Президент России Владимир Путин (слева) беседует с президентом США Бараком Обамой

Обама Путинро бо "босс"-и мафияи Чикаго муқоиса кард

532
Собиқ президенти Амрико, Барак Обама дар ҷилди аввали китоби ёддошташ нақл кардааст, ки аз раисҷумҳурони Русия чӣ бардоште дорад

ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik. Собиқ раисҷумҳури Амрико, Барак Обама нахустин китоби хотираҳояшро нашр кард ва ба фурӯш баровард. Дар он вай ҳамчунин дар бораи мулоқотҳояш бо Владимир Путин ва Дмитрий Медведев нақл кард.

Барак Обама дар китоби худ менависад, ки Путин ба "босси хиёбонии ҷиддие монанд буд, ки мафияи Чикагоро роҳбарӣ мекард".

Обама ҳамчунин менависад, ки Путин "на танҳо ба маҷбур кардан амал мекард", балки "дар ҳақиқат машҳур буд".

Дар ҳамин ҳол, собиқ раисҷумҳури Амрико собиқ президенти Русия, Дмитрий Медведевро тамоман дигар тасвир карда, навиштааст, ки "ӯ ба назарам бештар ба мушовир дар масоили мудирияти байналмилалӣ" монанд буд, то сиёсатмадор. 

"Ба Трамп даф шав мегӯянд": Путин дар бораи бесарусомониҳо дар Амрико

"Президент Дмитрий Медведев дар ҳамин ҳол, Русияи навро таҷассум мекард: ҷавон, аҳли варзиш ва  либосаш низ аврупоӣ. Росташ, ӯ ҳукумати амалии Русия набуд", - афзудааст Обама дар китобаш.

Ӯ ҳамчунин навиштааст, ки Медведев бо пешниҳодҳои аҷибаш дар тааҷҷуб мегузошт.

 

532
Барчаспҳо:
хотира, китоб, Владимир Путин, Борак Обама, Русия
Президент Белоруссии Александр Лукашенко

Ваъдаи Лукашенко ба мардумаш: ором шавед, тибқи Сарқонуни нав президент нахоҳам буд

768
(Таҷдидшуда 12:31 28.11.2020)
Александр Лукашенко, президенти Белорус гуфт, кай курсии раҳбарии ин кишварро, ки дар интихоботи ахир барои расидан ба он  кашмакашҳои зиёдро ба бор овард, канор мегузорад

ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Раҳбари Белорус Александр Лукашенко гуфт, ки тибқи конститутсияи нав давлатро раҳбарӣ намекунад, хабар медиҳад Sputnik Белорус.

"Ман барои худ ягон конститутсия намесозам. Ман бо шумо ҳамчун президент бо конститутсияи нав кор нахоҳам кард. Аз ин рӯ, ором шавед, оромона таҳаммул кунед", - гуфтааст, Лукашенко.

Президент инчунин гуфт, ки ӯ ҳеҷ гоҳ иҷозат намедиҳад, ки "баъди қабули конститутсияи нав, касе қаллобӣ кунад ё баъдан касе тибқи конститутсияи нав интихоботро қалбакӣ шуморад".

"Ҳатто агар бидонам, он чи ки ин ман мехоҳам нахоҳад буд. Чаро? Зеро мардуми Беларус бояд он чиро, ки бояд аз сар гузаронанд, паси сар кунанд. Беҳтар аст, ки ҳоло бидуни ҷанг, бадтар аст, агар ин ҷанг ба мо таҳмил шавад", - гуфт Лукашенко.

Қаблан ӯ изҳор карда буд, ки лоиҳаи Сарқонуни навшуда дар аввали соли 2021 барои муҳокимаи умум пешниҳод карда мешавад.

Эътирозҳо дар Белорус дар шакли нав доир шуданд - видео

Тавре Лукашенко қайд кард, нашри сеюм омода мешавад, зеро ду нусхаи қаблӣ ба ӯ мувофиқ набуданд.

Ба гуфтаи Лукашенко, Қонуни асосии нав бояд диди муштаракро дар бораи ояндаи Белорус инъикос кунад.

Вай таъкид кард, ки мардуми Белорус тасмим хоҳанд гирифт, ки Сарқонуни нав чӣ хоҳад буд.

Сад рӯзи эътирозоти Белорус дар сад сония - навор

Дар Беларус алайҳи натиҷаҳои интихоботи президентии моҳи август эътирозҳои оммавӣ идома доранд. Тибқи иттилои Комиссияи марказии интихобот, Лукашенко бо 80,1 фоизи овозҳо пирӯз шуд, аммо мухолифон бо он розӣ нестанд.

