Министр иностранных дел Таджикистана Сироджиддин Мухриддин

Муҳриддин бо сиёсатмадорони Урупо тағйирёбии иқлимро баррасӣ кард

141
(Таҷдидшуда 11:10 15.11.2020)
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин саҳми муҳимми Тоҷикистонро дар коҳиш додани паёмадҳои тағйирёбии иқлим қайд кард

ДУШАНБЕ, 15 ноя – Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин роҳбарони намояндагиҳои дипломатии Британияи Кабир Мэттю Лоусон, Фаронса Мишел Тарран ва Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон Сезин Синаноглуро ба ҳузур пазируфт.

Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба оқибатҳои тағйирёбии иқлим ва рӯзномаи обро баррасӣ кардаанд.

Аз СOVID-19 то сиёсату иқтисод: баррасии муносиботи Тоҷикистону Испания

"Вазири корҳои хориҷӣ саҳми муҳимми Тоҷикистонро дар коҳиш додани паёмадҳои тағйирёбии иқлим қайд карда, аҳаммияти ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистонро, ки ба ҳалли масъалаҳои мубрами обу энергетика ва иқлим нигаронида шудаанд, таъкид кард", - омадааст дар хабарнома.

Манбаъ афзуда, ки сафири Британияи Кабир дар бораи рафти тадорукот ба саммити иқлим, ки 12 декабри 2020 дар шакли видео-конфронс доир мегардад, маълумот додааст.

141
Барчаспҳо:
Урупо, сиёсат, ВУХ ҶТ, Сироҷиддин Аслов
Президент Азербайджана Ильхам Алиев

Алиев гуфт, ки кӯшиши вайрон кардани созишномаи Қарабоғ вуҷуд дорад

105
(Таҷдидшуда 14:35 01.12.2020)
Сарфи назар аз он, ки режими оташбас дар Қарабоғи Кӯҳӣ ба таври умум риоя карда мешавад, кӯшишҳо барои вайрон кардани созишномаи сеҷонибаи минтақа байни Русия, Озарбойҷон ва Арманистон вуҷуд доранд

ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Ин нуктаро Илҳом Алиев зимни паёмаш ба мардуми озарбойҷон изҳор доштааст, хабар медиҳад РИА Новости.

“Агар касе мехоҳад созишномаи 10 ноябр имзошударо вайрон кунад, мо ҷавоби қатъӣ медиҳем. Чунин кӯшишҳо ҳастанд ва онҳо як ҳадаф доранд - созишномаро вайрон кардан, зеро барои баъзеҳо ин хеле нороҳаткунанда аст. Аммо ҳеҷ кас ба кори мо дахолат карда наметавонад, созишнома бояд иҷро шавад”, - гуфтааст Алиев.

Сулҳ дар Қаробоғи Кӯҳӣ: кӣ барои чӣ меҷангид?

Ҳамзамон раҳбари Озарбойҷон гуфтааст, дар умум созишномаи оташбас риоя мешавад.

Қаблан маълум буд, ки минтақаи Лочин таҳти назорати Боку гузаштааст - сеяки охирин, ки дар санади сулҳ номбар шуда буд.

Артиши Русия дар Степанакерт бемористон таъсис дод

Рӯзи 10 ноябр сарони Русия, Озарбойҷон ва Арманистон дар бораи қатъи комили ҷанг дар Қарабоғ созишнома имзо карданд. Арманистон ваъда дод, ки минтақаҳои Келбаҷар, Лочин ва Агдамро ба озарбойҷониҳо бармегардонад.

Тарафҳо бояд маҳбусон ва ҷасади мурдагонро иваз кунанд. Дар минтақа нерӯҳои посдори сулҳи Русия мустақаранд ва маркази назоратии Русияву Туркия таъсис дода мешавад.

Дар Боку ин созишнома таслимшавии Ереван ном дошт. Президент Илҳом Алиев таъкид кард, ки ин санад аз ҳама бештар барои Озарбойҷон муфид аст: ҳоло, ба гуфтаи ӯ, марҳилаи низомӣ ба анҷом расидааст ва гузаштан ба масъалаҳои сиёсӣ имконпазир аст.

Сулҳбонони рус роҳҳоро дар Қарабоғ барқарор мекунанд - навор

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян эътироф кард, ки қарори сулҳ ба ӯ сахт вазнин буд, аммо ин ба ӯ имкон дод, ки он чизеро, ки Қарабоғ гум мекард, наҷот диҳад.

