Раҷаббой Аҳмадзода ба аёдати собиқадорони меҳнат раф

Аҳмадзода ба аёдати се собиқадори меҳнат рафт ва ба онҳо маблағи пулӣ тақдим кард

314
(Таҷдидшуда 13:07 23.11.2020)
Раиси вилояти Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси шаҳри Хуҷанд, Фирдавс Шарифзода чанде аз собиқадорони меҳнатро дар шаҳри Хуҷанд аёдат намуд

ДУШАНБЕ, 23 ноя – Sputnik. Раиси вилояти Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси шаҳри Хуҷанд, Фирдавс Шарифзода ба муносибати рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон чанде аз собиқадорони меҳнатро дар шаҳри Хуҷанд аёдат намуда, маблағҳои пулӣ ва туҳфаҳо тақдим намуданд.

Норӣ Собирова

Бино ба гузориши хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбат бо Норӣ Собирова таъкид намуд, ки ғамхорӣ нисбат ба собиқадорони меҳнат зери таваҷҷӯҳи Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумат ва мақомоти вилояти Суғд қарор дорад.

Бояд гуфт, ки Норӣ Собирова 82 сол дошта, тӯли беш аз 40 сол дар соҳаи истеҳсолот ҳамчун таъминотчӣ кор кардааст.

Мукаррамхон Бузрукова

Мукаррамхон Бузрукова, шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд аз зумраи дигар нафари аёдатшуда дар шаҳри Хуҷанд мебошад.

Раиси вилояти Суғд зимни суҳбат, аз хизматҳои Мукаррамхон Бузрукова ёдовар шуда, саҳми ӯро дар пешрафти ҷомеа бахусус таълиму тарбияи насли наврас назаррас арзёбӣ намудаааст.

Мукаррамхон Бузрукова соли 1947 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Ӯ тӯли беш аз 50 сол дар соҳаҳои маориф ва ҳифзи иҷтимоӣ кору фаъолият намуда, имрӯз низ яке аз занони пешқадам мебошад.

Назрулло Ёқубов

Инчунин дар ин рӯз раиси вилояти Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода собиқадори меҳнат, сокини дигари шаҳри Хуҷанд Нарзулло Ёқубовро мавриди таваҷҷӯҳу ғамхорӣ қарор додааст.

Нарзулло Ёқубов соли 1951 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, зиёда аз 40 соли ҳаёти худро баҳри рушди соҳаи саноат пеш аз ҳама дӯзандагӣ бахшидааст.

Ёқубов аз ҷумла дар фабрикаи дӯзандагии рақами дуюми шаҳри Хуҷанд ва мақомоти вилояти Суғд кору фаъолият намудааст. Айни замон ӯ соҳиби 4 фарзанд ва набераю абера мебошад.

Ҳамаи собиқадорони меҳнат барои таваҷҷӯҳу ғамхорӣ ба президент Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода изҳори миннатдорӣ намудаанд.

314
Барчаспҳо:
Раҷаббой Аҳмадзода, аёдати собиқадорон, Суғд
Ҷо Байден кишвардори феълии Амрико бо Ллойд Остин. 8 апрели соли 2009

Бори нахуст сиёҳпӯст роҳбари Пентагон шуд: Ллойд Остин кист?

1048
(Таҷдидшуда 13:48 23.01.2021)
Ллойд Остин 67 сол дорад ва дорои рутбаи генерали чаҳорситора аст. Ӯ ҳанӯз соли 2016 ба нафақа баромада буд

ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Сенати Амрико номзадии Ллойд Остинро ба мақоми раҳбари Пентагон тасдиқ кард, хабар медиҳад РИА Новости.

Бар хабари манбаъ, ба ҷонибдорӣ аз Остин 93 сенатор раъй дода танҳо ду нафар мухолиф баромаданд. Як рӯзи пеш, аз номзадии ӯ кумитаи соҳавии сенатҳо пуштибонӣ кард.

Зимнан, ба довталабони ҳарбие, ки камтар аз ҳафт сол пеш ба нафақа баромадаанд, тасдиқи махсуси Конгресс зарур аст. Остин бошад, соли 2016 ба нафақа баромада буд.

Ллойд Остин 67 сол дорад ва дорои рутбаи генерали чаҳорситора аст. Остин аввалин сиёҳпӯст мебошад, ки ба вазорати мудофиаи ИМА роҳбарӣ мекунад.

Номбурда дар Олмон ва сартосари Амрико хидмат намуда, дар ҳайати фармондеҳи дивизия буд ва то соли 2006 ба рутбаи генерал-лейтенант расид.

Пентагон: коронавирус миёни низомиёни афғон густариши шадид ёфтааст

Соли 2010 Остин фармондеҳи қувваҳои Амрико дар Ироқ таъйин шуд ва масъули аз қаламрави ин кишвар берун овардани низомиёни амрикоӣ буд. 

