Премьер-министр Армении Никол Пашинян

Раҳбари Арманистон гуфт, бо кадом шарт аз қудрат меравад

330
(Таҷдидшуда 11:47 27.12.2020)
Никол Пашинян гуфт, вазифаи сарвазириро танҳо бо як шарт тарк мекунад, агар мардуми кишвар инро бихоҳад

ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар саҳифаи иҷтимоии худ дар фейсбук ба ҳукумати кишвар пешниҳод кард, ки дар соли 2021 интихоботи пешазмуҳлат баргузор шавад.

Ӯ қайд кард, ки агар мардуми кишвар бихоҳад ӯ омода аст, истеъъфо диҳад.

"Омодаам дар чунин таърихи душвор дар сурати эътимоди мардум раҳбарии Арманистонро идома диҳам. Барои посух гирифтан ба ҳамаи саволҳо танҳо як роҳ аст - баргузории интихоботи ғайринавбатӣ", - изҳор дошт Пашинян.

Ба гуфти сарвазир, мухолифин, ки талаби истеъфои ӯро доранд, аз ҷониби мардум дастгирӣ наёфтанд. Дар баробари ин онҳо барои баргузории ин чорабиниҳо маблағ доштанд.

Пашинян қайд кард, ки тарафдорони мухолифин хеле кам шуд.

"Ҳеҷ кас гуфта наметавонад, ки мо ҳокимиятро бо истифода аз қувва ва бераҳмӣ нигоҳ доштем", - гуфт ӯ.

Ёдовар мешавем Арманистон ва Озарбойҷон бо миёнаравии Маскав ба мувофиқа расиданд, ки амалиёти ҷангиро комилан қатъ кунанд ва зиндониён ва ҷасадҳои мурдагонро иваз кунанд.

Пашинян худро ҷавобгар барои Қарабоғ хонду гуфт, пеши додгоҳи мардумӣ бояд муҳокима шавад

Ереван инчунин ноҳияҳои Келбаҷар, Лочин ва Агдамро ба Боку дод. Ғайр аз ин, дар минтақа посдорони сулҳи Русия мустақар шуданд.

330
Барчаспҳо:
интихоботи парлумонӣ, шартгузорӣ, Арманистон, Никол Пашинян
Первые политические консультации между Таджикистаном и Оманом

Баргузории нахустин ройзаниҳои сиёсӣ миёни Тоҷикистону Умон

73
(Таҷдидшуда 19:39 20.01.2021)
Ҳайати дипломатҳои Тоҷикистон таҳти роҳбарии ноиби аввали вазири умури хориҷии кишвар, Хусрав Нозирӣ нахустин машваратҳои сиёсӣ бо Салтанати Умонро баргузор кард

ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури хориҷӣ, нахустин даври ройзаниҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Салтанати Умон дар шакли маҷозӣ баргузор шуд.

“Ҳайатҳои тарафҳоро муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ ва Муовини вазири корҳои хориҷии Салтанати Умон Шайх Халифа бин Алӣ ал- Ҳорисӣ роҳбарӣ намуданд”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ афзуд, дар ройзаниҳо масъалаҳои марбут ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои таҳкими ҳамкориҳо байни Тоҷикистону Умонро баррасӣ намуданд. Аз ҷумла  дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, энергетика, сайёҳӣ, кишоварзӣ, саноат, алоқаи ҳавоӣ, таҳкими пояи шартномавӣ ва ҳуқуқӣ, ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ шуданд.

Афзоиши содироти ширинӣ ва шакалоти Эрон ба Тоҷикистон

Ҷонибҳо барқарорсозии тамосҳои сатҳи олӣ ва табодули боздидҳоро дар рушду нумӯи ҳамкориҳои дуҷониба муҳим арзёбӣ намуда, зимнан зарурати татбиқи Барномаи иҷроӣ байни Вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар барои солҳои 2020-2022-ро, ки ҳангоми сафари расмии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Масқат 19 декабри 2019 ба имзо расида буд, таъкид карданд.

