Президент США Дональд Трамп

Шарти қабули шикасти Трамп дар интихоботи президентии Амрико эълон шуд

776
(Таҷдидшуда 11:38 22.11.2020)
Ҳайати мушовирони Доналд Трамп эълон кард, ки ӯ дар сурати эъломи додгоҳи олии федерал шикаст дар интихоботро мепазирад

ДУШАНБЕ, 22 ноя – Sputnik. Бино ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи интернетии "Скай Нюз", Габриэл Сома узви ҳайати мушовирони Доналд Трамп раиси ҷумҳурии Амрико рӯзи шанбе гуфт: "дар сурате, ки Додгоҳи олии федерал эълом кунад ҳеч навъ тахаллуфе, ки бар раванди интихобот ва натоиҷи он таъсир бигзорад, рух надодааст, Трамп пирӯзии Ҷо Байден рақиби демократи худро ба расмият хоҳад шинохт".

Бино ба таъкиди мушовири раиси ҷумҳурии амалкунандаи Амрико  дар сурати эъломи пирӯзии номзади Байден аз ҷониби Додгоҳи олии федерал, Трамп ба ин тасмим эҳтиром хоҳад гузошт ва раванди таҳвили қудратро ба шакли табиӣ анҷом хоҳад дод.

Раисиҷумҳури Амрико бо вуҷуди пештозии Ҷо Байден рақиби демократаш дар раъйҳои ҳайати интихоботӣ ва мардумӣ ҳоло ҳам натиҷаи интихоботи президентиро напазируфт.

Ба гуфтаи Доналд Трамп дар интихоботи президентии Амрико, ки сеюми ноябр барпо шуд тақаллуб ҷой дорад.

Собиқ сухангӯи Департаменти Амрико мегӯяд, Доналд Трамп эҳтимол зиндонӣ шавад

Ёдовар мешавем Ҷо Байден, намоянда аз демократҳои Амрико бо дарёфти 273 раъйи ҳайати интихоботӣ ҳарифаш президентӣ феълӣ Доналд Трампро шикаст дод.

Гуфта мешавад, дар интихоботи президентии соли 2020 дар Амрико дар тайи 120 сол бори аввал шумораи зиёди интихобкунандагон ҳозир шуданд.

Ҷо Байден Доналд Трампро шикаст дод: президенти нави Амрико кист?

Рекорди пештара дар кишвар соли 1900 ба қайд гирифта шуда буд. Он вақт дар интихобот 73, 7 дар сади интихобкунадагон ҳозир шуда буданд, ин дафъа 66,9 дар сади сокинони Амрико дар интихобот иштирок карданд.

776
Барчаспҳо:
интихобот, президент, Доналд Трамп, ИМА
Председатель Совета Федерации РФ Валентина Матвиенко и глава палаты парламента Таджикистана Рустам Эмомали

Муҳоҷиру пулу гӯшаи тоҷикон: натиҷаҳои нахустсафари расмии Рустами Эмомалӣ ба Маскав

1222
(Таҷдидшуда 21:09 25.11.2020)
Нахустин сафари расмии Рустами Эмомалӣ дар Маскав, ки зимни он ба ҳайси раиси Маҷлиси миллӣ бо аъзои парлумони Русия ва ба ҳайси шаҳрдори Душанбе бо Сергей Собянин мулоқот кард, анҷом ёфта истодааст

ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Зимни ҷаласаи муштарак Валентина Матвиенко, раиси палатаи болоии парлумон ва Рустами Эмомалӣ самтҳои асосии ҳамкории ду кишвар – саноат, тиҷорат ва ҳамкории минтақаваиро муайян намуданд.

Раиси Маҷлиси миллӣ гуфт, гарчанде Русия тайи солҳои зиёд шарики асосии тиҷории Тоҷикистон мебошад (гардиши мол тайи 8 моҳи 2020 ҳудуди 720 миллион доллар), имкониятҳои истифоданашудаи ҳамкорӣ ҳанӯз зиёданд.

“Ҳиссаи сармоягузориҳои мустақими Русия ҳанӯз ҳам ба имконоти мавҷуда ҷавобгӯй набуда, зарфиятҳои ҳамкории иқтисодии Русия ва Тоҷикистон пурра истифода нашуда истодааст”, - изҳор дошт ӯ.

Валентина Матвиенко дар навбати худ аҳамияти сафари раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистонро таъкид карда, афзуд, ки он таконе барои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Русия хоҳад шуд.

