Джо Байден

Конгресс интихоби Ҷо Байденро ба мақоми президенти ИМА тасдиқ кард

301
(Таҷдидшуда 14:16 14.01.2021)
Конгресси ИМА расман бар асоси натоиҷи интихоботи президентӣ, интихоби Ҷо Байденро ба мақоми президент тасдиқ кард

ДУШАНБЕ, 7 янв – Sputnik. Байден беш аз 270 раъйи зарурии интихобкунандагонро барои интихобот ба даст овард.

Муайян гардид, ки Байден дар интихоботи президентӣ 306 раъй ба даст оварда, кишвардори феълӣ Доналд Трамп танҳо 232 овоз гирифт.

Ноиби сарвазир Майк Пенс натиҷаҳои интихоботро эълон кард. Демократҳо натоиҷи интихоботро  бо кафкӯбии бардавом истиқбол карданд. Худи Пенс бошад кафкӯбӣ накард ва эҳсосотеро нишон надод.

Тасдиқи конгресс ниҳоят доираи конститутсионии ҳама гуна мушкилот ба натиҷаҳои интихоботи президентиро мебандад. 

Ҷо Байден, президенти нави ИМА дар пахши мустақил ваксинаи COVID-19-ро зад

Ба ҳамин минвол, Байден расман кишвардори Амрико баргузида шуда, маросими савгандёдкунии ӯ рӯзи 20 январ сурат мегирад.

Ошӯбҳо дар Вашингтон

Тасдиқи натиҷаҳои интихобот дар Конгресс дар пасманзари ошӯбҳои бесобиқа барои Вашингтон сурат гирифт. Як рӯз пеш аз ин президенти кунунӣ Доналд Трамп дар гирдиҳамоии ҳазорон тарафдоронаш баромад карда, бори дигар изҳор дошт, ки интихобот тақаллуб шудааст ва худи ӯ низ таслим шуданӣ нест.

"Шояд комилан баръакс": Сиёсатшинос оид ба маслиҳат ба Байден дар бораи Русия

Дар натиҷа, ҳазорҳо ҷонибдорони Трамп ба Капитолий омада, бо полис даргир шуданд ва сипас ба бино ворид шуданд. Полис алайҳи онҳо гази ашковар ва норинҷаки ҳайратоварро ба кор бурд. Чор нафар ҳалок шуданд - як зан, собиқадори нерӯҳои ҳавоии Иёлоти Муттаҳида, аз ҷониби як корманди полис ҳадафи тир қарор гирифт, вай дар беморхона ба ҳалокат расид.

301
Ҷо Байден кишвардори феълии Амрико бо Ллойд Остин. 8 апрели соли 2009

Бори нахуст сиёҳпӯст роҳбари Пентагон шуд: Ллойд Остин кист?

1062
(Таҷдидшуда 13:48 23.01.2021)
Ллойд Остин 67 сол дорад ва дорои рутбаи генерали чаҳорситора аст. Ӯ ҳанӯз соли 2016 ба нафақа баромада буд

ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Сенати Амрико номзадии Ллойд Остинро ба мақоми раҳбари Пентагон тасдиқ кард, хабар медиҳад РИА Новости.

Бар хабари манбаъ, ба ҷонибдорӣ аз Остин 93 сенатор раъй дода танҳо ду нафар мухолиф баромаданд. Як рӯзи пеш, аз номзадии ӯ кумитаи соҳавии сенатҳо пуштибонӣ кард.

Зимнан, ба довталабони ҳарбие, ки камтар аз ҳафт сол пеш ба нафақа баромадаанд, тасдиқи махсуси Конгресс зарур аст. Остин бошад, соли 2016 ба нафақа баромада буд.

Ллойд Остин 67 сол дорад ва дорои рутбаи генерали чаҳорситора аст. Остин аввалин сиёҳпӯст мебошад, ки ба вазорати мудофиаи ИМА роҳбарӣ мекунад.

Номбурда дар Олмон ва сартосари Амрико хидмат намуда, дар ҳайати фармондеҳи дивизия буд ва то соли 2006 ба рутбаи генерал-лейтенант расид.

Пентагон: коронавирус миёни низомиёни афғон густариши шадид ёфтааст

Соли 2010 Остин фармондеҳи қувваҳои Амрико дар Ироқ таъйин шуд ва масъули аз қаламрави ин кишвар берун овардани низомиёни амрикоӣ буд. 

