Премьер-министр Армении Никол Пашинян

Пашинян худро ҷавобгар барои Қарабоғ хонду гуфт, пеши додгоҳи мардумӣ бояд муҳокима шавад

712
(Таҷдидшуда 14:42 16.11.2020)
Никол Пашинян, нахуствазири Арманистон худро масъули вазъ дар Қарабоғи куҳӣ хонда, таъкид намуд, ки бояд пеши “додгоҳи мардумӣ” муҳокима шавад

ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Сарвазири Арманистон зимни нишасти матбуотии онлайнӣ гуфт, дарк мекунад, ки ҷавобгари асосии вазъ ӯ мебошад.

“Албатта ман дарк мекунам, ман мақомдори рақами як ва ҷавобгари вазъи феълӣ мебошам. Ин ҷо шаке нест. Мефаҳмам, ки ман бояд пеши шартан гӯем додгоҳи мардумӣ муҳокима шавам. Аммо дар вазъи феълӣ, додрас – халқ бояд тамоми ҷанбаҳои қазияро донад, бояд муколама бо низомиён, мухолифин ва ҳукумат бошад”, - таъкид кард Пашинянд.

Ӯ афзуд, ки натавонист зарфияти “истодагарӣ”-и Арманистонро таҳким бахшаду мантиқи музокиротро тағйир диҳад. Нахуствазири Арманистон таъкид намуд, ки феълан масъалаи асосӣ мақоми Қарабоғи куҳӣ ва дигар масоили гуманитарӣ мебошад.

Ба гуфтаи Пашинян, далели асосии муваффақ нашудани Арманистон дар Қарабоғи куҳӣ Туркия ва пайдо шудани террористон дар минтақа мебошад.

Қаблан Арманистон, Озорбойҷон ва Русия созишномаи сеҷонибаи оташбасро имзо карданд, ки бар асоси он ҷонибҳо дар нуқтаҳои қарордоштаашон меистанду Арманистон то аввали декабр қисмате аз ноҳияҳоро ба Озорбойҷон бармегардонад. Субот дар минтақаро нерӯҳои тақрибан дуҳазорнафарии сулҳсозони Русия таъмин мекунанд.

712
Барчаспҳо:
Қарабоғи Кӯҳӣ, Арманистон
Президент Азербайджана Ильхам Алиев

Алиев гуфт, ки кӯшиши вайрон кардани созишномаи Қарабоғ вуҷуд дорад

221
(Таҷдидшуда 14:35 01.12.2020)
Сарфи назар аз он, ки режими оташбас дар Қарабоғи Кӯҳӣ ба таври умум риоя карда мешавад, кӯшишҳо барои вайрон кардани созишномаи сеҷонибаи минтақа байни Русия, Озарбойҷон ва Арманистон вуҷуд доранд

ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Ин нуктаро Илҳом Алиев зимни паёмаш ба мардуми озарбойҷон изҳор доштааст, хабар медиҳад РИА Новости.

“Агар касе мехоҳад созишномаи 10 ноябр имзошударо вайрон кунад, мо ҷавоби қатъӣ медиҳем. Чунин кӯшишҳо ҳастанд ва онҳо як ҳадаф доранд - созишномаро вайрон кардан, зеро барои баъзеҳо ин хеле нороҳаткунанда аст. Аммо ҳеҷ кас ба кори мо дахолат карда наметавонад, созишнома бояд иҷро шавад”, - гуфтааст Алиев.

Сулҳ дар Қаробоғи Кӯҳӣ: кӣ барои чӣ меҷангид?

Ҳамзамон раҳбари Озарбойҷон гуфтааст, дар умум созишномаи оташбас риоя мешавад.

Қаблан маълум буд, ки минтақаи Лочин таҳти назорати Боку гузаштааст - сеяки охирин, ки дар санади сулҳ номбар шуда буд.

Артиши Русия дар Степанакерт бемористон таъсис дод

Рӯзи 10 ноябр сарони Русия, Озарбойҷон ва Арманистон дар бораи қатъи комили ҷанг дар Қарабоғ созишнома имзо карданд. Арманистон ваъда дод, ки минтақаҳои Келбаҷар, Лочин ва Агдамро ба озарбойҷониҳо бармегардонад.

