Майя Санду

Майя Санду дар интихоботи президентии Молдова Игор Додонро шикаст дод

314
(Таҷдидшуда 13:39 16.11.2020)
Тибқи маълумоти пешакии Кумитаи марказии интихоботии Молдова, дар интихоботи президентӣ пешвои оппозитсияи тарафдори Аврупо Майя Санду пирӯз мешавад

ДУШАНБЕ, 16 Ноябр - Sputnik. Сарвазири собиқи Молдова ва раҳбари Ҳизби Амал ва Ҳамбастагӣ Майя Санду дар даври дуввуми интихоботи президентӣ пешсаф аст, хабар медиҳад Комиссияи марказии интихобот.

Тибқи маълумоти охирин, вай 56,28% овоз гирифта, аз президенти феълӣ Игор Додон, ки 46,6% овозҳоро ба даст овард, гузаштааст.

Ҳамин тариқ, Сандуро беш аз 910 ҳазор шаҳрвандони Молдова ва Додонро зиёда аз 689 ҳазор нафар дастгирӣ карданд.

Гуфта мешавад, дар маҷмӯъ КМИР-и кишвар 99% санадҳоро коркард карда, ҳама бюллетенҳои дохилӣ ҳисоб карда шудаанд.

Комиссияи марказии интихобот овозҳоро аз 20 участкаи дигари интихоботии хориҷӣ мешуморад.

Хотиррасон мекунем, ки даври дуввуми интихоботи президентӣ дар Молдова як рӯз пеш баргузор шуда буд. Шаҳрвандони ин кишвар сарвари давлатро барои чаҳор соли оянда интихоб карданд.

Роҳбари феълии Молдова Игор Додон, ки барои бори дуюм номзади худро пешниҳод карда буд, рақиби Санду шуд.

Тибқи маълумоти охирини КМИР, дар интихобот 52,76% ширкат варзиданд.

314
В Дамаске Министр иностранных дел и мигрантов Сирийской Арабской Республики Фейсал аль-Микдод принял Чрезвычайного и Полномочного Посла Республики Таджикистан в Государстве Кувейт Зубайдулло Зубайдзода

Зувайдзода бо вазири навтаъйини Сурия баргардондани тоҷикистониёнро баррасӣ кард

142
(Таҷдидшуда 17:07 04.12.2020)
Зувайдулло Зувайдзода, сафири Тоҷикистон дар Қувайт бо вазири навтаъйини умури хориҷии Сурия баргардондани тоҷикистониёнро аз ин кишвар баррасӣ кард

ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, Файсал ал-Миқдод, вазири корҳои хориҷӣ ва муҳоҷирини Ҷумҳурии Арабии Сурия, Зубайдулло Зубайдзодаро ба ҳузур пазируфт.

Манбаъ афзуд, ки мулоқот 3 декабр дар шаҳри Димишқ баргузор шуда, ҷонибҳо баргардондани тоҷикистониёнро аз Сурия баррасӣ кардаанд.

"Дар мулоқот масъалаи баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон ба Ватан аз урдугоҳи ал-Ҳавл, густариш ва тақвияти ҳамкориҳо дар арсаҳои мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ гардида, перомуни вазъияти Ховари Миёна табодули афкор сурат гирифт”, - омадааст дар иттилоияи ВУХ.

Сафири тоҷик инчунин номаи табрикии вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддинро ба Файсал ал-Миқдод ба муносибати таъйин гардиданаш ба вазифаи вазири корҳои хориҷӣ ва муҳоҷирини Сурия супоридааст.

