Флаг США

Урупо фили амрикоиро монда мӯрчаи белорусиро қапид

409
(Таҷдидшуда 20:03 09.11.2020)
Сиёсатмадорони ғарб ноқисиҳои интихоботи президентӣ дар ИМА - ро нодида мегиранд ва аз ғайри демократӣ сурат гирифтан интихоботи Белорус мегӯянд

ДУШАНБЕ, 9 ноя – Sputnik, Максим Соколов. Чун дар нимкураи ғарбии сайёра пешгӯӣ дар бораи хотима наёфтани интихобот рӯзи 3 ноябр амалӣ шуда истодаву саҳна авҷ гирифта истодааст, бузургони ҷаҳони демократӣ бо ҷиддият як мушкили муҳимеро ҳал карданиянд.

Раҳбари Вазорати корҳои хориҷии Бритониё Доминик Рааб, бо изҳороти муҳим баромад кард: "Мо таҳқиқи мустақил гузаронида, мавҷудияти тақаллуб дар интихоботи президентиро ошкор кардем ва ба амалҳои таҳқиромези режими Лукашенко барои саркӯб кардани мардуми Белорус равшанӣ андохтем. Бояд интихоботи нав ташкил карда шаванд, ки озод ва одилона бошад".

САҲА ҳамовоз шуд. Намояндаи расмии ин созмон ба давлатҳои узв гуфт "интихоботи 9 августи соли 2020 дар Белорусро эътироф накунанд; бояд баргузории интихоботи нав таҳти назорати Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсон (ДИДҲБ) ва дигар нозирони байналмилалӣ дар асоси стандартҳои САҲА дархост шавад".

САҲА интихоботи Амрикоро бо таҳаррум мушоҳида кард.

Камбудиҳои ночизе муайян карда шуданд, масалан, аз даст додани ҳуқуқи овоздиҳӣ бинобар доғи судӣ доштан. Гарчанде барои тавозун бояд афзалиятҳо ҳам қайд шаванд - масалан, ҳифзи ҳуқуқи овоздиҳӣ барои фавтидагон, аз ҷумла мурдаҳое, ки ба номзадии Байден овоз додаанд. Аммо дар маҷмӯъ, "интихоботи 3 ноябр сарфи назар аз номуайянии ҳуқуқӣ ва мушкилоти таъминоти моддӣ-техникӣ рақобатпазир ва бомуваффақият гузашт".

Танҳо САҲА медонад, чӣ гуна номуайянии ҳуқуқӣ бо ташкилоти хуб омезиш меёбад.

Котиби давлатии ИМА Майк Пампео ҳам дар бораи масъалаи рӯз ибрози андеша кард ва аз Белорус даъват кард, ки интихоботро бо нозирони озод баргузор кунад.

Яке аз норасоии маълумотнокии сиёсатмадорони демократии ғарб - надонистани латифаҳои ватанӣ аст. Ба масъалаи рӯз якбора ду латифа роаст меояд.

Яҳудӣ - "Абрами муҳтарам хайрият ман барои ба шумо навиштан вақт ва ҷой ёфтам".  Ва дар бораи Вовочка, ки чӣ кор кардани падару модарашро дар хонаи хоб мушоҳида мекард: "Ва ин одамон ба ман кофтани биниро иҷозат намедиҳанд!"

Кам одамоне интихоботи Белорусро қуллаи демократия медонанд. Вале нақша Белорус ва ИМА дар ҷаҳони муосир қиёснашаванда аст. Нақши ИМА албатта бештар аст. Мутаносибан, вақте бо ёрии сеҳру ҷодуҳои гуногуни интихоботӣ як мӯйсафеди 78-сола, ки омода аст дар сари рули ягона абарқудрат истад, ин он қадр бад аст, ки гуфта ҳам намешавад.

Бартарияти дигари Лукашенко дар он аст, ки ӯ назари худро ба ҳукмронии давлат ҳуҷҷати низомӣ намехонад, ки бояд аз Кремл то Чин таҳти итоат бошад. Сиёсатмадорони Амрико бо пафос эълон мекунанд.

Ва таваҷҷӯҳи зиёд ба корҳои Белорус дар якҷоягӣ бо соддаандешӣ "Хуб, бародар, айби Иёлоти Муттаҳида аст, ман ҳатто пайхас набурдам" маҷбур мекунанд, ки ба изҳороти мақомоти баландпоя ба таври сазовор муносибат кунанд. Қайд: "Ҳар чизе ки шумо мегӯед, хеле ҷолиб аст. Воқеан, дар - Мичиган чӣ ҳодиса рӯй дод?"

409
Барчаспҳо:
сиёсат, Белоруссия, Бритониё, ИМА
Президент Азербайджана Ильхам Алиев

Алиев гуфт, ки кӯшиши вайрон кардани созишномаи Қарабоғ вуҷуд дорад

293
(Таҷдидшуда 14:35 01.12.2020)
Сарфи назар аз он, ки режими оташбас дар Қарабоғи Кӯҳӣ ба таври умум риоя карда мешавад, кӯшишҳо барои вайрон кардани созишномаи сеҷонибаи минтақа байни Русия, Озарбойҷон ва Арманистон вуҷуд доранд

ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Ин нуктаро Илҳом Алиев зимни паёмаш ба мардуми озарбойҷон изҳор доштааст, хабар медиҳад РИА Новости.