Тарафҳо бояд маҳбусон ва ҷасади мурдагонро иваз кунанд. Дар минтақа нерӯҳои посдори сулҳи Русия мустақаранд ва маркази назоратии Русияву Туркия таъсис дода мешавад.

Дар Боку ин созишнома таслимшавии Ереван ном дошт. Президент Илҳом Алиев таъкид кард, ки ин санад аз ҳама бештар барои Озарбойҷон муфид аст: ҳоло, ба гуфтаи ӯ, марҳилаи низомӣ ба анҷом расидааст ва гузаштан ба масъалаҳои сиёсӣ имконпазир аст.

Сулҳбонони рус роҳҳоро дар Қарабоғ барқарор мекунанд - навор

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян эътироф кард, ки қарори сулҳ ба ӯ сахт вазнин буд, аммо ин ба ӯ имкон дод, ки он чизеро, ки Қарабоғ гум мекард, наҷот диҳад.

Садои тирпаррониро намешунавем: роҳбари сулҳҷӯён дар бораи вазъ дар Қаробоғи Кӯҳӣ

Пас аз он, дар Ереван тазоҳурот бо талаби истеъфои сарвари ҳукумат оғоз ёфт.

221
Барчаспҳо:
оташбас, созиш, Арманистон, Озарбойҷон, Русия
Онлайн-встреча с Парламентским заместителем государственного секретаря Великобритании

Тоҷикистону Бритониё якҷо бар зидди COVID - 19 мубориза мебаранд

53
(Таҷдидшуда 13:52 01.12.2020)
Намояндагони Тоҷикистону Бритониёи Кабир муборизаи муштарак бар зидди ҳамагирии коронавирус ва паёмадҳои тағйирёбии иқлимро баррасӣ карданд

ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Муовини вазири корҳои хориҷӣ Музаффар Ҳусейнзода бо муовини парлумонии котиби давлатии Подшоҳии Бритониёи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ хонум Венди Мортон тариқи видео суҳбат кардааст.

Дар ин бора вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Урупо фили амрикоиро монда мӯрчаи белорусиро қапид

Бино ба гузориши манбаъ, ҷонибҳо ба рушди робитаҳои дуҷониба дар масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ изҳори ҳавасмандӣ кардаанд.

"Дар суҳбат масъалаҳои муборизаи муштарак бо ҳамагирии COVID-19 ва коҳиши паёмадҳои тағйирёбии иқлим мавриди баррасӣ қарор гирифтанд", - омадааст дар хабарнома.

Олимони бритонӣ се нишонаи нави коронавирусро ном бурданд

Манбаъ афзуда, ки ҳамсуҳбатон аҳамияти тавсеаи ҳамкориҳо дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва ниҳодҳои молиявиро таъкид карданд.

53
Барчаспҳо:
муовини вазир, суҳбат, суҳбат, Бритониёи Кабир, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Кормандони тиб дар беморхона, акс аз бойгонӣ

Омори охири гирифторӣ, шифо ва фавт аз COVID-19 дар Тоҷикистон

0
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, шабонарӯзи гузашта дар кишвар ягон ҳолати фавт аз коронавирус сабт нашудааст. Охирон ҳолати фавт аз COVID-19 дар Тоҷикистон ба иттилои расмӣ 18 ноябр сабт шудааст

ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ 37 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ошкор гардид.

Ба иттилои манбаъ, шумораи умумии сироятёфтагон ба коронавирус аз 30 апрел то 1 декабр ба 12 ҳазору 231 нафар расид.

Манбаъ таъкид кард, ки давоми шабонарӯзи охир 41 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба  11 ҳазору 640 баробар гардид.

Маъракаи ташхиси ройгон аз бемории СПИД дар Хуҷанд – акс

Зикр шудааст, ки ҳамчунин дар муддати аз 30 апрел то 1 декабр бар асари ин беморӣ 86 нафар фавтидаанд. Бар асоси иттилоияи расмӣ, тайи қариб ду ҳафтаи охир ягон ҳолати нави фавт аз коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Вазорати тандурустӣ таъкид намуд, ки 95,1%-и гирифторони коронавирус дар кишвар то ҳол аз ин беморӣ шифо ёфтаанд.

0
Барчаспҳо:
таманнои шифои комил, беморӣ, Тоҷикистон