Моҳи декабри соли 2011, ӯ муовини фармондеҳи Ситоди артиш таъин шуд ва аз соли 2013–2016 фармондеҳии марказии Амрикоро раҳбарӣ кард. Вай дар ин вазифа дар таҳияи стратегияи Вашингтон дар мубориза бо "Давлати Исломӣ" нақши калидӣ дошт.

Пас аз ба нафақа баромадан дар 2016, ӯ дар ҳайати Шӯрои директорони бузургтарин истеҳсолкунандаи силоҳ Raytheon кор мекард.

1062
Барчаспҳо:
роҳбар, Амрико, Пентагон
Первые политические консультации между Таджикистаном и Оманом

Баргузории нахустин ройзаниҳои сиёсӣ миёни Тоҷикистону Умон

78
(Таҷдидшуда 19:39 20.01.2021)
Ҳайати дипломатҳои Тоҷикистон таҳти роҳбарии ноиби аввали вазири умури хориҷии кишвар, Хусрав Нозирӣ нахустин машваратҳои сиёсӣ бо Салтанати Умонро баргузор кард

ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури хориҷӣ, нахустин даври ройзаниҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Салтанати Умон дар шакли маҷозӣ баргузор шуд.

“Ҳайатҳои тарафҳоро муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ ва Муовини вазири корҳои хориҷии Салтанати Умон Шайх Халифа бин Алӣ ал- Ҳорисӣ роҳбарӣ намуданд”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ афзуд, дар ройзаниҳо масъалаҳои марбут ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои таҳкими ҳамкориҳо байни Тоҷикистону Умонро баррасӣ намуданд. Аз ҷумла  дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, энергетика, сайёҳӣ, кишоварзӣ, саноат, алоқаи ҳавоӣ, таҳкими пояи шартномавӣ ва ҳуқуқӣ, ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ шуданд.

Афзоиши содироти ширинӣ ва шакалоти Эрон ба Тоҷикистон

Ҷонибҳо барқарорсозии тамосҳои сатҳи олӣ ва табодули боздидҳоро дар рушду нумӯи ҳамкориҳои дуҷониба муҳим арзёбӣ намуда, зимнан зарурати татбиқи Барномаи иҷроӣ байни Вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар барои солҳои 2020-2022-ро, ки ҳангоми сафари расмии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Масқат 19 декабри 2019 ба имзо расида буд, таъкид карданд.

78
Барчаспҳо:
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, ҳамкорӣ, Тоҷикистон-Уммон
 Дастин Пуарье, архивное фото

Ирода ва тактика: Поре Макгрегорро шикаст дод

252
(Таҷдидшуда 11:02 24.01.2021)
Муборизаи ҷолибу диданӣ "Ҷазираи муҳорибаҳо" воқеъ дар наздикии Абу-Даби ғолибро муайян кард, ки вай тамоми имкони ба даст овардани камарбанди қаҳрамониро дорад

ДУШАНБЕ, 24 январ - Sputnik. Набарди ҷавобӣ байни Конор Макгрегор ва Дастин Пуаре барои аксарият ғайричашмдошт хотима ёфт - Поре ғолиб омад.

Рақобат дар даври дуюм хотима ёфт.

Нахуст варзишкори амрикои забаҳо хӯрд ва ҳама бовар доштанд, ки Конор пирӯз мешавад.

Аммо дар даври дуввум Поре бо задани зарбаҳои ҳадафрас Конорро нокаут кард ва ӯ рӯйи майдон уфтод.

Ёдовар мешавем, ки Макгрегор ва Дастин Поре 27-уми сентябри соли 2014 аввалин рақобати худро доир карданд, ки дар натиҷа варзишкори ирландӣ дар даври аввал бо нокаут пирӯз шуд.

Ҳардуи онҳоро қаҳрамони вазни сабук Хабиб Нурмагомедов шикаст додааст.

Ҳабиб ҷараёни рақобатро аз аввал пайгирӣ мекард. Новобаста аз он ки ӯ метавонад ба ягон рақиб таваҷҷӯҳ зоҳир кунад ва ё карераашро ба анҷом расонад, мо инро ба зудӣ хоҳем донист.

252
Барчаспҳо:
зӯрозмоии размикорон, Макгрегор, қаҳрамони UFC