Чизе нест, ки Путин бо он Байденро табрик кунад

723
(Таҷдидшуда 16:30 10.11.2020)
Ҷо Байден, ки худро барандаи интихоботи раисиҷумҳури ИМА эълон кард, аз сарони бисёри кишварҳо шодбошӣ гирифт. Дар ин пасманзар хомӯшии бархе, ки дар ирсоли паёмҳои шодбошӣ шитоб надоранд, бештар маънодорона ба назар мерасад

ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Пётр Акопов. Аз ҷумлаи роҳбароне, ки Байденро табрик накардаанд, сарони калонтарин кишвари Амрикои лотинӣ – Бразилия ва ҳамсояи ИМА – Мексика мебошад. Дар зимн агар роҳбари Бразилия, Болсонару ҳамеша аз Трамп истиқбол мекард, мексикоӣ Лопекс Обрадор намехоҳад густохӣ кунад ва бо сабабҳои шахсӣ мунтазири анҷоми тамоми расмиёт мемонад.  Ҳанӯз 14 сол қабл пирӯзии раисиҷумҳури Мексикаро рабуда буданду роҳбарони бисёри кишварҳои хориҷӣ мунтазири натиҷаҳои расмӣ нашуда, рақибашро шодбошӣ карданд.

Байденро ҳанӯз Ким Чен Ин табрик накардааст, ки се бор бо Трамп мулоқот карда буд, Раҷаб Тайиб Эрдуғон низ, ки бо роҳбари феълӣ дар Кохи Сафед муносиботи хуб дорад, ҳанӯз хомӯш аст.

Аммо нисбатан хомӯшии Маскаву Пекин – Владимир Путин ва Си Ҷинпин маънидорона ба назар мерасад, ки дар табрики Байден шитоб надоранд. Ин дар ҳолест, ки дар арафаи интихобот бисёриҳо мегуфтанд, чиниҳо пирӯзии Байдену русҳо пирӯзии Трампро интизор доранд. Гӯиё дар Пекин аз мағлубияти Трамп, ки бо Чин ҷанги тиҷорӣ оғоз кард, хушнуд хоҳанд шуд. Аммо Си Ҷинпин ҳанӯз хомӯш аст ва дар Пекин мегӯянд, натоиҷи интихоботро дар пайи анҷоми расмиёти ҳуқуқии амрикоӣ қабул доранд. Бо назардошти он, ки кашмакашҳои додгоҳӣ тӯлонӣ мебошанд, Байден дақиқан то 78-солагияш, ки ҳудуди 10 рӯз пас таҷлил мекунад, табрикотро нахоҳад гирифт.

Хомӯшии Владимир Путинро  дар The New York Times нишонаи он гуфтанд, ки дар Русия ба “муносиботи хасмҷӯёна” бо раисиҷумҳури нави ИМА омода мешаванд, чун Трампро дар соли 2016 ҳамагӣ чанд соат баъз аз эълони пирӯзӣ шодбош гуфта буд. Аммо ҳозир хомӯшист ва ин нишонаи солҳои вазнин дар муносиботи да кишвар мебошад, навиштааст The New York Times.

Ин хандаовар аст, чун дигар чигуна метавонанд муносиботи ду кишвар боз ҳам сангинтар шаванд? Ба вазъи феълӣ муносиботро на Трамп, балки элитаи амрикоӣ расонд, ки дар аҳди Трамп Конгрессро идора мекард. Путин хомӯш аст, бояд фикр кард, ки на барои омодагӣ ба ҷанг бо Байден, балки барои эҳтиром ба Трамп. Бале, омили инсониро касе лағв накардаст.

Бале дар мадҳи аввал аҳдофи Русия қарор доранд ва табиист, ки муфид аст вақте ИМА амиқан даргири мухолифатҳои дохилияш бошад. Чунин бархӯрд ҳеч рабте ба дахолат ба корҳои дохилии ИМА надорад, ин танҳо баёни он чизе, ки аён аст.