73
Барчаспҳо:
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, ҳамкорӣ, Тоҷикистон-Уммон
Cтроительство газопровода Северный поток (Nord Stream)

"Маҷрои шимол - 2" тақдири муносиботи Олмону ИМА-ро ҳал мекунад

171
(Таҷдидшуда 18:44 20.01.2021)
Ҷо Байден дар арафаи савгандёдкунияш аз шарики калидии ИМА, Олмон тӯҳфаи на он қадар гуворо гирифт. Он аз маҷмӯи мушкилоте иборат аст, ки маъмурияти нав бояд бо он гирифтор шавад

ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Ирина Алкснис. Иёлоти Муттаҳида алайҳи кишти лулагузори Русия, “Фортуна”, ки бо бунёди “Маҷрои шимол-2” сарукор дорад, таҳримот ҷорӣ кард. Инчунин, бино ба гузоришҳои расонаҳои олмонӣ, сафорати Амрико дар Берлин ҳукумати Олмонро аз нақшаҳои ҷорӣ кардани маҳдудиятҳои нав огоҳ кардааст.

Мақомоти Олмон бо вокуниши оромонаи худ то ҷое таҳқиромез рафтор карданд. Онҳо изҳор доштанд, ки “бо таассуф инро ба назар мегиранд”, яъне ҳатто изҳори ташвиши расмӣ нашудааст.

Ин рӯйдод, идомаи мантиқии як ҳодисаи дигаре буд, ки чанд рӯз пеш рух дод. Николас Бернс, собиқ ноиби котиби давлатӣ ва мушовири сиёсати хориҷии Ҷо Байден дар интихобот, боздошти таҳримҳои ИМА дар мавриди лӯлаи газро  ба миён гузошт, то маъмурияти нав "имконият пайдо кунад, ки бо ҳукумати Олмон ва дигар кишварҳои ширкаткунанда суҳбатҳои муътамад дошта бошад".  Мусаллам аст, ки Бернс аҳ пеши худ амал накард, балки пешниҳоди Вашингтонро садо дод. Бо вуҷуди ин, олмониҳо онро сарфи назар карданд.

Роҳбари Кумитаи энержии Бундестаг, Клаус Эрнст муҳокимаи сиёсати энергетикии Олмонро бо ИМА "комилан номуносиб" номид. Вай таъкид кард, ки "сохтмони “Маҷрои шоимол – 2” кори сирф аврупоӣ аст, он тамоми иҷозатномаҳои заруриро дорад ва аз ин рӯ бояд ба зудӣ ба анҷом расад".

Сиёсати хориҷии Амрико дар даҳсолаҳои охир, ки дар замони президентии Доналд Трамп каме сарфи назар шуду демократҳо мехоҳанд онро эҳё кунанд, аксар вақт ҳамчун ҷаҳонигароист. Он ду ҷузъи калидӣ ва ба андозаи баробар муҳим - институтсионалӣ ва идеологиро дар бар мегирад. Дар бахши идеология маҷмӯи ғояҳои аз ҳама пешрафта - аз қабили “ЛГБТ” то зарурати даст кашидан аз истеъмоли гӯшт бо сабабҳои экологӣ мебошад. Ин таълимот торафт ифротитар мешаванд ва таъқиби онҳое, ки бо "таълимоти ягонаи ҳақиқӣ" ихтилоф доранд, торафт шадидтар мешавад.

Қисми институтсионалӣ инчунин ба омма маълум аст ва низоми ташкилотҳои байналмилалӣ, санадҳо ва расмиётро дар бар мегирад. Фикри маъмул вуҷуд дорад (ва ин беасос нест), ки ба ин васила Иёлоти Муттаҳида ҳукмронии худро дар тӯли солҳои зиёд мустаҳкам кард, то қоидаҳои мусоиди бозиро дар ҷаҳон таҳмил кунад ва роҳбарии глобалии худро ба таври доимӣ таъмин созад.

