Жириновский гуфт, кӣ метавонад ҷойгузини Путин шавад

1596
(Таҷдидшуда 12:17 29.12.2020)
Владимир Жириновский, раиси Ҳизби либерал-демократи Русия ҷойгузини эҳтимолии Владимир Путин дар мақоми президентиро ном бурд

ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Путин гуфт, Алексей Кудрин, раиси Палатаи ҳисоби Русия метавонад ҷойгузини Путин дар мақоми президентӣ шавад.

“Аз уҳдаи роҳбарии давлат метавонад Алексей Кудрин, раиси Палатаи ҳисоби Русия барояд”, - изҳор дошт Жириновский зимни суҳбат дар радиои "Говорит Москва".

Ҳамин тавре теъдоди ҷойгузинҳое, ки метавонанд Путинро иваз кунанд, ба 8 нафар баробар шуд.

Раиси Ҳизби либерал-демократии Русия қаблан изҳор дошта буд, ки ба ҷои Путин метавонанд Михаил Мишустин сарвазири Русия, Сергей Шойгу вазири мудофиа, Сергей Наришкин роҳбари Хадамоти иктишофӣ, Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатӣ ва  Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои Федератсия шавад.

Ба гуфтаи инчунин шаҳрдори Маскав,  Сергей Собянин ва волии вилояти Тула, Алексей Дюмин низ бароянд.

“Ҳудуди 8 нафаранд, аммо асосияш худи президенти феълист. Феълан гап дар бораи ҷойгузинҳо нарафта истодааст. Ман танҳо онҳоеро номбар кардам, ки метавонанд, ҷойгузин шаванд. Ё худаш мемонад, ё нафаре аз тими Кремл мешавад”, - изҳор дошт Жириновский.

Дар мавриди худаш дар мақоми раиси ҳизб, Жириновский изҳор дошт, ки феълан ҷойгузине нест.

1596
Барчаспҳо:
Владимир Жириновский, президент, Владимир Путин, Русия
Ҷо Байден кишвардори феълии Амрико бо Ллойд Остин. 8 апрели соли 2009

Бори нахуст сиёҳпӯст роҳбари Пентагон шуд: Ллойд Остин кист?

921
(Таҷдидшуда 13:48 23.01.2021)
Ллойд Остин 67 сол дорад ва дорои рутбаи генерали чаҳорситора аст. Ӯ ҳанӯз соли 2016 ба нафақа баромада буд

ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Сенати Амрико номзадии Ллойд Остинро ба мақоми раҳбари Пентагон тасдиқ кард, хабар медиҳад РИА Новости.

Бар хабари манбаъ, ба ҷонибдорӣ аз Остин 93 сенатор раъй дода танҳо ду нафар мухолиф баромаданд. Як рӯзи пеш, аз номзадии ӯ кумитаи соҳавии сенатҳо пуштибонӣ кард.

Зимнан, ба довталабони ҳарбие, ки камтар аз ҳафт сол пеш ба нафақа баромадаанд, тасдиқи махсуси Конгресс зарур аст. Остин бошад, соли 2016 ба нафақа баромада буд.

Ллойд Остин 67 сол дорад ва дорои рутбаи генерали чаҳорситора аст. Остин аввалин сиёҳпӯст мебошад, ки ба вазорати мудофиаи ИМА роҳбарӣ мекунад.

Номбурда дар Олмон ва сартосари Амрико хидмат намуда, дар ҳайати фармондеҳи дивизия буд ва то соли 2006 ба рутбаи генерал-лейтенант расид.

Пентагон: коронавирус миёни низомиёни афғон густариши шадид ёфтааст

Соли 2010 Остин фармондеҳи қувваҳои Амрико дар Ироқ таъйин шуд ва масъули аз қаламрави ин кишвар берун овардани низомиёни амрикоӣ буд. 

Моҳи декабри соли 2011, ӯ муовини фармондеҳи Ситоди артиш таъин шуд ва аз соли 2013–2016 фармондеҳии марказии Амрикоро раҳбарӣ кард. Вай дар ин вазифа дар таҳияи стратегияи Вашингтон дар мубориза бо "Давлати Исломӣ" нақши калидӣ дошт.