Агар дар натиҷаи интихоботи президентии ИМА танишҳои дохилиамрикоӣ шиддат ёбанд, аз ҷониби Русия хандаовар мебуд, агар аз чунин вазъ истифода набарад. Агар табрик накардани Байден то эълони расмии пирӯзияш муфид бошад, чунин хоҳад шуд.

Дақиқан иқдоми радикалие, аз қабили эътироф накардани Байден ба ҳайси раисиҷумҳури қонунӣ нахоҳад буд.  Агар 20 январ Байден президент эълон шаваду Трамп интихобашро қонунӣ эътироф накунад, Маскав далел пайдо мекунад, ки гӯяд, азбаски интихобот бо нақзи қонунҳо сурат гирифтанд, ИМА феълан раисиҷумҳури қонунӣ надорад. Ин шеваи кори амрикоист, аммо маълум аст, ки Русия бо ИМА бо чунин усул бозӣ нахоҳад кард.

Ҷанбаи шахсие ин ҷо нест, танҳо ин ба фоидаи мо нест. Шахсӣ дар муносибати Путин ба Трамп аст. Маълум аст, ки барои Русия интихоби дигарборааш дар ҳар ду сурат муфидтар мебуд. Аз як тараф агар Трамп пурзӯр мешуду макони иқомати глобалистҳои амрикоиро хушк мекард, ё мавқеаш заифтар мегардиду миёни ҷомеа шикофе ба вуҷуд меомад, то ҳадди дуҳокимиятӣ.

Ҳозир бо гузинаи даври дуюми Трамп набояд комилан хат кашид: кашмакаши додгоҳӣ ва эътирозу кӯчарезиҳои ҷонибдоронаш метавонад вазъро аз идораи “ботлоқи вашингтонӣ” берун орад.

Аммо эҳтимол аст, ки Путин бар ин бошад, ки Трамп метавонад пирӯзии рабудашудаашро баргардонад. Дар он, ки ин пирӯзӣ рабуда шуд, шаке нест.  Чигуна Кремл метавонад ба пирӯзии мунсифонаи онҳое бовар кунад, ки чор сол қиссаҳои бардурӯғ дар бораи дахолати Русия ба интихоботи раисиҷумҳурро бозтоб медоданд. Низом тавонотар аз Трамп аст – ҳоло тавонотар аст, то замоне, ки ба иштибоҳкорӣ оғоз накард ва яке аз ин хатоҳо метавонад “пирӯзии Байден” бошад.

Ба муносиботи шахсии Путин ба Трамп ин танҳо аз ҷанбаи мусбат таъсир мекунад – аҳсан, таслим намешавад, разманда.

Хушбинии тарафайни ду президент натавонист ба муносиботи хуби инсонӣ табдил ёбанд. Тайи 3,5 сол ҳамагӣ чанд бор мулоқот доштанд ва қисми зиёди вақт на як ба як. То шиносоии шахсӣ бо Путин, Трамп дар борааш мусбат ва бо эҳтиром гап мезад ва таҷрибаи гуфтушунид бо ӯ ин бардошташро тасдиқ кард.

Ахиран Трамп Путинро “шоҳмотбози сатҳи ҷаҳонӣ” номида, илова намуд, ки ба ин гуруҳ метавон Си Ҷинпин, Раҷаб Эрдуғон ва Ким Чен Инро шомил намуд. Ин чор нафар чӣ муштаракоте доранд, ба ғайр аз он, ки воқеан бозингарони тавонои геополитикӣ мебошанд?

Муштаракоти дигарашон дар он аст, ки дар шодбошии Байден бо пирӯзӣ шитоб надоранд. Трамп дар суҳбате, ки аз шоҳмотбозҳо гуфт, таъкид карда буд, ки агар Байден президент шавад наметавонад баробар бо Путин, Ҷинпин, Эрдуғон ва Ким кор кунад ва ин ҳақиқат аст.