Аммо баъдан маълум шуд, ки чизе хато рафтааст, шумораи зиёди кишварҳо бозӣ ва ғолибиятро дар системае омӯхтанд, ки маълум аст барои онҳо беадолатона мебошад. Русия ва татбиқи бомуваффақияти қоидаҳои СУС ба манфиати худ, намунаи равшанест. Ин чизест, ки Доналд Трамп дар тӯли чаҳор сол такрор кард ва бидуни тардид давлатро аз паймонҳо ва созмонҳои сершумор берун кашид: дарвоқеъ, онҳо ба Амрико он қадар фоидаовар нестанд, ки пештар фикр мекарданд. Тахмин кардан душвор нест, ки чанд шарики имтиёзноки Иёлоти Муттаҳида, ки яке аз онҳо Олмон мебошад, имтиёзҳои махсус доранд - ва тавре ки аллакай маълум шуд, онҳо чӣ гуна истифода бурдани онҳоро хуб медонанд.

Ин аст, ки Берлин Трампро хуш надошт, чун нақшаи муқарраршудаи барқарорсозии тадриҷии соҳибихтиёрии Олмон ва истифодаи Амрикоро ба манфиати худ халалдор кард. Аз ин рӯ мақомоти Олмон,  Байденро бо хушнудӣ ҳамчун президенти нави Иёлоти Муттаҳида қабул карданд: ин баргардонидани як формати нисбатан бароҳат барои олмониҳо мебошад, ки дар он суханрониҳои таблиғотӣ ва лоббигароии паси парда комилан ба ҳам мувофиқанд.

Ин аст он чизе ки бо “Маҷрои Шимол – 2” рӯй медиҳад. Дар моҳҳои охир чораҳо андешида шуданд, то сохтмони лӯла то ҳадди имкон аз фишори таҳримоти хориҷа эмин бошад. Соҳибони ҳамон "Фортуна" иваз карда шуданд. Парлумони Мекленбург  барои дастгирии фаъолияти  лоиҳа фонд таъсис додааст.

Чизи аз ҳама ҷолиб он аст, ки мақомоти Олмон бо ёрии ин сохтор саъй доранд, ки ду паррандаро бо як санг кушанд: илова бар дастгирии худи сохтмон, онҳо маъракаи иттилоотию идеологии онро низ таъмин мекунанд, зеро созмони нав Фонди ҳифзи иқлим ва муҳити зисти Мекленбург ном дорад ва ҳадафи он мусоидат ба "расидан ба ҳадафҳои иқлимии Олмон" арзёбӣ шудааст. Ҳамин тариқ, рӯзномаи экологӣ мавриди баррасӣ қарор мегирад, зеро маҳз ҷонибдорони рушди сабз фаъолона чун пешоҳангҳо алайҳи “Маҷрои шимол – 2 “ истифода мешаванд.

Тими Ҷо Байден худро дар вазъияти хеле душвор қарор дод. Онҳо наметавонанд - тавре ки Трамп карда буд – ошкоро дар маҳзари тамоми ҷаҳон  бо шарики стратегӣ ҷанҷол бардоранду бо қабули чораҳои шадид алайҳи ӯ оғоз кунанд. Ин ба директиваҳои барқарорсозии ваҳдати Ғарб, ки бо он демократҳо ба қудрат бармегарданд, мухолифат мекунад. Гузашта аз ин, дар маҷмӯъ, Берлин ба Вашингтон вафои садоқатмандона ва иттифоқи амиқи идеологиро нишон медиҳад, ки онро вокуниши якҷояю ҳамзамони онҳо аз  боздошти Алексей Навалний дар Русия бори дигар нишон дод.