Ба гуфтаи ӯ, яке аз монеаҳои асосии рушди ҳамкориҳои иқтисодии дуҷониба коғазбозиҳои зиёд ва расмиёти мураккаб мебошад.

“Бюрократияи зиёдатию таъхиркориҳо монеи рушди ҳамкорӣ дар ин бахш мебошанд. Барои ин ба хулоса расидем, ки як роҳҳалро таҳия кунем. Тариқи кумитаҳои соҳавӣ ҳамоҳангсозиро вусъат бахшида, заминаи ҳуқуқию шартномавиро таҳким мебахшем”, - изҳор дошт раиси Шӯрои Федератсия.

Ба гуфтаи ӯ, миёни Душанбе ва Маскав баъзе нофаҳмиҳо дар масъалаи устуворсозии заминаи ҳуқуқӣ-шартномавӣ вуҷуд дорад. Ва аъзои парлумони ду кишвар метавонанд барои ҳамоҳангӣ ва тезондани тасвиби ҳуҷҷатҳо созиш кунанд.

Рустами Эмомалӣ инчунин бо ноиби раиси Ҳукумати Русия, Алексей Оверчук, ки ҳамраисии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия дар умури ҳамкориҳои иқтисодиро низ ба уҳда дорад, мулоқот намуд.

Таваҷҷуҳи махсус ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ равона карда шуд. Аз ҷумла Оверчук ва Рустами Эмомалӣ ҳамкорӣ дар бахши куҳкорӣ, саноати коркард, бахши энергетикаю сӯзишворӣ ва хоҷагии қишлоқро баррасӣ намуданд.

Масъалаи содироту воридоти маҳсулоти ғизоӣ, аз ҷумла меваю сабзавот аз мавзӯъҳои меҳварии мулоқот буд.

Албатта ҷонибҳо соҳаи гуманитариро низ бетаваҷҷуҳ нагузоштанд. Рустами Эмомалӣ бо аъзои парлумони Русия масоили вусъат бахшидани сохтмони макотиби русӣ дар Тоҷикистонро ба миён гузошту Валентина Матвиенко аз Рустами Эмомалӣ хост ба ҷавонон таваҷҷуҳ дода шавад.

“Ман ҷонибдори барқарорсозии ҳарчи зудтари ҳамкориҳо дар бахшҳои гуманитарӣ, афзоиш дар бахши фарҳангу маориф, варзиш ва албатта ҷавононам”, - таъкид кард раиси Шӯрои Федератсия. Ӯ давом дод, ки дар дунё созмону ҳаракатҳои ифротию террористӣ зиёданд, ки барои мағзи ҷавонон талош мекунанд. Мо бояд пешдастӣ кунем, тариқи табодули таҷриба бояд ҳарчи бештар лоиҳаҳо ва маъракаҳоро амалӣ созем.

Аз ҷумлаи иқдоми мушаххас пешниҳод гардид, ки дар 20-солаи наздик теъдоди намояндагиҳои донишгоҳҳои Русия дар Тоҷикистон афзоиш дода шавад. Таъкид гардид, ки дар заминаи макотиби Маскав барои омӯзгорони забони русии макотиби Душанбе ва дар заминаи беморхонаҳо барои табибони тоҷикистон курсҳои такмили ихтисос гузаронда шаванд.

Барои Рустами Эмомалӣ дар мулоқот бо аъзои парлумон ва ҳукумати Русия масъалаи муҳоҷирони меҳнатӣ буд. Ӯ дар бораи расмиёти содаи ҷалби муҳоҷирони тоҷик ба кор, барқарорсозии парвозҳо ва пешгирии паҳншавии коронавирус миёни муҳоҷирон суҳбат кард.

Масъалаи муҳоҷиронро инчунин дар мулоқот бо ҳамтои русиягияш, Сергей Собянин низ баррасӣ намуданд.

Зимни гуфтушунид густариши ҳамкориҳо дар бахши тиҷорату иқтисод фарҳангу гуманитарӣ ва роҳандозии равобити бевосита миёни хоҷагидорон баррасӣ шудаанд.

Собянин ва Рустами Эмомалӣ зарурати афзоиши ҳамкорӣ дар бахши маориф, тандурустӣ, сайёҳӣ ва навсозии техникию моддии хоҷагиҳои коммуналиро таъкид намудаанд.