“Агар касе мехоҳад созишномаи 10 ноябр имзошударо вайрон кунад, мо ҷавоби қатъӣ медиҳем. Чунин кӯшишҳо ҳастанд ва онҳо як ҳадаф доранд - созишномаро вайрон кардан, зеро барои баъзеҳо ин хеле нороҳаткунанда аст. Аммо ҳеҷ кас ба кори мо дахолат карда наметавонад, созишнома бояд иҷро шавад”, - гуфтааст Алиев.

Сулҳ дар Қаробоғи Кӯҳӣ: кӣ барои чӣ меҷангид?

Ҳамзамон раҳбари Озарбойҷон гуфтааст, дар умум созишномаи оташбас риоя мешавад.

Қаблан маълум буд, ки минтақаи Лочин таҳти назорати Боку гузаштааст - сеяки охирин, ки дар санади сулҳ номбар шуда буд.

Артиши Русия дар Степанакерт бемористон таъсис дод

Рӯзи 10 ноябр сарони Русия, Озарбойҷон ва Арманистон дар бораи қатъи комили ҷанг дар Қарабоғ созишнома имзо карданд. Арманистон ваъда дод, ки минтақаҳои Келбаҷар, Лочин ва Агдамро ба озарбойҷониҳо бармегардонад.

Тарафҳо бояд маҳбусон ва ҷасади мурдагонро иваз кунанд. Дар минтақа нерӯҳои посдори сулҳи Русия мустақаранд ва маркази назоратии Русияву Туркия таъсис дода мешавад.

Дар Боку ин созишнома таслимшавии Ереван ном дошт. Президент Илҳом Алиев таъкид кард, ки ин санад аз ҳама бештар барои Озарбойҷон муфид аст: ҳоло, ба гуфтаи ӯ, марҳилаи низомӣ ба анҷом расидааст ва гузаштан ба масъалаҳои сиёсӣ имконпазир аст.

Сулҳбонони рус роҳҳоро дар Қарабоғ барқарор мекунанд - навор

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян эътироф кард, ки қарори сулҳ ба ӯ сахт вазнин буд, аммо ин ба ӯ имкон дод, ки он чизеро, ки Қарабоғ гум мекард, наҷот диҳад.

Садои тирпаррониро намешунавем: роҳбари сулҳҷӯён дар бораи вазъ дар Қаробоғи Кӯҳӣ

Пас аз он, дар Ереван тазоҳурот бо талаби истеъфои сарвари ҳукумат оғоз ёфт.

293
Барчаспҳо:
оташбас, созиш, Арманистон, Озарбойҷон, Русия
Онлайн-встреча с Парламентским заместителем государственного секретаря Великобритании

Тоҷикистону Бритониё якҷо бар зидди COVID - 19 мубориза мебаранд

76
(Таҷдидшуда 13:52 01.12.2020)
Намояндагони Тоҷикистону Бритониёи Кабир муборизаи муштарак бар зидди ҳамагирии коронавирус ва паёмадҳои тағйирёбии иқлимро баррасӣ карданд

ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Муовини вазири корҳои хориҷӣ Музаффар Ҳусейнзода бо муовини парлумонии котиби давлатии Подшоҳии Бритониёи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ хонум Венди Мортон тариқи видео суҳбат кардааст.

Дар ин бора вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Урупо фили амрикоиро монда мӯрчаи белорусиро қапид

Бино ба гузориши манбаъ, ҷонибҳо ба рушди робитаҳои дуҷониба дар масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ изҳори ҳавасмандӣ кардаанд.

"Дар суҳбат масъалаҳои муборизаи муштарак бо ҳамагирии COVID-19 ва коҳиши паёмадҳои тағйирёбии иқлим мавриди баррасӣ қарор гирифтанд", - омадааст дар хабарнома.

Олимони бритонӣ се нишонаи нави коронавирусро ном бурданд

Манбаъ афзуда, ки ҳамсуҳбатон аҳамияти тавсеаи ҳамкориҳо дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва ниҳодҳои молиявиро таъкид карданд.

76
Барчаспҳо:
муовини вазир, суҳбат, суҳбат, Бритониёи Кабир, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Денежные купюры.

Ҷаҳиши қурби рублу евро дар Тоҷикистон: Бонки миллӣ арзиши асъори хориҷиро ълон кард

0
(Таҷдидшуда 01:24 04.12.2020)
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз, 4-уми декабр эълон кард

ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1483 сомонӣ нишон дода шудааст.

Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллар дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 11.3000 то 11.3300 сомонӣ арзёбӣ кард.

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро 13.7397 то 13.6000 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Хариду фурӯши 1 рублро бошад, Бонки миллӣ имрӯз аз 0.1503 то 0.1494 сомонӣ муқаррар кардааст.

Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла "Бонки Эсхата" хариду фурӯши 1 рублро имрӯз аз 0,1500 то 0,1520 сомонӣ муқаррар кардаанд.

Дар "Спитаменбонк" бошад, арзиши 1 рубл аз 0.1500 то 0.1530 ва дар "Алифбонк", 1 рубл аз 0,1500 то 0,1530 сомонӣ нишон дода шудааст.

Дурнамои норушан: долларро дар охири соли 2020 чӣ интизор аст

 

БМТ огоҳ менамояд, ки "берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад".

0