Фозил Обидов

Обидов раиси фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагон интихоб шуд

276
(Таҷдидшуда 22:18 11.12.2020)
Ин интихоб дар ҷаласаи вакилони ҲХДТ, ки  имрӯз дар Маҷлиси намояндагон таҳти раёсати муовини раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайриниссо Юсуфӣ  баргузор гардид, сурат гирифт

ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Фозил Обидов бо қарори ҷаласаи вакилони узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон, раиси Фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд.

Бино ба гузориши хадамоти матбуотии Маҷлиси намояндагон, ин интихоб дар ҷаласаи вакилони узви ҲХДТ, ки  имрӯз дар Маҷлиси намояндагон таҳти раёсати муовини раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайриниссо Юсуфӣ  баргузор гардид, сурат гирифт.

Тағйирот дар ҲХДТ: Бахтовар Сафарзода раиси фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагон шуд

Дар ин ҷаласа масъалаи интихоби раиси нави фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагон баррасӣ шуд.

Тибқи иттилои манбаъ, дар ҷаласа аъзои фраксияи ҳизби мазкур, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои қонунгузорӣ Эмомалӣ Насриддинзода баромад намуда, таъкид кард, ки мақоми ҳуқуқии Фраксияи ҲХДТ, тибқи моддаи 52 Қонуни Тоҷикистон "Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон", боби 4 Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қисми 4 Оинномаи ҲХДТ муайян карда шудааст.

"Зарурати таъсиси Фраксия, пеш аз ҳама, барои фаъолияти дастаҷамъона ва изҳори мавқеи ягонаву ақидаҳои сиёсӣ вобаста ба масъалаҳое, ки Маҷлиси намояндагон баррасӣ менамояд, амалигардонии барномаҳо ва ҳадафҳои барномаи пешазинтихоботии ҳизб асоснок карда мешавад", — афзуд  Эмомалӣ Насриддинзода.

Гуфта мешавад, ки дар байни 42 нафар аъзоёни Фраксияи ҲХДТ вакилон бо ихтисосҳои гуногун, аз ҷумла: муҳандисони соҳаҳои заминсозӣ, сохтмон, технология, ҳуқуқшиносон, иқтисодчиён, кишоварзон, агротехнологҳо, математикҳо, филологҳо, файласуфон, мутахассиси соҳаи тиб, сиёсатшиносон дохил гардиданд.

Манбаъ афзуда, ки дар кори ҷаласа раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода, муовинони раиси Маҷлиси намояндагон Қодири Қосим ва Дилрабо Мансурӣ ширкат карданд.

276
Барчаспҳо:
Маҷлиси намояндагон, ҲХДТ
Ҷо Байден кишвардори феълии Амрико бо Ллойд Остин. 8 апрели соли 2009

Бори нахуст сиёҳпӯст роҳбари Пентагон шуд: Ллойд Остин кист?

917
(Таҷдидшуда 13:48 23.01.2021)
Ллойд Остин 67 сол дорад ва дорои рутбаи генерали чаҳорситора аст. Ӯ ҳанӯз соли 2016 ба нафақа баромада буд

ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Сенати Амрико номзадии Ллойд Остинро ба мақоми раҳбари Пентагон тасдиқ кард, хабар медиҳад РИА Новости.

Бар хабари манбаъ, ба ҷонибдорӣ аз Остин 93 сенатор раъй дода танҳо ду нафар мухолиф баромаданд. Як рӯзи пеш, аз номзадии ӯ кумитаи соҳавии сенатҳо пуштибонӣ кард.

Зимнан, ба довталабони ҳарбие, ки камтар аз ҳафт сол пеш ба нафақа баромадаанд, тасдиқи махсуси Конгресс зарур аст. Остин бошад, соли 2016 ба нафақа баромада буд.

Ллойд Остин 67 сол дорад ва дорои рутбаи генерали чаҳорситора аст. Остин аввалин сиёҳпӯст мебошад, ки ба вазорати мудофиаи ИМА роҳбарӣ мекунад.

Номбурда дар Олмон ва сартосари Амрико хидмат намуда, дар ҳайати фармондеҳи дивизия буд ва то соли 2006 ба рутбаи генерал-лейтенант расид.

