Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

Умеди Раҳмон аз сафирони нав дар Тоҷикистон ва такони тоза дар муносибатҳои дипломатӣ

264
Эмомалӣ Раҳмон раисиҷумҳури кишвар имрӯз дар Қасри миллат аз 6 сафири нави фавқулодда ва мухтори кишварҳои хориҷ эътимоднома қабул карданд.

ДУШАНБЕ, 18 фев— Sputnik. Тибқи титтилои котиботи президент, сафирони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммадзоҳир Ағбар, Фаронса Мишел Тарран, Фаластин Луай  Исса, Италия Агостино Пинна, Маҷористон Михай Матяш Галошфай ва аз Хорватия Рефик Шабанович, эътимодномаҳоро бо паёму дуруд аз роҳбарияти кишварҳои хеш ба Эмомалӣ Раҳмон супурдаанд.

Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ҳамаи сафиронро ба муносибати оғози фаъолияти дипломатиашон табрик карда гуфтааст, ки сафирон бо талошу фаъолияти самарабахши худ ҷиҳати такони тоза бахшидан ба муносибатҳои шарикии кишварҳои мо дар арсаҳои гуногуни ҳамкорӣ саҳми арзанда хоҳанд гузошт.

Ӯ таъкид таъкид кардааст, ки Тоҷикистон чун субъекти мустақил ва баробарҳуқуқи низоми навини робитаҳои байналмилалӣ имрӯз бо 178 кишвари ҷаҳон робитаҳои дипломатиро ба роҳ монда, муносибатҳояшро фаъолона пеш мебарад.

Президенти мамлакат изҳори умед намудааст, ки сафирони фавқулодда ва мухтори навтаъйиншуда бо иҷрои рисолати сермасъул саъю талошҳои пайгиронаи худро баҳри татбиқи ҳадафҳои неки давлатҳо ва барои ба сатҳи сифатан нав баровардани муносибот ва ҳамкории мутақобилан судманди кишварҳои худ бо Тоҷикистон равона месозанд.

Нуралиев ба сафир Лоусон: долларикунонӣ дар иқтисоди Тоҷикистон кам шуд

Зимни суханронӣ Эмомалӣ Раҳмон оид ба вазъи имрӯзаи сайёра дар пасманзари оқибатҳои манфии ҳамагирии КОВИД-19 изҳори назар карда гуфтааст, ки дар чунин вазъияти ҳассос ҳамраъйиву дастгирии якдигар ва ҳамкории самараноки байналмилалӣ, омили калидии музаффарият дар мубориза бо чолишҳои имрӯза мебошад.

264
Новоизбранный премьер-министр Садыр Жапаров

Ҷабборов бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меравад

352
Роҳбари Қирғизистон Содир Ҷаббаров бо сафари расмӣ ба Душанбе сафар карданист ва дар ояндаи наздик ӯ инчунин аз Ӯзбекистон, Чин ва Туркманистон дидан хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов қасд дорад ба Тоҷикистон сафари расмӣ анҷом диҳад, гуфт вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Руслан Казакбоев дар як нишасти матбуотӣ.

Зимни суханронӣ дар брифинг роҳбари Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон дар бораи сафарҳои ояндаи байналмилалии сарвари давлат сухан гуфт.

"Президент ният дорад сафари навбатии худро ба Ӯзбекистон анҷом диҳад. Тахминан рӯзҳои 11-12 март", -  гуфт сарвари вазорати корҳои хориҷӣ.

Ба гуфтаи Казакбоев, Ҷабборов инчунин қасд дорад ба кишварҳои ҳамсоя - Чин, Тоҷикистон ва Туркманистон сафар кунад.

Ҷабборов ба кишвардори Русия тӯҳфаи ғайриоддӣ дод

Хотиррасон мекунем, ки қаблан Президент ба Русия ва Қазоқистон ташриф оварда буд.

Дар Маскав вай бо Владимиров Путин мулоқот кард. Ҷабборов ба ҳамтои руси худ тӯҳфаи ғайриоддӣ - шамшери қирғизиро тақдим кард.

352
Барчаспҳо:
сафар, Тоҷикистон, раисҷумҳур, Қирғизистон
Барқарор гардидани муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Тринидад ва Тобаго

Тоҷикистон бо Тринидад ва Тобаго муносибатҳои дипломатӣ барқарор кард

84
(Таҷдидшуда 12:08 03.03.2021)
Баёния оид ба барқарор кардани муносиботи дипломатӣ бо Ҷумҳурии Тринидад ва Тобаго дар Ню-Йорк имзо шудааст

ДУШАНБЕ, 3 мар - Sputnik. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Тринидад ва Тобаго муносибатҳои дипломатӣ барқарор карданд.

Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бино ба гузориши ин ниҳод, рӯзи 26 феврал дар Ню-Йорк маросими имзои баёнияи муштарак оид ба барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Тринидад ва Тобаго баргузор гардид.

Баёнияи муштаракро аз ҷониби Тоҷикистон намояндаи доимии ҷумҳурӣ дар СММ Маҳмадамин Маҳмадаминов ва аз ҷониби Тринидад ва Тобаго кордори Намояндагии доимии он кишвар дар СММ Орделл Барман ба имзо расониданд.

Ҷумҳурии Тринидад ва Тобаго байни уқёнуси Атлантика ва баҳри Кариб ҷойгир аст.

Кишвар дар ду ҷазираи калон - Тринидад ва Тобаго ва ҷазираҳои сершумори хурд аз қабили Чакачакаре, Монос, Хуевос, Гаспар Гранде, Тобагои Литл, Ҷазираҳои Сент-Гилз ва ғайра, ҷойгир аст.

84
Барчаспҳо:
равобити дипломатӣ, муносибат, барқарорсозӣ, ИМА, Тоҷикистон