Муборак шавад: сӯҳбати телефонии Раҳмону Путин

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанРабочий визит президента РФ В. Путина в Таджикистан для участия в СВМДА
Рабочий визит президента РФ В. Путина в Таджикистан для участия в СВМДА - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз раисҷумҳури Тоҷикистон ва президенти Русия, Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин сӯҳбати телефонӣ анҷом доданд

ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом дод, гузориш медиҳад дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон.

Дар оғози суҳбат роҳбарони ду давлат ҳамдигарро бо муносибати фарорасии Соли Нави 2021-ум самимона табрик гуфтанд.

Президент России Владимир Путин и президент Таджикистана Эмомали Рахмон в Кремле - Sputnik Тоҷикистон
Бигзор пул кор кунанд: Путин бо Раҳмон вазъи муҳоҷиронро баррасӣ мекунад

Қайд карда шуд, ки ҷонибҳо, сарфи назар аз мушкилоти соли равони вобаста ба пандемияи коронавирус, тавонистанд, ки як силсила чорабиниҳои барои кишварҳои худ муҳимми сиёсӣ, аз ҷумла раъйпурсии умумроссиягӣ оид ба ворид кардани тағйирот ба Қонуни Асосии кишвар ва интихоботи парламентиву президентӣ дар Тоҷикистонро муваффақона анҷом диҳанд.

Дар ин зимн ҳамчунин аҳаммияти чорабиниҳои бахшида ба ҷашни 75-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки ифодагари ҳамдилии халқҳои ду кишвар мебошанд, қайд карда шуд.

Ба Путин сипос: Раҳмон аз оташбас дар Қаробоғи Кӯҳӣ пазироӣ кардДар рафти суҳбат президентҳо атрофи масъалаҳои мубрами рӯзномаи ҳамкориҳои дуҷониба ва дорои аҳаммияти байналмилаливу минтақавӣ мубодилаи афкор анҷом дода, ҷанбаҳои рӯзмарраи ҳамкориҳои ду кишвар ва таъмини амнияти минтақавиро баррасӣ намуданд.

Дар интиҳои суҳбат Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори боварӣ намуданд, ки саъю талошҳои муштараки ҷонибҳо дар Соли нав низ натиҷабахш хоҳанд буд.

Лентаи хабарҳо
0