Пентагон: коронавирус миёни низомиёни афғон густариши шадид ёфтааст

Соли 2010 Остин фармондеҳи қувваҳои Амрико дар Ироқ таъйин шуд ва масъули аз қаламрави ин кишвар берун овардани низомиёни амрикоӣ буд. 

Моҳи декабри соли 2011, ӯ муовини фармондеҳи Ситоди артиш таъин шуд ва аз соли 2013–2016 фармондеҳии марказии Амрикоро раҳбарӣ кард. Вай дар ин вазифа дар таҳияи стратегияи Вашингтон дар мубориза бо "Давлати Исломӣ" нақши калидӣ дошт.

Пас аз ба нафақа баромадан дар 2016, ӯ дар ҳайати Шӯрои директорони бузургтарин истеҳсолкунандаи силоҳ Raytheon кор мекард.

917
Барчаспҳо:
роҳбар, Амрико, Пентагон
Первые политические консультации между Таджикистаном и Оманом

Баргузории нахустин ройзаниҳои сиёсӣ миёни Тоҷикистону Умон

78
(Таҷдидшуда 19:39 20.01.2021)
Ҳайати дипломатҳои Тоҷикистон таҳти роҳбарии ноиби аввали вазири умури хориҷии кишвар, Хусрав Нозирӣ нахустин машваратҳои сиёсӣ бо Салтанати Умонро баргузор кард

ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури хориҷӣ, нахустин даври ройзаниҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Салтанати Умон дар шакли маҷозӣ баргузор шуд.

“Ҳайатҳои тарафҳоро муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ ва Муовини вазири корҳои хориҷии Салтанати Умон Шайх Халифа бин Алӣ ал- Ҳорисӣ роҳбарӣ намуданд”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ афзуд, дар ройзаниҳо масъалаҳои марбут ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои таҳкими ҳамкориҳо байни Тоҷикистону Умонро баррасӣ намуданд. Аз ҷумла  дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, энергетика, сайёҳӣ, кишоварзӣ, саноат, алоқаи ҳавоӣ, таҳкими пояи шартномавӣ ва ҳуқуқӣ, ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ шуданд.

Афзоиши содироти ширинӣ ва шакалоти Эрон ба Тоҷикистон

Ҷонибҳо барқарорсозии тамосҳои сатҳи олӣ ва табодули боздидҳоро дар рушду нумӯи ҳамкориҳои дуҷониба муҳим арзёбӣ намуда, зимнан зарурати татбиқи Барномаи иҷроӣ байни Вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар барои солҳои 2020-2022-ро, ки ҳангоми сафари расмии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Масқат 19 декабри 2019 ба имзо расида буд, таъкид карданд.

78
Барчаспҳо:
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, ҳамкорӣ, Тоҷикистон-Уммон
Бокс, архивное фото

Воҳидов камарбанди WBO-ро гирифт: набарди дидании муштзани шикастнадидаи тоҷик-видео

0
(Таҷдидшуда 00:27 24.01.2021)
Асрор Воҳидов, муштзани шикастнадидаи тоҷик, дар мусобиқаи байналмиллалии “RCC Boxing Promotions” камарбанди WBO (Созмони ҷаҳонии бокс)-ро соҳиб гашт

ДУШАНБЕ, 23 янв – Sputnik. Ин рақобати нуҳуми Воҳидов буд, ки бидуни шикаст поён ёфт.

Мусобиқот шоми имрӯз дар шаҳи Екатеринбург баргузор гардида, Воҳид Асроров намояндаи Африқои Ҷанубӣ Тато Бонокоанеро шикаст дод.

Мавриди зикр аст, ки рақобат барои ҳарду варзишкор шадид оғоз шуд, аммо Воҳидов майдондориро аз даст намедод ва ин буд, ки пас аз зарбаҳои шадиди пайиҳам ҳарифашро дар даври 9-ум нокаут кард.

Гуфта мешавад, ин рақобат барои Воҳидов зарурӣ буд, зеро он барои камарбанди WBO Oriental баргузор шуда буд.

Видеои муштзании Воҳидови шикастнадида бо “Ракета”-и қазоқ: пирӯзӣ баъди нокдаун-навор

Ҳамакнун Воҳидови 26-сола дар 9 сабқати касбӣ 9 пирӯзӣ ба даст овард.

Асрор Воҳидов 20 октябри соли 1995 дар Исфара таваллуд шудааст. Варзишгар дар вазнҳои то 52 кг ва то 56 кг баромад мекунад.

0