Дети в школе

Дастури Эмомалӣ Раҳмон дар бораи таъмини пурраи либоси мактабӣ - "худӣ шавад"

384
(Таҷдидшуда 15:28 28.01.2021)
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки сару либоси мактабӣ дар Тоҷикистон пурра аз ҳисоби истеҳсоли ватанӣ таъмин шавад

ДУШАНБЕ, 28 янв – Sputnik. Ин дастури раисҷумҳур дар бораи таъмини либоси мактабӣ зимни ҷаласаи васеи Ҳукумат зикр гардидааст.

"Масъулин ва роҳбарияти вилояту шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати таъмини пурраи либоси мактабии истеҳсоли худӣ муваззаф гардиданд", - менависад дафтари матбуоти президент.

Гуфта мешавад, президент дастур дод, ки бо мақсади ҳар чӣ бештар фаъолтар намудани корхонаҳои истеҳсолӣ, ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ, истифодаи самарабахши имконияту иқтидорҳои мавҷуда, коркарди ашёи хоми ватанӣ то маҳсулоти ниҳоӣ тадбирҳои қатъи андешида шавад.

Бо дастури Қоҳир Расулзода: дар Тоҷикистон ярмаркаи фурӯши либоси мактабӣ баргузор мешавад

Гуфта мешавад, вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ Шералӣ Кабир аз дастовардҳои саноатчиёни мамлакат дар соли 2020 ва суръати афзоиши маҳсулоти ватанӣ, таъсиси корхона ва ҷойҳои нави корӣ, ҷалби технологияи муосир ва истеҳсоли маҳсулоти хушсифати ивазкунандаи воридот, ҳамзамон таъмини фаровонии бозори дохилӣ гузориш дод.

Ёдрас мешавем, ҷаласаи васеи Ҳукумати Тоҷикистон бо роҳбарии раиси Ҳукумат, президент Эмомалӣ Раҳмон 27 январ пас аз як рӯзи ироаи паёми кишвардор ба парлумон доир гардид. 

Масъулини кишвар дар ин ҷаласа ҳисобот доданд ва аз раисҷумҳур дастурҳо гирифтанд.

384
Барчаспҳо:
сарулибоси мактабӣ, либоси мактабӣ, дастур, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон
Премьер-министр Никол Пашинян проходит по улицам столицы (25 февраля 2021). Еревaн

Пашинян мегӯяд, ба ҳеҷ ваҷҳ тарки Арманистонро намекунад

167
(Таҷдидшуда 17:57 25.02.2021)
Сарвазири Арманистон Никол Пашинян сару садоҳо дар мавриди берун рафтани ӯ аз қаламрави кишварро шарҳ дода, мегӯяд, нияти тарк кардани ватанро надорад

ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Сарвазири Арманистон Никол Пашинян зимни эътироз бо ҷонибдорони худ дар маркази Ереван изҳор дошт, ки аз Арманистон берун намеравад.

Қаблан Telegram-канал, хабар дод, ки ҳавопаймои махсус аллакай омода аст ва дар сурати бад шудани вазъият Пашинян зуд ватанро тарк мекунад.

Ситоди генералии Арманистон истеъфои Пашинянро талаб кард

Аммо сарвазир ин гуна маълумоҳоро терроризми иттилоотӣ номида гуфт, "ҳар чӣ мардуми мо бо ингуна ахборот одат кардаанд".

"Ман нияти тарк карадни давлатро надорам ва ба ҳеҷ ваҷҳ аз Арманистон берун намеравам. Хонаводаи ман ҳам дар ҳамин ҷо аст. Шумо ҳоло худ шоҳид мешавад, зеро онҳо маҳз ба мо ҳамроҳ мешаванд", - афзуд Пашинян.

Аз наворҳо маълум аст, ки зимни эътирозҳо, Пашинянро писари ӯ Ашот ҳамроҳӣ мекунад.

Бӯҳрони сиёсӣ дар Арманистон пас аз он шиддат гирифт, ки Ситоди Генералии Қувваҳои Мусаллаҳ рӯзи 25 феврал истеъфои сарвазирро талаб кард ва гуфт, ки роҳбарияти сиёсӣ давлатро ба дами хатар мерасонад. Ин пас аз он рух дод, ки сарвари ҳукумат муовини аввали сардор генерал-лейтенант Тиран Хачатрянро, ки қаблан изҳороти сарвазирро дар бораи Искандар танқид карда буд, аз вазифа сабукдӯш кард.

Занозанӣ дар Ереван: ҷонибдорону мухолифони Пашинян вориди муноқиша шуданд - навор

Дар посух, сарвазир дар бораи кӯшиши табаддулот эълон кард ва шаҳрвандонро даъват кард, ки дар майдони ҷумҳурӣ ба хотири "дифоъ аз инқилоб" ҷамъ оянд.