Усулҳои муқаррарии кор тавассути ҷамъомадҳои пасипардаӣ метавонанд моҳҳо тӯл мекашанд: олмониҳо ҳунармандони олие дар ташкили кашолакорӣ ва бюрократии байналмилалӣ мебошанд. То он вақт, “Маҷрои шимол – 2”  ба итмом мерасад ва барои амрикоиҳо дер хоҳад шуд, ки муштҳояшонро ба ҳам зананд.

Дар натиҷа, маъмурияти нав аз рӯзҳои аввали раёсати Ҷо Байден маҷбур мешавад, ки дар кори худ байни тропизми катъиян ғайри қобили қабул, вале аз нигоҳи идеологӣ дурусту  глобализми либералии бесамар интихоб кунад.

Аммо, Олмон мушкилоти худро дорад. Дирӯз Газпром аз хавфҳо барои лӯлаи “Маҷрои шимол – 2”  бинобар фишори сиёсӣ ҳушдор дод, ки метавонад боиси боздошт ё ҳатто бекор шудани лоиҳа гардад. Ин ҳушдор аст - пеш аз ҳама ба Берлин, ки дар ҷустуҷӯи истиқлолият ва таҳкими геополитикӣ корти зиддирусиягии Навалнийро ба бозӣ дароварда,  бори дигар фаромӯш кард, ки Русия ба ин чиз то чӣ андоза дардовар посух дода метавонад.

171

Ҳукумати Қирғизистон боз истеъфо дод

95
(Таҷдидшуда 13:49 21.01.2021)
Тасмими истеъфои кабинаи вазирони Қирғизистон баъд аз эълони натиҷаҳои интихобот сурат гирифтааст

ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Ҳукумати Қирғизистон бо роҳбарии Содир Ҷабборов дубора ба истеъфо рафт, иттилоъ додааст ба хабарнигорон роҳбари дастгоҳи президент Суюнбек Касмамбетов.

Ин тасмимро кабинаи вазирони Қирғизистон дар робита ба эълони натиҷаҳои интихоботи президентӣ гирифтааст.

"Ҳамин ки натиҷаҳои интихобот эълом шуданд, Содир Нургожоевич аз мақоми сарвазир истеъфо дод. Ҳукумат истеъфо дод ва аъзои кабинаи вазирон вазифаҳои худро то ташкили ҳайати нави ҳукумат иҷро хоҳанд кард", - таъкид дошт Касмамбетов.

Ёдрас мешавем, ки Ҷабборов дар ҷараёни тазоҳуротҳо, ки пас аз интихоботи парлумонии моҳи октябр сар зада буд, нахуствазир интихоб шуд.

Дар интихобот ҳузури райдиҳандагон ба 56,5 дарсад расида буд.

Тибқи маълумоти Комиссияи марказии интихоботии Қирғизистон, дар интихобот ду ҳизби ҷонибдори давлат "Биримдик" ("Ваҳдат") ва "Мекеним Қирғизистон" ("Ватани Қирғизистон") раъйи бештарро ба даст оварданд. Инчунин дар интихобот ду ҳизби марказгаро - "Қирғизистон" ва "Бутун Қирғизистон" низ пирӯз шуданд. Қисми боқимондаи фраксияҳо ҳатто то 7 дарсад раъй ба даст наоварданд.

Пас аз эълони натиҷаҳо, дар Бишкек эътирозҳои тарафдорони ҳизбҳое, ки ба парлумон роҳ наёфтанд, оғоз ёфт. Баъдтар, КМИ Қирғизистон натиҷаҳои интихоботи гузаштаро бекор кард ва овоздиҳии нав эълон кард ва Сооронбай Жээнбеков аз вазифаи президентӣ истеъфо дод.

Баъд аз истеъфои Жээнбеков Ҷабборов иҷрокунандаи вазифаи раисҷумҳур интихоб шуд.

95
Барчаспҳо:
Кабинаи вазирони Қирғизистон, интихобот, истеъфо, Ҳукумат, Қирғизистон