                                                               

768
Барчаспҳо:
президент, сарқонуни ҷадид, Александр Лукашенко, Белорус
Председатель Совета Федерации РФ Валентина Матвиенко и глава палаты парламента Таджикистана Рустам Эмомали

Муҳоҷиру пулу гӯшаи тоҷикон: натиҷаҳои нахустсафари расмии Рустами Эмомалӣ ба Маскав

1430
(Таҷдидшуда 21:09 25.11.2020)
Нахустин сафари расмии Рустами Эмомалӣ дар Маскав, ки зимни он ба ҳайси раиси Маҷлиси миллӣ бо аъзои парлумони Русия ва ба ҳайси шаҳрдори Душанбе бо Сергей Собянин мулоқот кард, анҷом ёфта истодааст

ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Зимни ҷаласаи муштарак Валентина Матвиенко, раиси палатаи болоии парлумон ва Рустами Эмомалӣ самтҳои асосии ҳамкории ду кишвар – саноат, тиҷорат ва ҳамкории минтақаваиро муайян намуданд.

Раиси Маҷлиси миллӣ гуфт, гарчанде Русия тайи солҳои зиёд шарики асосии тиҷории Тоҷикистон мебошад (гардиши мол тайи 8 моҳи 2020 ҳудуди 720 миллион доллар), имкониятҳои истифоданашудаи ҳамкорӣ ҳанӯз зиёданд.

“Ҳиссаи сармоягузориҳои мустақими Русия ҳанӯз ҳам ба имконоти мавҷуда ҷавобгӯй набуда, зарфиятҳои ҳамкории иқтисодии Русия ва Тоҷикистон пурра истифода нашуда истодааст”, - изҳор дошт ӯ.

Валентина Матвиенко дар навбати худ аҳамияти сафари раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистонро таъкид карда, афзуд, ки он таконе барои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Русия хоҳад шуд.

Ба гуфтаи ӯ, яке аз монеаҳои асосии рушди ҳамкориҳои иқтисодии дуҷониба коғазбозиҳои зиёд ва расмиёти мураккаб мебошад.

“Бюрократияи зиёдатию таъхиркориҳо монеи рушди ҳамкорӣ дар ин бахш мебошанд. Барои ин ба хулоса расидем, ки як роҳҳалро таҳия кунем. Тариқи кумитаҳои соҳавӣ ҳамоҳангсозиро вусъат бахшида, заминаи ҳуқуқию шартномавиро таҳким мебахшем”, - изҳор дошт раиси Шӯрои Федератсия.

Ба гуфтаи ӯ, миёни Душанбе ва Маскав баъзе нофаҳмиҳо дар масъалаи устуворсозии заминаи ҳуқуқӣ-шартномавӣ вуҷуд дорад. Ва аъзои парлумони ду кишвар метавонанд барои ҳамоҳангӣ ва тезондани тасвиби ҳуҷҷатҳо созиш кунанд.

Рустами Эмомалӣ инчунин бо ноиби раиси Ҳукумати Русия, Алексей Оверчук, ки ҳамраисии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия дар умури ҳамкориҳои иқтисодиро низ ба уҳда дорад, мулоқот намуд.

Таваҷҷуҳи махсус ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ равона карда шуд. Аз ҷумла Оверчук ва Рустами Эмомалӣ ҳамкорӣ дар бахши куҳкорӣ, саноати коркард, бахши энергетикаю сӯзишворӣ ва хоҷагии қишлоқро баррасӣ намуданд.

Масъалаи содироту воридоти маҳсулоти ғизоӣ, аз ҷумла меваю сабзавот аз мавзӯъҳои меҳварии мулоқот буд.

Албатта ҷонибҳо соҳаи гуманитариро низ бетаваҷҷуҳ нагузоштанд. Рустами Эмомалӣ бо аъзои парлумони Русия масоили вусъат бахшидани сохтмони макотиби русӣ дар Тоҷикистонро ба миён гузошту Валентина Матвиенко аз Рустами Эмомалӣ хост ба ҷавонон таваҷҷуҳ дода шавад.

“Ман ҷонибдори барқарорсозии ҳарчи зудтари ҳамкориҳо дар бахшҳои гуманитарӣ, афзоиш дар бахши фарҳангу маориф, варзиш ва албатта ҷавононам”, - таъкид кард раиси Шӯрои Федератсия. Ӯ давом дод, ки дар дунё созмону ҳаракатҳои ифротию террористӣ зиёданд, ки барои мағзи ҷавонон талош мекунанд. Мо бояд пешдастӣ кунем, тариқи табодули таҷриба бояд ҳарчи бештар лоиҳаҳо ва маъракаҳоро амалӣ созем.