Вай инчунин гуфт, ки дар бораи аз вазифа сабукдӯш кардани Сардори Ситоди Генералии Арманистон Оник Гаспарян қарор имзо кардааст. Аммо, президент то ҳол зери ин санад имзо нагузоштааст.

167
Барчаспҳо:
тарк, Арманистон, Никол Пашинян
Премьер-министр Армении Никол Пашинян

Ситоди генералии Арманистон истеъфои Пашинянро талаб кард

471
Ситоди генералии Арманистон истеъфои сарвазир Пашинян ва ҳукумати кишварро талаб кардааст

ДУШАНБЕ, 25 феврал - Sputnik. Ситоди генералии Арманистон истеъфои сарвазир Никол Пашинянро талаб кард.

Ғайр аз он, Ситоди Генералӣ инчунин талаб кардааст, ки ҳукумати Арманистон низ бояд истеъфо диҳад.

Мақоми марказии маъмурияти ҳарбӣ истеъфои Пашинянро пас аз барканории муовини аввали сардори ситоди кулл Тиран Хачатурян талаб кард.

Он бо қарори президент Армен Саркисян пас аз гуфторҳо ба унвонии сарвазири Арманистон хориҷ карда шуд.

Хачатурян изҳороти Пашинян дар бораи бесамар будани системаҳои мушакии "Искандар"-и Русияро шарҳ дода, гуфт ин хулосаҳо ҷиддӣ нестанд.

Ба гуфтаи муовини аввали сардори Ситоди Генералӣ, мушак танҳо 10% тарконда наметавонад ва баҳои додашуда сатҳӣ буд.

Истеъфои Пашинян
Дар Арманистон тазоҳуроти эътирозӣ бо талаби истеъфои сарвазир Никол Пашинян қариб чор моҳ аст идома дорад.

Сокинони Арманистон аз натиҷаи низоъ дар Қарабоғи Кӯҳӣ ва шартҳои созишномаи бо Озарбойҷон ва Русия басташуда, ки тибқи он ҷумҳурӣ мебоист тамоми қаламравҳои дар минтақа ишғолшударо озод мекард, норозӣ ҳастанд.

Пас аз шикаст дар Қарабоғ Пашинян тасмим гирифтааст дар артиш ислоҳот кунад

Овозаҳои истеъфои Пашинян доимо пайдо мешаванд. Намояндаи сарвазир онҳоро рад карда, таъкид кард кард, ки ҳоло дар назди ӯ вазифаи таъмини субот ва амнияти кишвар истодааст.

Қаблан Пашинян гуфта буд, ки пас аз интихоботи парлумонии Арманистон омодааст истеъфо диҳад, аммо барои ин низ шарт гузошт.

471
Барчаспҳо:
истеъфо, талаб, Никол Пашинян, Арманистон
Пассажир в защитной маске в международном аэропорту

Иттиҳоди Аврупо шиносномаи COVID ҷорӣ мекунад

0
Ин шаҳодатномаҳои минбаъд ҳамчун замина барои сафар кардан ба Иттиҳоди Аврупо хоҳанд шуд

ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Сарони кишварҳои Иттиҳоди Аврупо дар бораи зарурати ҷорӣ кардани шаҳодатномаҳои электронии эмгузаронӣ ба мувофиқа расиданд, хабар медиҳад РИА Новости.

Дар ин бора садри аъзами Олмон Ангела Меркел дар пайи як нишаст дар бораи коронавирус изҳор дошт.

"Барои коркарди масъалаҳои техникӣ ба Комиссияи Аврупо тақрибан се моҳ лозим аст", - илова кард вай.

Ба гуфтаи Меркел, чунин шаҳодатномаҳо заминаи сафар дар қаламрави Иттиҳоди Аврупо ва инчунин вуруд ба қаламрави он аз кишварҳои сеюм хоҳанд шуд.

Инчунин, сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои Аврупо қайд карданд, ки онҳо ба мувофиқа расиданд, то тасдиқ ва истеҳсоли ваксинаҳоро тезонанд.

"Спутник V" метавонад кӯмак кунад: Аврупо ба норасоии шадиди ваксин рӯбарӯ шуд - навор

Ёдовар мешавем, ки моҳи феврал Созмони ҷаҳонии беҳдошт ба кишварҳо тавсия надод, ки "шиносномаҳои ковид" -ро, ки барои сафарҳои байналмилалӣ истифода мешаванд, пешниҳод кунанд.

Гап дар сари он аст, ки маъракаҳои эмгузаронӣ ҳанӯз характери оммавӣ нагирифтаанд ва маълум нест, ки ваксинаҳо ба паҳншавии COVID-19 чӣ гуна таъсир мерасонанд.

0
Барчаспҳо:
шиноснома, Иттиҳоди Аврупо
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон