Джо Байден

Амрико дипломатҳои Русияро низ ба маросими савгандёдкунии Байден даъват кард

162
(Таҷдидшуда 15:54 12.01.2021)
Амрико унвонии намояндагони сафорати Русия дар он кишвар ба хотири иштирок намудан дар маъракаи савгандёдкунии кишвардори тозаинтихоб расман даъватнома ирсол кард

ДУШАНБЕ, 12 янв – Sputnik. Интизор меравад, дипломатҳои Русия дар маъракаи савгандёдкунии президенти тозаинтихоби Амрико Ҷо Байден ширкат варзанд, чун расман унвонии намояндагони сафорат даъватнома ирсол шуд.

Маъмулан дар маъракаи савгандёдкунии президент сафирони кишварҳои хориҷӣ бояд иштирок кунанд, аммо имсол маросими мазкур дар шакли маҳдуд баргузор мешавад. Аз ин рӯ, маълум набуд, ки дипломатҳо низ даъватӣ мешаванд, ё хайр.

Акнун расман? Байден Трампро дар интихоботи президентии ИМА шикаст дод

Қаблан низ хабар дода шуд, ки дар маросими савгандёдкунии Байден танҳо намояндагони Конгресс ва меҳмонони онҳо иштирок мекунанд. Ҷамъан аз иштироки 1100 нафар гузориш шуда буд.

Интихоботи президентӣ дар ИМА рӯзи 3 ноябр баргузор гардид. Рақобат миёни ду номзад, Ҷо Байден ва кишвардори феълӣ Доналд Трамп шадид буд. Ахиран Ҷо Байден бо касби 306 орои мардум ғолибият ба даст овард ва маросими савгандёдкунии ӯ рӯзи 20 январ сурат мегирад.

162
Барчаспҳо:
даъват, маросими савгандёдкунӣ, Русия, Амрико
Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров

Лавров гуфт муносибати Русияву Амрико дар аҳди Байден чӣ гуна тағйир меёбад

270
(Таҷдидшуда 17:38 18.01.2021)
Вазири умури хориҷаи Русия тавзеҳ дод, ки муносибатҳои русия ва Амрико дар давраи Байден чӣ гуна тағйир меёбанд

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия зимни нишасти матбуотӣ аз чигуна сурат гирифтани муносибатҳои минбаъдаи Русия ва Амрико гуфт.

"Ба ҳама мерасад": Амрико дар изҳороти "агрессияи Русия" чиро пинҳон мекунад

Ба боварии Лавров моҳияти сиёсати Амрико нисбати Русия дар замони президенти тозаинтихоб Ҷо Байден низ бетағйир мемонад.

Ҳамзамон, вазири рус изҳори умедворӣ кард, ки рафтори он кишвар дар қиболи Русия боодобтар мешавад.

"Маълум аст, ки пешдастии давлати амрикоӣ шеваи зиндагии амрикоӣ идома хоҳад ёфт. Боздории Русия ва Чин бидуни шак ҷузъи таркибии сиёсати хориҷии ИМА хоҳад буд. Онҳо бар инанд, ки блояд коре кунанд то Русия ва Чин ба ҳадде муттаҳид нашаванд, ки худро тавонотар аз худи Амрико эҳсос кунанд", - тавзеҳ дод роҳбари ВУХ Русия.

Ҳамзамон, Лавров таъкид кард, ки Русия мунтазири пешниҳодҳои мушаххаси маъмурияти нави ИМА оид ба тамдиди Шартнома дар бораи чораҳои минбаъдаи коҳиш ва маҳдуд кардани яроқи стратегии ҳуҷум ва муколама оид ба суботи стратегӣ мебошад.

270
Барчаспҳо:
Русия, Амрико, муносибат, Сергей Лавров

ИМА манъи вуруд аз бархе кишварҳои мусалмониро бекор мекунад

136
(Таҷдидшуда 14:20 18.01.2021)
Ҷо Байден, раисиҷумҳури тозаинтихоби ИМА, ният дорад, манъи вуруди шаҳрвандони бархе аз кишварҳои мусалмониро бекор кунад

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Лағви манъи вуруд аз бархе кишварҳои мусалмонӣ аз нахустин қадамҳои Ҷо Байден дар мақоми раисиҷумҳури ИМА хоҳад буд, хабар додааст CNN.

Манбаъ афзуд, Байден дар рӯзи нахустини корияш инчунин бархе тағйироти ҷиддии дигарро анҷом доданист. Аз ҷумла зикр шудааст, ки ИМА ба созишномаи Париж дар бораи тағйирёбии иқлим бармегардад. Ин созишнома коҳиши партовҳо ба ҳаворо дар назар дорад.

Байден инчунин ният дорад, ба Конгресс тарҳи бузурги умури муҳоҷиратро пешниҳод кард, ки бар асоси он миллионҳо муҳоҷири беҳуҷҷат дар қаламрави ИМА метавонанд шаҳрвандии ин кишварро ба даст оранд.

Инчунин маълум шуд, ки Байден бархе дастуроти раисиҷумҳурии феълии ИМА-ро бекор карданист. Аз ҷумла баромадани ИМА аз Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ва ғайраро.

Маросими савгандёдкунии раисиҷумҳури нави ИМА 20 январ дар назар аст. Ба далели пандемия ин маросим бо бархе тағйирот сурат хоҳад гирифт.

136
Барчаспҳо:
мусалмонон, қарор, президент, ИМА
Даст ба дуо, акс аз бойгонӣ

Афзоиши фавти эрониён аз COVID-19

0
(Таҷдидшуда 20:57 19.01.2021)
Вазорати беҳдошт ва дармони Эрон мегӯяд, дар 24 соати гузашта бар асари коронавирус дар ҷумҳурӣ 83 нафар ҷон доданд

ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Шумори қурбониёни коронавирус дар Эрон, ки 83 миллион нафар аҳолӣ дорад, то имрӯз ба 56 ҳазору 973 тан расид. Дар шабонарӯзи гузашта 83 ҳолати фавт аз ин маризӣ сабт шудаанд.

Ба гузориши Вазорати беҳдошт ва дармони Эрон, дар 24 соати гузашта 5 ҳазору 917 бемори ҷадиди мубтало ба COVID-19 дар Эрон шиносоӣ ва аз ин теъдод 518 нафар бистарӣ шуданд, навиштааст сомонаи Парстудей.

Боз 300 ҳазор ваксина "Спутник V" дастраси мардуми Аргентина шуд - видео

Манбаъ афзуд,  маҷмӯи беморони мубтало ба вируси корона дар Эрон ба як миллиону 342 ҳазору 134 нафар расидааст, ки ҳудуди як миллиону 132 ҳазор нафар аз мубталоён ба ин вирус беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мурраххас шудаанд.

Теъдоди афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба беш аз 96 миллион нафар расидааст, ки аз ин теъдод беш аз ду миллион нафари ҷони худро аз даст дода ва ҳудуди 69 миллион нафар ҳам беҳбуд ёфтаанд.

0
Барчаспҳо:
беморӣ, вируси корона, Эрон