Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатии Русия, акс аз бойгонӣ

Раиси Маҷлиси миллӣ дар Маскав бо Володин телефонӣ суҳбат кард

463
(Таҷдидшуда 20:06 25.11.2020)
Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон, бо Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатии Русия гуфтушунид кард

ДУШАНБЕ, 25 ноя – Sputnik. Раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон зимни сафараш дар Маскав бо раиси Думаи давлатии Русия, Вячеслав Володин музокирот анҷом дод.

Тибқи иттилои котиботи Думаи давлатии Русия, муколамаи Рустами Эмомалӣ ва Вячеслав Володин ба воситаи занги телефонӣ амалӣ шуд.

Таъкид шудааст, ки зимни суҳбат ҷонибҳо масоили ҳамкориҳои байнипарлумониро баррасӣ кардаанд.

Аз ҷумла эҳтимоли баргузории Ассамблеяи парлумонии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардидааст. Санаи эҳтимолии баргузории ин ҳамоиш охири марти соли 2021 мебошад.

Инчунин хабар дода шуд, ки Рустами Эмомалӣ аз Вячеслава Володин даъват кард, ки аз Тоҷикистон боздид намояд.

Қаблан раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон бо Александр Жуков, муовини аввали раиси Думаи давлатии Русия мулоқот намуда, масоили гуногун, аз ҷумла муҳоҷират ва тиҷорату иқтисодро баррас кард.

463
Барчаспҳо:
гуфтушунид, мулоқот, Русия, Тоҷикистон
Выборы президента Узбекистана

Санаи интихоботи президентӣ дар Ӯзбекистон эълон шуд

288
Мақомоти Узбакистон санаи пешбинишудаи интихоботи президентӣ дар ин кишварро эълон карданд

ДУШАНБЕ, 26 январ - Sputnik. Интихоботи навбатии президентӣ дар Узбакистон дар назар аст моҳи октябри соли равон баргузор шавад, менависад Sputnik Ӯзбекистон.

"Интихоботи президентӣ дар Ӯзбекистон метавонад рӯзи якшанбеи даҳаи сеюми октябр баргузор шавад",-менависад, агентӣ.

Таъкид шудааст, ки санаи интихобот дар ҷаласаи фраксияҳои ҳизбҳои сиёсӣ дар палатаи поёнӣ муҳокима карда шуд.

Ба иттилои манбаъ, як рӯз пеш дар Ӯзбекистон ҷаласаи Комиссияи марказии интихоботи ҷумҳурӣ баргузор гардид, ки дар он қайд карда шуд, ки ҳайати САҲА ва Бюро оид ба институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсон, ки интихоботи парлумониро мушоҳида кард, як қатор тағйироти мусбатро дар системаи миллии интихоботии кишвар эътироф кардааст.

Бояд қайд кард, ки дар Узбакистон номзадҳои президентиро танҳо аз ҷониби ҳизбҳои сиёсӣ пешбарӣ кардан мумкин аст. Айни замон, дар кишвар панҷ ҳизби сиёсӣ сабти ном шудаанд.

Интихоботи президентӣ дар Ӯзбекистон ҳар панҷ сол як маротиба баргузор мешавад.

Натоиҷи интихоботи такрории Узбакистон эълон гардид: се вакил тоҷиктабор ҳастанд

4 декабри соли 2016 дар Ӯзбекистон интихоботи пеш аз муҳлат баргузор шуд, ки дар он Мирзиёев, ки сарвазир буд, пирӯз шуд. 88,61% интихобкунандагон ба ӯ овоз доданд.

Президент Ислом Каримов, ки аз соли 1989 инҷониб кишварро идора мекунад, 2 сентябри соли 2016 дар синни 78-солагӣ бар асари сактаи мағзӣ даргузашт.

288
Барчаспҳо:
парлумон, номзад, Шавкат Мирзиёев, Санаи интихоботи президентӣ дар Ӯзбакистон муайян шуд

Сироҷиддин Муҳриддин бо сафири Арабистони Саудӣ чиро баррасӣ кард

120
(Таҷдидшуда 19:27 25.01.2021)
Сироҷиддин Муҳриддин бо сафири Арабистони Саудӣ масъалаи ҳамкориҳои судманди ду кишварро баррасӣ кард

ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо сафири Арабистони Саудӣ мулоқот доир намуд, хабар медиҳад котиботи ВУХ Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, мулоқоти вазири тоҷик бо сафири фавқулода ва мухтори Арабистони Саудӣ, Абдулазиз Муҳаммад ал-Бодӣ рӯзи 25 январ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Арабистони Саудӣ дар робита ба авҷи коронавирус марзҳояшро баст ва зиёрати хонаи Худо барои кулли мусалмонон ба таъхир афтод.

Тоҷикистону Арабистони Саудӣ масоили терроризму ифротгароиро баррасӣ карданд

Аммо чанде пеш, дақиқ шуд, ки сар аз 31 марти 2021 шаҳрвандони Тоҷикистон имкони сафар ба Арабистони Саудиро дарёфт намуданд.

Қарор буд, дар нимаҳои дуюми моҳи январи соли ҷорӣ аввалин гурӯҳи шаҳрвандони Тоҷикистон ба Ҳаҷҷи умра раванд, аммо бо сабаби хуруҷи каронавируси навъи нав ё "бритонӣ" сафар ба таъхир афтод.

120
Барчаспҳо:
мулоқот, Арабистони Саудӣ, сафир, Сироҷиддин Аслов