Садои тирпаррониро намешунавем: роҳбари сулҳҷӯён дар бораи вазъ дар Қаробоғи Кӯҳӣ

Пас аз он, дар Ереван тазоҳурот бо талаби истеъфои сарвари ҳукумат оғоз ёфт.

105
Барчаспҳо:
оташбас, созиш, Арманистон, Озарбойҷон, Русия
Онлайн-встреча с Парламентским заместителем государственного секретаря Великобритании

Тоҷикистону Бритониё якҷо бар зидди COVID - 19 мубориза мебаранд

36
(Таҷдидшуда 13:52 01.12.2020)
Намояндагони Тоҷикистону Бритониёи Кабир муборизаи муштарак бар зидди ҳамагирии коронавирус ва паёмадҳои тағйирёбии иқлимро баррасӣ карданд

ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Муовини вазири корҳои хориҷӣ Музаффар Ҳусейнзода бо муовини парлумонии котиби давлатии Подшоҳии Бритониёи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ хонум Венди Мортон тариқи видео суҳбат кардааст.

Дар ин бора вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Урупо фили амрикоиро монда мӯрчаи белорусиро қапид

Бино ба гузориши манбаъ, ҷонибҳо ба рушди робитаҳои дуҷониба дар масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ изҳори ҳавасмандӣ кардаанд.

"Дар суҳбат масъалаҳои муборизаи муштарак бо ҳамагирии COVID-19 ва коҳиши паёмадҳои тағйирёбии иқлим мавриди баррасӣ қарор гирифтанд", - омадааст дар хабарнома.

Олимони бритонӣ се нишонаи нави коронавирусро ном бурданд

Манбаъ афзуда, ки ҳамсуҳбатон аҳамияти тавсеаи ҳамкориҳо дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва ниҳодҳои молиявиро таъкид карданд.

36
Барчаспҳо:
муовини вазир, суҳбат, суҳбат, Бритониёи Кабир, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Маълум шуд, ки Майк Тайсон ва Рой Ҷонс дар муҳорибаи ахирашон чандпулӣ гирифтанд

0
(Таҷдидшуда 15:51 01.12.2020)
Маълум шуд, ки нобиғаҳои бокси ҷаҳон Майк Тайсон ва Рой Ҷонс барои баргузории муборизаи ахирашон чӣ қадар маблағ гирифтанд

ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Бино ба иттилои Комиссияи Атлетикии Калифорния, ки дар сафҳаи Твиттерияш нашр кард, ситораҳои ҷаҳонии бокс маблағи баробар мегиранд.

Ба иттилои манбаъ, пардохтҳо барои муҳориба пардохти бидуни тарҳ аз фурӯши пахши барномаҳои пулакӣ ва таблиғ ба ҳарду варзишгар 1 миллион долларӣ расидааст.

Ноибтғаи бокс, Майк Тайсон охири моҳи апрел аз бозгашти дубораи худ пас аз 15 сол ба майдони муҳориба эълон карда буд.

Ахиран 29 ноябр Дар Лос-Анҷелес муҳорибаи миёни ду муштзани машҳури ҷаҳон доир шуд. Майк Тайсон ба рақиби ҷавонтараш тавоноии худро пурра нишон дод, аммо ҳайати доварон эълон карданд, ки муҳориба бидуни ғолиб анҷом ёфт.

Ситораи ҷаҳониии бокс, Майк Тайсон охири моҳи апрели соли ҷорӣ аз бозгашти дубораи худ пас аз 15 сол ба майдони муҳориба эълон карда буд.

Ин варзишкори машҳур дар замони фаъолияти касбияш 50 муҳорибаро бурда, 44 рақобатро ба таври нокаут ба анҷом расонидааст. Ӯ ҳамчунин 6 рақобатро бохтааст. 

Гузашта аз ин боз ду набардӣ ӯ беэътибор дониста шуда буд.

Охирин баромади ӯ дар майдони бокс санаи 11-ми июли соли 2005 бо муштзани ирландӣ Кевин Макбрайди буд.

Рой Ҷонси хурдӣ 50 сол дошта, собиқ қаҳрамони ҷаҳон дар панҷ категорияи вазнӣ буд, карераи варзишиашро соли 2018 ҷамъбаст карда буд.

Натиҷаи баҳсбарангез: муҳорибаи Майк Тайсон ва Рой Джонс бидуни ғолиб анҷом ёфт

Номбурда дар умум 66 маротиба дар мадони бокс ғолиб омада, 47 тоашро бо нокаут анҷом дода, ду бохт низ дорад.

0
Барчаспҳо:
маблағи пулӣ, муҳориба, муштзанӣ, Майк Тайсон