ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, Файсал ал-Миқдод, вазири корҳои хориҷӣ ва муҳоҷирини Ҷумҳурии Арабии Сурия, Зубайдулло Зубайдзодаро ба ҳузур пазируфт.
Манбаъ афзуд, ки мулоқот 3 декабр дар шаҳри Димишқ баргузор шуда, ҷонибҳо баргардондани тоҷикистониёнро аз Сурия баррасӣ кардаанд.
"Дар мулоқот масъалаи баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон ба Ватан аз урдугоҳи ал-Ҳавл, густариш ва тақвияти ҳамкориҳо дар арсаҳои мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ гардида, перомуни вазъияти Ховари Миёна табодули афкор сурат гирифт”, - омадааст дар иттилоияи ВУХ.
Сафири тоҷик инчунин номаи табрикии вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддинро ба Файсал ал-Миқдод ба муносибати таъйин гардиданаш ба вазифаи вазири корҳои хориҷӣ ва муҳоҷирини Сурия супоридааст.
ДУШАНБЕ, 26 фев - Sputnik. Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов, ки бо сафари расмӣ ба Русия омада буд, ба Владимир Путин тӯҳфа овард.
Мулоқоти сарони ду кишвар чанд рӯз пеш дар Маскав баргузор шуд. Дар мусоҳиба бо "Российская газета", Ҷабборов баъзе ҷузъиёти дидорашонро ошкор кард.
Ба гуфтаи ӯ, ба Русия дасти холӣ наомада, балки як тӯҳфаи ғайриоддӣ - шамшери қирғизиро ҳамчун дастовез овард.
Ҷабборов изҳор дошт, шамшере, ки ба Владимир Путин ҳадя кард, устоҳои беҳтарини Қирғизистон омода намуданд.
Илова бар ин, Ҷабборов ҳамтои русашро ба Қирғизистон хонд.
Яке аз мавзӯъҳои марказии муҳокимаи роҳбарони ду давлат, масъалаҳои мубрами марбут ба пандемияи COVID-19 буд. Гуфта мешавад, Ҷабборов аз президенти Русия хоҳиш кард, ки муҳоҷирони меҳнатиро ба барномаи эмгузаронии коронавирус дохил кунад.
Ҷабборов мегӯяд шахси иғвогар наметавонад мири Бишкек шавад
Путин қайд кард, ки Русия кӯмакро ба Қирғизистон дар мубориза бо вируси COVID - 19 идома медиҳад. Дар навбати худ, Ҷабборов ба самаранокии ваксинаи "Спутник V" таъкид карда, изҳори умедворӣ кард, ки ин дору ба зудӣ барои эмгузаронии оммавӣ ба Қирғизистон хоҳад расид.
Ба таъкиди Ҷаборов, пандемияи коронавирусӣ нагузошт, ки Русия ва Қирғизистон 200 чорабинии муштаракро амалӣ кунанд.
ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Сарвазири Арманистон Никол Пашинян зимни эътироз бо ҷонибдорони худ дар маркази Ереван изҳор дошт, ки аз Арманистон берун намеравад.
Қаблан Telegram-канал, хабар дод, ки ҳавопаймои махсус аллакай омода аст ва дар сурати бад шудани вазъият Пашинян зуд ватанро тарк мекунад.
Ситоди генералии Арманистон истеъфои Пашинянро талаб кард
Аммо сарвазир ин гуна маълумоҳоро терроризми иттилоотӣ номида гуфт, "ҳар чӣ мардуми мо бо ингуна ахборот одат кардаанд".
"Ман нияти тарк карадни давлатро надорам ва ба ҳеҷ ваҷҳ аз Арманистон берун намеравам. Хонаводаи ман ҳам дар ҳамин ҷо аст. Шумо ҳоло худ шоҳид мешавад, зеро онҳо маҳз ба мо ҳамроҳ мешаванд", - афзуд Пашинян.
Аз наворҳо маълум аст, ки зимни эътирозҳо, Пашинянро писари ӯ Ашот ҳамроҳӣ мекунад.
Бӯҳрони сиёсӣ дар Арманистон пас аз он шиддат гирифт, ки Ситоди Генералии Қувваҳои Мусаллаҳ рӯзи 25 феврал истеъфои сарвазирро талаб кард ва гуфт, ки роҳбарияти сиёсӣ давлатро ба дами хатар мерасонад. Ин пас аз он рух дод, ки сарвари ҳукумат муовини аввали сардор генерал-лейтенант Тиран Хачатрянро, ки қаблан изҳороти сарвазирро дар бораи Искандар танқид карда буд, аз вазифа сабукдӯш кард.
Занозанӣ дар Ереван: ҷонибдорону мухолифони Пашинян вориди муноқиша шуданд - навор
Дар посух, сарвазир дар бораи кӯшиши табаддулот эълон кард ва шаҳрвандонро даъват кард, ки дар майдони ҷумҳурӣ ба хотири "дифоъ аз инқилоб" ҷамъ оянд.
Вай инчунин гуфт, ки дар бораи аз вазифа сабукдӯш кардани Сардори Ситоди Генералии Арманистон Оник Гаспарян қарор имзо кардааст. Аммо, президент то ҳол зери ин санад имзо нагузоштааст.
Соли 1844 истиқлолияти Ҷумҳурии Доминикан эълон карда шуд.
Соли 1900 дастаи футболи "Бавария" таъсис дода шуд.
Соли 1974 дар Ню-Йорк аввалин шумораи маҷаллаи "People" бо теъдоди 1 миллион нусха аз чоп баромад, ки дар бораи ҳаёт ва фаъолияти ситораҳои санъат нақл мекард.
Соли 2000 интихоботи палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон баргузор гардид.
Соли 2009 дар шаҳри Душанбе миёни Донишгоҳи (славянии) Русияву Тоҷикистон ва Донишкадаи давлатии забони русии ба номи А. С. Пушкин шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.
Соли 2010 дар шаҳри Коломбои Шри-Ланка барои мақоми сеюми мусобиқаи Ҷоми даъватии КФО миёни дастаҳои Тоҷикистон ва Мянма бозии футбол баргузор гардид.
Соли 2013 палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни ҶТ "Дар бораи гаравхона (ломбард)"-ро қабул намуд.
Соли 2014 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи "Рушди минтақаҳо" Симпозиуми байналмилалӣ баргузор гардид.
Соли 2015 Барномаи рушди Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020 тасдиқ карда шуд.
Соли 2017 баъди анҷоми музокироти байнидавлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи истифодаи энергияи атомии сулҳҷӯёна Созишнома ба имзо расид.
Соли 1933 - ходими намоёни фарҳанги Тоҷикистон Абдураҳмон Раҳимов.
Соли 1941 - доктори илмҳои филологӣ, профессор, ходими давлатӣ Абдунабӣ Сатторзода.
Соли 1963 – шоира Гули Зард