Байден танҳо як мулоқот бо Путин дошт, ки 10 марти 2011 буд ва ҳатто дар он низ ишора кард, ки мусоҳиб набояд бори дигар ба президентии Русия пешбарӣ шавад.

Даҳ сол пеш ба Сӣ Ҷинпин, он замон ноиби раисиҷумҳури Чин, Байден, ки он вақт ноиби раисиҷумҳури ИМА буд, пешниҳоди таъсиси G2 карда буд. Ин бозии маъмурияти Обама ва Байден буд, ки мехостанд Чинро ба ҳайси шарики хурдӣ дар тартиботи нави ҷаҳонӣ ром кунанд.

Ба ибораи дигар Байден он замон ба чизе даст наёфт ва “шариконаш”-ро дар муқобили худ гузошт. Ӯ агар феълан раисиҷумҳури ИМА шавад, албатта бо ӯ сарукор хоҳанд дошт, аммо ошкоро ба ҳайси рақибон.

Байден воқеан бозигари геополитикии заиф мебошад, гарчанде дар пушташ тавонотарин мошинаи ҷаҳонӣ истодааст. Ин мошин ҳам дер боз ба шикастҳо дучор мешавад, аммо агар Трампро мағлуб кунад, ин охирин пирӯзияш хоҳад буд. Аз ин рӯ ин ҷо чизе нест, ки бо он шодбош гуфта шавад.

723
Барчаспҳо:
интихобот, Трамп, Путин, ИМА, Русия
Президент Азербайджана Ильхам Алиев

Алиев гуфт, ки кӯшиши вайрон кардани созишномаи Қарабоғ вуҷуд дорад

291
(Таҷдидшуда 14:35 01.12.2020)
Сарфи назар аз он, ки режими оташбас дар Қарабоғи Кӯҳӣ ба таври умум риоя карда мешавад, кӯшишҳо барои вайрон кардани созишномаи сеҷонибаи минтақа байни Русия, Озарбойҷон ва Арманистон вуҷуд доранд

ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Ин нуктаро Илҳом Алиев зимни паёмаш ба мардуми озарбойҷон изҳор доштааст, хабар медиҳад РИА Новости.

“Агар касе мехоҳад созишномаи 10 ноябр имзошударо вайрон кунад, мо ҷавоби қатъӣ медиҳем. Чунин кӯшишҳо ҳастанд ва онҳо як ҳадаф доранд - созишномаро вайрон кардан, зеро барои баъзеҳо ин хеле нороҳаткунанда аст. Аммо ҳеҷ кас ба кори мо дахолат карда наметавонад, созишнома бояд иҷро шавад”, - гуфтааст Алиев.

Сулҳ дар Қаробоғи Кӯҳӣ: кӣ барои чӣ меҷангид?

Ҳамзамон раҳбари Озарбойҷон гуфтааст, дар умум созишномаи оташбас риоя мешавад.

Қаблан маълум буд, ки минтақаи Лочин таҳти назорати Боку гузаштааст - сеяки охирин, ки дар санади сулҳ номбар шуда буд.

Артиши Русия дар Степанакерт бемористон таъсис дод

Рӯзи 10 ноябр сарони Русия, Озарбойҷон ва Арманистон дар бораи қатъи комили ҷанг дар Қарабоғ созишнома имзо карданд. Арманистон ваъда дод, ки минтақаҳои Келбаҷар, Лочин ва Агдамро ба озарбойҷониҳо бармегардонад.

Тарафҳо бояд маҳбусон ва ҷасади мурдагонро иваз кунанд. Дар минтақа нерӯҳои посдори сулҳи Русия мустақаранд ва маркази назоратии Русияву Туркия таъсис дода мешавад.

Дар Боку ин созишнома таслимшавии Ереван ном дошт. Президент Илҳом Алиев таъкид кард, ки ин санад аз ҳама бештар барои Озарбойҷон муфид аст: ҳоло, ба гуфтаи ӯ, марҳилаи низомӣ ба анҷом расидааст ва гузаштан ба масъалаҳои сиёсӣ имконпазир аст.