Инчунин ба иттилои котиботи шаҳрдории Маскав, ҷонибҳо таъсиси гӯшаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи “ВДНХ”-ро баррасӣ кардаанд, ки дар он ҷо аз соли 1939 то 1965 вуҷуд дошт.

Натиҷаи музокирот имзои Барномаи ҳамкорӣ барои солҳои 2020 – 2023 миёни Маскав ва Душанбе шуд.

Дар баробари мулоқот бо Матвиенко, Собянин ва Оверчук, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон бо раиси Думаи давлатии Русия, Вячеслав Володин музокироти телефонӣ анҷом дод.

Зимни суҳбат аз ҷумла баргузории Ассамблеяи парлумонии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардидааст, ки санаи эҳтимолии он охири марти соли 2021 мебошад.

1222
Барчаспҳо:
мулоқот, Русия, Тоҷикистон
Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатии Русия, акс аз бойгонӣ

Раиси Маҷлиси миллӣ дар Маскав бо Володин телефонӣ суҳбат кард

409
(Таҷдидшуда 20:06 25.11.2020)
Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон, бо Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатии Русия гуфтушунид кард

ДУШАНБЕ, 25 ноя – Sputnik. Раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон зимни сафараш дар Маскав бо раиси Думаи давлатии Русия, Вячеслав Володин музокирот анҷом дод.

Тибқи иттилои котиботи Думаи давлатии Русия, муколамаи Рустами Эмомалӣ ва Вячеслав Володин ба воситаи занги телефонӣ амалӣ шуд.

Таъкид шудааст, ки зимни суҳбат ҷонибҳо масоили ҳамкориҳои байнипарлумониро баррасӣ кардаанд.

Аз ҷумла эҳтимоли баргузории Ассамблеяи парлумонии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардидааст. Санаи эҳтимолии баргузории ин ҳамоиш охири марти соли 2021 мебошад.

Инчунин хабар дода шуд, ки Рустами Эмомалӣ аз Вячеслава Володин даъват кард, ки аз Тоҷикистон боздид намояд.

Қаблан раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон бо Александр Жуков, муовини аввали раиси Думаи давлатии Русия мулоқот намуда, масоили гуногун, аз ҷумла муҳоҷират ва тиҷорату иқтисодро баррас кард.

409
Барчаспҳо:
гуфтушунид, мулоқот, Русия, Тоҷикистон
тренер Хаким Фузайлов, архивное фото

"Хуҷанд" созишнома бо Фузайловро тамдид намекунад: Лазаревичро баргардонданист

0
(Таҷдидшуда 20:41 26.11.2020)
Роҳбарияти бошгоҳи "Хуҷанд" созишнома бо сармураббии даста, Ҳаким Фузайловро тамдид нахоҳад кард ва ният дорад мураббии пешинро ҷалб намояд

ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Муҳлати созишномаи бошгоҳи “Хуҷанд” бо Ҳаким Фузайлов охири соли равон анҷом меёбад. Раёсати бошгоҳ нияти тамдиди созишномаро надошта, мехоҳад сармураббии қаблиро ба даста биёрад.

Фузайлов моҳи июли соли равон дар мақоми сармураббии “Хуҷанд” Никол Лазаревич аз Сербияро иваз кард, ки баъди сафар ба Ватан ба далели пандемия натавонист ба Тоҷикистон баргардад.  Бошгоҳи “Хуҷанд” акнун мехоҳад, ки кор бо Лазаревичро идома диҳад.

Фаъолияти мураббигии Фузайлов охири солҳои 90-ум аз роҳбарии бошгоҳи “Бухоро” ва “Динамо”-и Самарқанд оғоз кардааст. Аз соли 2005 то декабри соли 2011 дар “Ростов” ва “Локомотив”-и Маскав мураббии селексионер буд.

Моҳи январи соли 2012 вай ноиби президенти “Локомотив”  Тошканд оид ба масъалаҳои тарбияи бозигарон таъйин карда шуд. Моҳи майи он сол ба ҳайати мураббиён дохил шуд ва баъдан сармураббии даста шуд.

Ӯ ҳамчунин тими миллии Тоҷикистон, дастаҳои “Истиқлол” ва “Куктош” –ро тамрин дода, аввали моҳи июл вазифаи сармураббии бошгоҳи “Каганат”-и Қирғизистонро тарк карду бо дастаи “Хуҷанд” пайваст.  

Ҳаким Фузайлов дорои иҷозатномаи мураббигии дараҷаи PRO мебошад.

0