимни паёмаш ба мардуми озарбойҷон изҳор доштааст, хабар медиҳад РИА Новости.

“Агар касе мехоҳад созишномаи 10 ноябр имзошударо вайрон кунад, мо ҷавоби қатъӣ медиҳем. Чунин кӯшишҳо ҳастанд ва онҳо як ҳадаф доранд - созишномаро вайрон кардан, зеро барои баъзеҳо ин хеле нороҳаткунанда аст. Аммо ҳеҷ кас ба кори мо дахолат карда наметавонад, созишнома бояд иҷро шавад”, - гуфтааст Алиев.

Сулҳ дар Қаробоғи Кӯҳӣ: кӣ барои чӣ меҷангид?

Ҳамзамон раҳбари Озарбойҷон гуфтааст, дар умум созишномаи оташбас риоя мешавад.

Қаблан маълум буд, ки минтақаи Лочин таҳти назорати Боку гузаштааст - сеяки охирин, ки дар санади сулҳ номбар шуда буд.

Артиши Русия дар Степанакерт бемористон таъсис дод

Рӯзи 10 ноябр сарони Русия, Озарбойҷон ва Арманистон дар бораи қатъи комили ҷанг дар Қарабоғ созишнома имзо карданд. Арманистон ваъда дод, ки минтақаҳои Келбаҷар, Лочин ва Агдамро ба озарбойҷониҳо бармегардонад.

Тарафҳо бояд маҳбусон ва ҷасади мурдагонро иваз кунанд. Дар минтақа нерӯҳои посдори сулҳи Русия мустақаранд ва маркази назоратии Русияву Туркия таъсис дода мешавад.

Дар Боку ин созишнома таслимшавии Ереван ном дошт. Президент Илҳом Алиев таъкид кард, ки ин санад аз ҳама бештар барои Озарбойҷон муфид аст: ҳоло, ба гуфтаи ӯ, марҳилаи низомӣ ба анҷом расидааст ва гузаштан ба масъалаҳои сиёсӣ имконпазир аст.

Сулҳбонони рус роҳҳоро дар Қарабоғ барқарор мекунанд - навор

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян эътироф кард, ки қарори сулҳ ба ӯ сахт вазнин буд, аммо ин ба ӯ имкон дод, ки он чизеро, ки Қарабоғ гум мекард, наҷот диҳад.

Садои тирпаррониро намешунавем: роҳбари сулҳҷӯён дар бораи вазъ дар Қаробоғи Кӯҳӣ

Пас аз он, дар Ереван тазоҳурот бо талаби истеъфои сарвари ҳукумат оғоз ёфт.

293
Барчаспҳо:
оташбас, созиш, Арманистон, Озарбойҷон, Русия