142
Барчаспҳо:
ҷангҷӯй, мулоқот, Сурия, Тоҷикистон
Ҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон, акс аз бойгонӣ

Зариф гуфт, Эрон дубора дар бораи тавофуқоти ҳастаӣ музокирот намекунад

78
(Таҷдидшуда 13:27 04.12.2020)
Вазири умури хориҷаи Эрон мегӯяд, ИМА бояд бидуни шартгузориҳои ҷадид ба тааҳудоташ дар тавофуқи ҳастаии Барҷом ҳамон тавре, ки дар қатъномаи 2231 Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид омадааст, амал кунад

ДУШАНБЕ, 4 дек – Sputnik. Муҳаммадҷавод Зариф, вазири хориҷии Эрон, зимни нишасти маҷозии гуфтугӯҳои Медитарона гуфт, барои он чизе, ки дар тавофуқи ҳастаӣ ба даст оварданд, дубора музокира нахоҳанд кард.

“Урупо ва Амрико бояд ба иҷрои тавофуқи ҳастаӣ тааҳуд дошта бошанд ва Амрико ҳам дар ҷойгоҳе нест, ки бихоҳад шарт бигзорад. Агар тарафҳои Барҷом ба тааҳудоташон амал накунанд, қонуни "иқдоми роҳбурдӣ барои лағви таҳримҳо ва сиёнат аз  ҳуқуқи миллати Эрон” иҷро хоҳад шуд",- гузориш дод радиои тоҷикии Садои Хуросон аз қавли вазири умури хориҷаи Эрон.

Манбаъ афзуд, бар асоси қонуни "иқдоми роҳбурдӣ барои лағви таҳримҳо ва сиёнат ё худ ҳифозат аз ҳуқуқи миллати Эрон", ки 9 модда дорад, давлати Эрон муваззаф аст дар сурати иҷро нашудани тааҳудоти кишварҳои тарафи тавофуқи ҳастаӣ, як моҳ пас аз тасвиби ин қонун иҷрои довталабонаи санади протоколи илҳоқиро мутаваққиф кунад.

Протоколҳои илҳоқӣ санадест, ки ба муҷиби он кишварҳои узви МАГАТЭ ба бозрасони агентӣ иҷозаи бозрасӣ аз ҳар маконе, ки зарурӣ бидонанд, медиҳанд.

Сафорати Эрон дар Тоҷикистон қатли Мӯҳсин Фахризодаро иқдоми террористӣ донист

Вазири умури хориҷаи Эрон ҳамчунин дар вокуниш ба сукути се кишвар - Олмон, Фаронса ва Англия дар қиболи террори доктор Муҳсин Фахризода донишманди ҳастаии Эрон гуфт: "Террори доктор Фахризода як таҷовузи байналмилалӣ аст ва мо ҳанӯз мунтазирем Англия, Фаронса ва Олмон онро маҳкум кунанд".

78
Барчаспҳо:
БАРҶОМ, созишнома, тавофуқи ҳастаӣ, Эрон
Филиал МГУ в Душанбе. Архивное фото

Таъйини мудири нави бахши душанбегии Донишгоҳи давлатии Маскав

0
(Таҷдидшуда 23:40 04.12.2020)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои қарори Ҳукумат дар раёсати бахши тоҷикистонии Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов тағйироти кадрӣ анҷом дод

ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Тибқи қарори Ҳукумат,  Мирзоев Сайаъло Ҳабибуллоевич, ки аз аввали соли 2015  ба ҳайси мудири иҷроияи филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В.Ломоносов дар шаҳри Душанбе кор мекард, аз вазифа озод карда шуд.

Дар қарор далели барканории Сайъало Мирзоев гузаштан ба кори дигар арзёбӣ шудааст, аммо феълан маълум нест, ки ӯ чӣ вазифа мегирад.

Шоири тоҷик Карим Ҳайдар ба медали "Сергей Есенин"-и Русия сазовор шуд

Бо қарори дигари  Ҳукумат, Ғаниев Рустам Ғафурович мудири иҷроияи филиали Донишгоҳи давлатии Маскав  ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе таъйин гардид.

Филиали Донишгоҳи давлатии Маскав дар шаҳри Душанбо соли 2009 бо фармони президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шуда, феълан яке аз муассисаҳои бонуфузи таълимӣ дар ҷумҳурӣ мебошад.

0
Барчаспҳо:
донишгоҳ, Душанбе, Тоҷикистон