ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко имрӯз баргузор шуд.
Президентҳои ду кишвар ҳамдигарро ба муносибати фаро расидани Соли Нав самимона табрик намуданд, таъкид кардааст котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон.
Манбаъ афзуд, ки Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Белорус осмони соф, субот ва рушди устувор таманно кардааст.
"Дар рафти суҳбат сарвари давлати мо қайд намуданд, ки ба шарофати саъю талошҳои ҷонибҳо муносибатҳои ду кишвар тайи солҳои охир ба сатҳи сифатан нав бароварда шуданд", - омадааст дар иттилоия.
Котибот илова намуд, ки дар фарҷоми суҳбат ҷонибҳо изҳори боварӣ карданд, ки ҳамкориҳои судмандро дар чорчӯбаи шарикии босамари стратегӣ минбаъд низ афзоиш хоҳанд дод.
ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Сенати Амрико номзадии Ллойд Остинро ба мақоми раҳбари Пентагон тасдиқ кард, хабар медиҳад РИА Новости.
Бар хабари манбаъ, ба ҷонибдорӣ аз Остин 93 сенатор раъй дода танҳо ду нафар мухолиф баромаданд. Як рӯзи пеш, аз номзадии ӯ кумитаи соҳавии сенатҳо пуштибонӣ кард.
Зимнан, ба довталабони ҳарбие, ки камтар аз ҳафт сол пеш ба нафақа баромадаанд, тасдиқи махсуси Конгресс зарур аст. Остин бошад, соли 2016 ба нафақа баромада буд.
Ллойд Остин 67 сол дорад ва дорои рутбаи генерали чаҳорситора аст. Остин аввалин сиёҳпӯст мебошад, ки ба вазорати мудофиаи ИМА роҳбарӣ мекунад.
Номбурда дар Олмон ва сартосари Амрико хидмат намуда, дар ҳайати фармондеҳи дивизия буд ва то соли 2006 ба рутбаи генерал-лейтенант расид.
Пентагон: коронавирус миёни низомиёни афғон густариши шадид ёфтааст
Соли 2010 Остин фармондеҳи қувваҳои Амрико дар Ироқ таъйин шуд ва масъули аз қаламрави ин кишвар берун овардани низомиёни амрикоӣ буд.
Моҳи декабри соли 2011, ӯ муовини фармондеҳи Ситоди артиш таъин шуд ва аз соли 2013–2016 фармондеҳии марказии Амрикоро раҳбарӣ кард. Вай дар ин вазифа дар таҳияи стратегияи Вашингтон дар мубориза бо "Давлати Исломӣ" нақши калидӣ дошт.
Пас аз ба нафақа баромадан дар 2016, ӯ дар ҳайати Шӯрои директорони бузургтарин истеҳсолкунандаи силоҳ Raytheon кор мекард.
ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури хориҷӣ, нахустин даври ройзаниҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Салтанати Умон дар шакли маҷозӣ баргузор шуд.
“Ҳайатҳои тарафҳоро муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ ва Муовини вазири корҳои хориҷии Салтанати Умон Шайх Халифа бин Алӣ ал- Ҳорисӣ роҳбарӣ намуданд”, - омадааст дар иттилоия.
Манбаъ афзуд, дар ройзаниҳо масъалаҳои марбут ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои таҳкими ҳамкориҳо байни Тоҷикистону Умонро баррасӣ намуданд. Аз ҷумла дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, энергетика, сайёҳӣ, кишоварзӣ, саноат, алоқаи ҳавоӣ, таҳкими пояи шартномавӣ ва ҳуқуқӣ, ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ шуданд.
Афзоиши содироти ширинӣ ва шакалоти Эрон ба Тоҷикистон
Ҷонибҳо барқарорсозии тамосҳои сатҳи олӣ ва табодули боздидҳоро дар рушду нумӯи ҳамкориҳои дуҷониба муҳим арзёбӣ намуда, зимнан зарурати татбиқи Барномаи иҷроӣ байни Вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар барои солҳои 2020-2022-ро, ки ҳангоми сафари расмии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Масқат 19 декабри 2019 ба имзо расида буд, таъкид карданд.
Соли 1908 дар Боку аввалин маротиба намоиши операи "Лайлӣ ва Маҷнун" барпо гардид.
Соли 1924 дар шаҳри Шамони Фаронса маросими кушодашавии аввалин Бозиҳои олимпии зимистона баргузор гардид.
Соли 1949 аввалин маротиба маросими ҷоизасупории телевизиони амрикоии "Эмми" гузаронида шуд.
Соли 2016 дар Амстердам Маркази Урупо оид ба мубориза бо терроризм ифтитоҳ гардид.
Соли 2001 Раёсати назорати давлатии молиявии назди Президенти Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Соли 2010 бо супориши Президент Эмомалӣ Раҳмон вазири вақти корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ барои иштирок дар кори Саммити минтақавии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ба шаҳри Истанбули Туркия сафар кард.
Соли 2011 раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон "Дар бораи таъсиси Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" Фармон ба имзо расониданд.
Соли 2011 Эмомалӣ Раҳмон аз ҳодисаи мудҳиши террористӣ, ки бегоҳии 24 январ дар фурудгоҳи Домодедоваи шаҳри Москва рух дод, андӯҳгин гардида, аз дақиқаҳои аввал ҷараёни расондани кумакҳо ба шаҳрвандони осебдидаи Тоҷикистонро зери назорати пайваста қарор доданд.
Соли 2017 қарори Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи Қоидаҳои барасмиятдарорӣ, додани раводид ва раводиди электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ ба имзо расид.
Соли 2017 Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев як гурӯҳ фаъолони марказҳои фарҳангӣ, аз ҷумла, 2 нафар тоҷиконро "барои саҳмгузорӣ дар таҳкими дӯстии байналмилалӣ ва ризоият дар ҷумҳурӣ" бо ордену медалҳо сарфароз гардонид.
Соли 1944 – доктори илмҳои физика- математика Субҳон Ибодов.
Соли 1966 – иқтисодчӣ Фаррух Ҳамралиев.