Глава Совета безопасности Беларуси Станислав Зась

Дабири СААД ба Тоҷикистон меояд: Зас бо Раҳмон чиро баррасӣ мекунад

190
(Таҷдидшуда 11:54 16.02.2021)
Интизор меравад, сафари Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Станислав Зас ба Тоҷикистон се рӯз идома ёбад

ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Станислав Зас имрӯз озими Душанбе мешавад, хабар медиҳад котиботи созмони мазкур.

Ба иттилои манбаъ, сафари Зас ба Тоҷикистон аз 16 то 19 - уми феврал идома меёбад.

Интизор меравад, Дабири СААД дар ҷараёни сафари худ бо кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ дидору мулоқот баргузор намояд.

Зикр мегардад, ки дар гуфтушунидҳо масъалаҳое чун, ҳамкории мутақобилаи кишварҳо дар доираи созмони мазкур ва ҳамчунин дурнамои густариши минбаъдаи робитаҳои бисёрсоҳавӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Гузашта аз ин, мулоқоти Дабири кулли СААД бо роҳбарони сохторҳои қудратии ҳукумат низ дар назар аст.

Қобили зикр аст, ки Станислав Зас барои маротибаи нахуст озими Тоҷикистон мешавад.

Суҳбати телефонии Сироҷиддин Муҳриддин ва Сергей Лавров

Тоҷикистон имсол мизбони нишасти навбатии сарони кишварҳои узви СААД аст. Тобистони имсол мебояд роҳбарони Арманистону Белорус, Русияву Қазоқистон ва ҳамчунин Қирғизистон барои иштирок дар нишасти мазкур озими Тоҷикстон шаванд.

190
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, СААД

Ҷабборов кишвардори Русияро ба Қирғизистон хонд

249
(Таҷдидшуда 19:27 24.02.2021)
Кишвардори Қирғизистон Содир Ҷабборов дар аввалин сафари расмии хориҷии худ озими Русия шуд

ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Содир Ҷабборов раисиҷумҳури Қирғизистон имрӯз дар раъчи як ҳайати ҳукуматӣ озими Федератсияи Русия шуд.

Дар ин сафар, Ҷабборов бо Владимир Путин, раисиҷумҳурии Русия дар мавриди ҳамкориҳои дуҷониба, чашмандози тавсеаи бештари равобит ва эҷоди таомули муассир байни ду кишвар гуфтугӯ намуд.

Гуфта мешавад, Ҷабборов ҳамтои худ Владимир Путинро ба Қирғизистон даъват намудааст.

Илова бар ин, дуҷонибаи кишвардори Қирғизистон бо Михаил Мишустин, нахуствазири Русия ва Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои федерастсияи Русия ва Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатӣ низ хоҳад дошт.

Савгандёдкунии хоксорона: Ҷабборов барои масрафоти зиёд аз кортежу банкет даст кашид

Интизор меравад, ҷаласае бо ҷомеаи бозаргонии Русия ва ҳамчунин бо ҳамватанону донишҷӯёни қирғизистонӣ, ки дар донишгоҳҳои Русия таҳсил мекунанд, низ дошта бошад.

249
Барчаспҳо:
Содир Ҷабборов, Владимир Путин, Русия, Қирғизистон
Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото

Тоҷикистону Қирғизистон масъалаи додугирифти шаҳрвандони боздоштшударо баррасӣ карданд

295
(Таҷдидшуда 12:08 24.02.2021)
Дидори мақомдорони ин ду кишвар бо даъвати Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор шудааст

ДУШАНБЕ, 24 фев – Sputnik. Дар дидори мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон дар ноҳияи Ботканд мавзӯи озодии шаҳрвандони боздоштшудаи ин ду ҷумҳурии ҳамсоя мавриди баррасӣ қарор гирифт, хабар медиҳад "Парс тудей" бо истинод ба сомонаи АКИ пресс.

Ба иттилои манбаъ, ин дидор ба дархости тарафи Қирғизистон баргузор шуд, ки дар он мақомоти ҳукуматӣ, полис, идороти амниятӣ, додситонӣ ва марзбонии ноҳияҳои Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон ва Лайлаки Қирғизистон ширкат карданд.

Тарафҳо дар ин дидор дар бораи ду мавзӯи таъмини амнияти сокинони рустоҳои марзӣ ва озодии 15 шаҳрванди тоҷики боздоштшуда дар Қирғизистон ва 9 қирғизи боздоштшуда дар Тоҷикистон баҳс ва табодули назар карданд. 

Гуфта мешавад, ки 9 шаҳрванди Қирғизистон ба далели гум кардани роҳ ҳангоми бозгашт аз Тоҷикистон ба дасти марзбонони тоҷик боздошт шудаанд, аммо дар бораи иллати боздошти 15 шаҳрванди Тоҷикистон дар Қирғизистон тавзеҳ дода нашудааст. 

Қаблан Умурбек Субҳон Алиев, раиси нави вилояти Ботканд дар пайи муроҷиаи волидайни боздоштшудагони қирғиз дар Тоҷикистон эълом карда буд, ки аз тариқи музокира бо мақомоти тоҷик ин мушкил ҳал хоҳад шуд.

Қирғизистон ва Тоҷикистон аз моҳи март тақсимоти сарҳадро идома медиҳанд

Вай таъкид кардааст, ки заминаи сафари наздикони ин афрод ба вилояти Суғд ва дидор бо боздоштшудагонро фароҳам хоҳад кард. 

То лаҳзаи интишори ин хабар дар бораи натоиҷи музокироти мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон дар ноҳияи Ботканд иттилое мунташир нашудааст.

295
Барчаспҳо:
боздоштшуда, шаҳрвандон, додугирифт, Қирғизистон, Тоҷикистон

Сабти боз як заминларзаи дигар дар Тоҷикистон

0
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза бо шиддати 4,1 балл ба қайд гирифта шуд, ки субҳи имрӯз рух дод

ДУШАНБЕ, 25 феврал - Sputnik. Дар Тоҷикистон субҳи барвақт заминларза рух дод, хабар медиҳад Маркази ҷумҳуриявии мониторинги пешгӯии сейсмикии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ӯзбекистон.

Ларзиш соати 07: 11-и вақти Душанбе ба қайд гирифта шудаанд.

Қувваи заминҷунбӣ 4,1 баллро ташкил дод, он дар умқи 151 километр рӯй додааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон дар бораи заминларзаи навбатӣ ҳоло шарҳ надодааст.

Ҳамзамон дар бораи хисорот ва ё талафот хабаре нест.

Инчунин маълум аст, ки қувваи заминларза дар қаламрави Ӯзбекистон эҳсос нашудааст, масофа аз маркази зилзила то Тошканд дар самти ҷанубу шарқ 497 километрро ташкил додааст.

35 километр дуртар аз Мурғоб: тафсилоти заминларзаи шоми дирӯз дар Тоҷикистон

Ёдовар мешавем, ки ин аввалин заминларзае нест, ки дар давоми ин моҳ аз ҷониби пойгоҳҳои сейсмикӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар маҷмӯъ, дар моҳи феврал тақрибан 10 чунин ларзиш рух дод.

0