Моҳи декабри соли 2011, ӯ муовини фармондеҳи Ситоди артиш таъин шуд ва аз соли 2013–2016 фармондеҳии марказии Амрикоро раҳбарӣ кард. Вай дар ин вазифа дар таҳияи стратегияи Вашингтон дар мубориза бо "Давлати Исломӣ" нақши калидӣ дошт.

Пас аз ба нафақа баромадан дар 2016, ӯ дар ҳайати Шӯрои директорони бузургтарин истеҳсолкунандаи силоҳ Raytheon кор мекард.

1048
Барчаспҳо:
роҳбар, Амрико, Пентагон
Первые политические консультации между Таджикистаном и Оманом

Баргузории нахустин ройзаниҳои сиёсӣ миёни Тоҷикистону Умон

78
(Таҷдидшуда 19:39 20.01.2021)
Ҳайати дипломатҳои Тоҷикистон таҳти роҳбарии ноиби аввали вазири умури хориҷии кишвар, Хусрав Нозирӣ нахустин машваратҳои сиёсӣ бо Салтанати Умонро баргузор кард

ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури хориҷӣ, нахустин даври ройзаниҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Салтанати Умон дар шакли маҷозӣ баргузор шуд.

“Ҳайатҳои тарафҳоро муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ ва Муовини вазири корҳои хориҷии Салтанати Умон Шайх Халифа бин Алӣ ал- Ҳорисӣ роҳбарӣ намуданд”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ афзуд, дар ройзаниҳо масъалаҳои марбут ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои таҳкими ҳамкориҳо байни Тоҷикистону Умонро баррасӣ намуданд. Аз ҷумла  дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, энергетика, сайёҳӣ, кишоварзӣ, саноат, алоқаи ҳавоӣ, таҳкими пояи шартномавӣ ва ҳуқуқӣ, ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ шуданд.

Афзоиши содироти ширинӣ ва шакалоти Эрон ба Тоҷикистон

Ҷонибҳо барқарорсозии тамосҳои сатҳи олӣ ва табодули боздидҳоро дар рушду нумӯи ҳамкориҳои дуҷониба муҳим арзёбӣ намуда, зимнан зарурати татбиқи Барномаи иҷроӣ байни Вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар барои солҳои 2020-2022-ро, ки ҳангоми сафари расмии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Масқат 19 декабри 2019 ба имзо расида буд, таъкид карданд.

78
Барчаспҳо:
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, ҳамкорӣ, Тоҷикистон-Уммон
Молоток судьи, архивное фото

Додгоҳ нафаре, ки ҳамсари бародарашро ғорат кард, ҷазо дод

0
Додгоҳи шаҳри Панҷакен ҳукми сокини маҳаллӣ С. М-ро содир кард, ки дар ҷинояти дуздӣ муттҳама мешавад

ДУШАНБЕ, 24 янв – Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии додгоҳи шаҳри Панҷакент, шаҳрванд С.М. бо иттиҳоми ғорати хонаи бародараш муҷозот шуд.

Ба иттилои манбаъ, судшуда санаи 26 июни соли гузашта, оиди ҷои нигоҳдошти маблағҳои пулии ҳамсари бародараш, ки аслан дар суроғаи шаҳри Гулистон кӯчаи Ҷавонӣ ҳамчун иҷоранишин истиқомат карда, муваққатан  дар шаҳри қарор дошт, маълумот пайдо мекунад.

Ӯ худи ҳамон рӯз тахминан соати 14.00 дақиқа бо мақсади дуздии маблағҳои зикршуда, аз сумкаи дастии ҳамсари бародараш пинҳонӣ калиди дари даромади хонаи иҷоравиашро гирифта, пинҳонӣ ба шаҳри Гулистон омада,  аз фурсати муносиб, яъне набудани аъзои оила вориди хонаи мазкур гардидааст.

“Сипас зулфини қулфи  сандуқи дохили хонаро шикаста, аз дохили он бо тариқи  ниҳонӣ 5000 доллари ИМА, мутаносибан бо асъори миллӣ маблағи 51537 сомону 50 дирамро тасарруф намуда, ба ҷабрдида зарари калони моддӣ расонида, аз ҷои ҳодиса ғайб задааст”,- афзудааст, манбаъ..

Гуфта мешавад, ӯ худи ҳамон рўз ба ҷои истиқоматии доимиаш баргашта, дар оянда маблағҳои бо роҳи ҷиноят ба даст овардаашро давра ба давра барои манфиатҳои худ сарф кардааст.

Манбаъ мегӯяд, ҷазо ба муттаҳам бо дастрасии моддаи 244 қисми 3 банди “а” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои сазовор содир кард.

Ғорати ташкилоти бонкӣ дар Панҷакент: пул наёфт ноутбукҳоро рабуд

Мавриди зикр аст, ки моддаи 244 қисми 3 банди “а” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дуздӣ дар ҳаҷми калон буда, он маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол аз озодиро пешбинӣ мекунад.

0