Сулҳбонони рус роҳҳоро дар Қарабоғ барқарор мекунанд - навор

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян эътироф кард, ки қарори сулҳ ба ӯ сахт вазнин буд, аммо ин ба ӯ имкон дод, ки он чизеро, ки Қарабоғ гум мекард, наҷот диҳад.

Садои тирпаррониро намешунавем: роҳбари сулҳҷӯён дар бораи вазъ дар Қаробоғи Кӯҳӣ

Пас аз он, дар Ереван тазоҳурот бо талаби истеъфои сарвари ҳукумат оғоз ёфт.

291
Барчаспҳо:
оташбас, созиш, Арманистон, Озарбойҷон, Русия
Онлайн-встреча с Парламентским заместителем государственного секретаря Великобритании

Тоҷикистону Бритониё якҷо бар зидди COVID - 19 мубориза мебаранд

76
(Таҷдидшуда 13:52 01.12.2020)
Намояндагони Тоҷикистону Бритониёи Кабир муборизаи муштарак бар зидди ҳамагирии коронавирус ва паёмадҳои тағйирёбии иқлимро баррасӣ карданд

ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Муовини вазири корҳои хориҷӣ Музаффар Ҳусейнзода бо муовини парлумонии котиби давлатии Подшоҳии Бритониёи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ хонум Венди Мортон тариқи видео суҳбат кардааст.

Дар ин бора вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Урупо фили амрикоиро монда мӯрчаи белорусиро қапид

Бино ба гузориши манбаъ, ҷонибҳо ба рушди робитаҳои дуҷониба дар масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ изҳори ҳавасмандӣ кардаанд.

"Дар суҳбат масъалаҳои муборизаи муштарак бо ҳамагирии COVID-19 ва коҳиши паёмадҳои тағйирёбии иқлим мавриди баррасӣ қарор гирифтанд", - омадааст дар хабарнома.

Олимони бритонӣ се нишонаи нави коронавирусро ном бурданд

Манбаъ афзуда, ки ҳамсуҳбатон аҳамияти тавсеаи ҳамкориҳо дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва ниҳодҳои молиявиро таъкид карданд.

76
Барчаспҳо:
муовини вазир, суҳбат, суҳбат, Бритониёи Кабир, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Нафт, акс аз бойгонӣ

Тоҷикистон тавлиди маҳсулоти нафтиро каму воридоташонро зиёд кардааст

0
(Таҷдидшуда 16:14 03.12.2020)
Дар Тоҷикистон аз оғози соли 2020 то моҳи ноябр воридоти маҳсулоти нафтӣ зиёд шуда, истеҳсолот коҳиш ёфтааст

ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Тайи 10 моҳи 2020 тавлиди маҳсулоти нафтӣ дар Тоҷикистон дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 21 дарсад кам шудааст, хабар дод Вазорати рушди иқтисод ва савдо.

Бар асоси омори расмӣ, ҳаҷми тавлиди бензин 51,1%, сӯзишвории дизелӣ 51,2% ва мазут 51,3% кам шудаст.

Дар маҷмуъ аз январ то октябри соли равон дар Тоҷикистон 20,4 ҳазор тонна нафт истихроҷ шудааст.

Ин дар ҳолест, ки воридоти маҳсулоти нафтӣ дар кишвар 15,6% афзоиш ёфтааст. Таъминкунандаи асосии маводи сӯхт дар Тоҷикистон ҳамоно Русия боқӣ мондааст.

Аз аввали сол ба ҷумҳурӣ 488,5 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ба маблағи 231,6 миллион доллар ворид шудааст.

Қаблан Вазорати рушди иқтисоду савдо хабар дода буд, ки воридоти мол ба кишвар дар 10 моҳ ба 2,5 миллиард доллар баробар шудааст, ки ба андозаи 6,3 фоиз нисбати нишондоди январ – октябри соли 2019 камтар мебошад.

0
Барчаспҳо:
маҳсулот, нафт, Тоҷикистон