Аз ҷумлаи иқдоми мушаххас пешниҳод гардид, ки дар 20-солаи наздик теъдоди намояндагиҳои донишгоҳҳои Русия дар Тоҷикистон афзоиш дода шавад. Таъкид гардид, ки дар заминаи макотиби Маскав барои омӯзгорони забони русии макотиби Душанбе ва дар заминаи беморхонаҳо барои табибони тоҷикистон курсҳои такмили ихтисос гузаронда шаванд.

Барои Рустами Эмомалӣ дар мулоқот бо аъзои парлумон ва ҳукумати Русия масъалаи муҳоҷирони меҳнатӣ буд. Ӯ дар бораи расмиёти содаи ҷалби муҳоҷирони тоҷик ба кор, барқарорсозии парвозҳо ва пешгирии паҳншавии коронавирус миёни муҳоҷирон суҳбат кард.

Масъалаи муҳоҷиронро инчунин дар мулоқот бо ҳамтои русиягияш, Сергей Собянин низ баррасӣ намуданд.

Зимни гуфтушунид густариши ҳамкориҳо дар бахши тиҷорату иқтисод фарҳангу гуманитарӣ ва роҳандозии равобити бевосита миёни хоҷагидорон баррасӣ шудаанд.

Собянин ва Рустами Эмомалӣ зарурати афзоиши ҳамкорӣ дар бахши маориф, тандурустӣ, сайёҳӣ ва навсозии техникию моддии хоҷагиҳои коммуналиро таъкид намудаанд.

Инчунин ба иттилои котиботи шаҳрдории Маскав, ҷонибҳо таъсиси гӯшаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи “ВДНХ”-ро баррасӣ кардаанд, ки дар он ҷо аз соли 1939 то 1965 вуҷуд дошт.

Натиҷаи музокирот имзои Барномаи ҳамкорӣ барои солҳои 2020 – 2023 миёни Маскав ва Душанбе шуд.

Дар баробари мулоқот бо Матвиенко, Собянин ва Оверчук, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон бо раиси Думаи давлатии Русия, Вячеслав Володин музокироти телефонӣ анҷом дод.

Зимни суҳбат аз ҷумла баргузории Ассамблеяи парлумонии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардидааст, ки санаи эҳтимолии он охири марти соли 2021 мебошад.

1430
Барчаспҳо:
мулоқот, Русия, Тоҷикистон
Фирӯза Шарифӣ, муовини раиси вилояти Хатлон

Фирӯза Шарифӣ номзади илм шуд

0
(Таҷдидшуда 13:04 30.11.2020)
Фирӯза Шарифӣ, муовини раиси вилояти Хатлон, бар асоси қарори Комиссияи олии аттестатсионии назди раисиҷумҳури Тоҷикистон, унвони номзади илмро гирифт

ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik.  Носирҷон Маъмурзода, сухангӯи ҳукумати Хатлон, хабар додааст, ки Шарифӣ Фирӯза Бурихонзода дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ гирифтааст ва дар идома ӯро шодбош гуфтааст.

Шарифӣ, ки аз соли 2016 то баҳори соли равон вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, бо дар мувофиқа бо раисиҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон, муовини раиси Хатлон таъйин шуда буд.

Бар асоси ҳолнома, Шарифӣ 6 октябри соли 1973 дар ноҳияи Ҳамадонӣ таваллуд шудааст. Оиладор, модари як фарзанд мебошад.

Дар тарҷумаи ҳол таъкид шудааст, ки солҳои 1995, 2014 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисосҳои филологи тоҷик ва иқтисодчӣ хатм намудааст. Забонҳои русӣ ва англисиро медонад.

Бо мукофотҳои давлатию соҳавӣ, аз ҷумла Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2008) ва Ифтихорномаи раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (2014) сарфароз гардонида шудааст.

Фирӯза Шарифӣ тӯли солҳои гуногун ба ҳайси муҳаққиқ-коромӯзи кафедраи забони муосири тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, мушовири шуъбаи маорифи ноҳияи Восеъ, сармутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонони ноҳияи Восеъ, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи ноҳияи Восеъ, сардори Раёсати кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон, ҳамзамон раиси бахши Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, мудири шуъбаи кор бо занони Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муовини Раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон фаъолият кардааст.

0
Барчаспҳо:
номзадҳо, илм, Тоҷикистон