Пас аз ба нафақа баромадан дар 2016, ӯ дар ҳайати Шӯрои директорони бузургтарин истеҳсолкунандаи силоҳ Raytheon кор мекард.

921
Барчаспҳо:
роҳбар, Амрико, Пентагон
Первые политические консультации между Таджикистаном и Оманом

Баргузории нахустин ройзаниҳои сиёсӣ миёни Тоҷикистону Умон

78
(Таҷдидшуда 19:39 20.01.2021)
Ҳайати дипломатҳои Тоҷикистон таҳти роҳбарии ноиби аввали вазири умури хориҷии кишвар, Хусрав Нозирӣ нахустин машваратҳои сиёсӣ бо Салтанати Умонро баргузор кард

ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури хориҷӣ, нахустин даври ройзаниҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Салтанати Умон дар шакли маҷозӣ баргузор шуд.

“Ҳайатҳои тарафҳоро муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ ва Муовини вазири корҳои хориҷии Салтанати Умон Шайх Халифа бин Алӣ ал- Ҳорисӣ роҳбарӣ намуданд”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ афзуд, дар ройзаниҳо масъалаҳои марбут ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои таҳкими ҳамкориҳо байни Тоҷикистону Умонро баррасӣ намуданд. Аз ҷумла  дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, энергетика, сайёҳӣ, кишоварзӣ, саноат, алоқаи ҳавоӣ, таҳкими пояи шартномавӣ ва ҳуқуқӣ, ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ шуданд.

Афзоиши содироти ширинӣ ва шакалоти Эрон ба Тоҷикистон

Ҷонибҳо барқарорсозии тамосҳои сатҳи олӣ ва табодули боздидҳоро дар рушду нумӯи ҳамкориҳои дуҷониба муҳим арзёбӣ намуда, зимнан зарурати татбиқи Барномаи иҷроӣ байни Вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар барои солҳои 2020-2022-ро, ки ҳангоми сафари расмии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Масқат 19 декабри 2019 ба имзо расида буд, таъкид карданд.

78
Барчаспҳо:
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, ҳамкорӣ, Тоҷикистон-Уммон
Бокс, архивное фото

Воҳидов камарбанди WBO-ро гирифт: набарди дидании муштзани шикастнадидаи тоҷик-видео

0
(Таҷдидшуда 00:27 24.01.2021)
Асрор Воҳидов, муштзани шикастнадидаи тоҷик, дар мусобиқаи байналмиллалии “RCC Boxing Promotions” камарбанди WBO (Созмони ҷаҳонии бокс)-ро соҳиб гашт

ДУШАНБЕ, 23 янв – Sputnik. Ин рақобати нуҳуми Воҳидов буд, ки бидуни шикаст поён ёфт.

Мусобиқот шоми имрӯз дар шаҳи Екатеринбург баргузор гардида, Воҳид Асроров намояндаи Африқои Ҷанубӣ Тато Бонокоанеро шикаст дод.

Мавриди зикр аст, ки рақобат барои ҳарду варзишкор шадид оғоз шуд, аммо Воҳидов майдондориро аз даст намедод ва ин буд, ки пас аз зарбаҳои шадиди пайиҳам ҳарифашро дар даври 9-ум нокаут кард.

Гуфта мешавад, ин рақобат барои Воҳидов зарурӣ буд, зеро он барои камарбанди WBO Oriental баргузор шуда буд.

Видеои муштзании Воҳидови шикастнадида бо “Ракета”-и қазоқ: пирӯзӣ баъди нокдаун-навор

Ҳамакнун Воҳидови 26-сола дар 9 сабқати касбӣ 9 пирӯзӣ ба даст овард.

Асрор Воҳидов 20 октябри соли 1995 дар Исфара таваллуд шудааст. Варзишгар дар вазнҳои то 52 кг ва то 56 кг баромад мекунад.

0