Эксперт по Афганистану Андрей Серенко, архивное фото

Коршинос: бастани марз бо Афғонистон марзнишинонро бечора мекунад

107
(Таҷдидшуда 13:48 28.03.2018)
Коршиноси масоили амниятӣ пайомадҳои ташдиди тадобири амниятӣ дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистонро тавзеҳ дод

ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Андрей Серенко, коршиноси масоили амниятии Бунгоҳи пажӯҳиши масоили Афғонистон дар Русия, пешбинӣ мекунад, ки дар паи баста шудани бархе аз гузаргоҳ ва пулҳо дар марз миёни Тоҷикистон ва Афғонистон бештари марзнишинони ин ду кишвар, ки бо тиҷорати марзӣ рӯз мегузаронанд, хисорот хоҳанд дид.

Вай мегӯяд, Тоҷикистон метавонад барои муқобила бо таҳаррукоти гурӯҳҳои теруристӣ ва қочоқбарони маводи мухаддир тадобири амниятӣ дар марз бо Афғонистонро ташдид кунад, аммо ин барнома муваққатӣ хоҳад буд.

"Аммо, аз бастани марз пеш аз ҳама марзнишинон, бавижа онҳое, ки дар Афғонистон зиндагӣ доранд, осеб мебинанд. Зеро бисёре аз марзнишинҳои афғонистонӣ хӯроку пӯшоку доруву сӯхтро бештар аз Тоҷикистон мехаранд, чунки роҳашон то наздиктарин бозору доруфурӯшӣ дар қаламрави Афғонистон аз кӯҳҳои осмонбӯсу оврингҳои хатарнок мегузарад ва на ҳар харидоре ба онҳо мерасад", — гуфт Серенко.

Серенко: перекрытие границы это частое явление, но для людей, конечно, стресс

"Манзурам суду зиёни дастфурӯшон нест. Он сарзамин худ маконе муносиб барои зисту зиндагӣ нест: онҷо ба душворӣ метавон хӯроку пӯшоку доруву сӯзишворӣ дастрас кард. Аз ин рӯ, баста шудани марз, ҳатто барои муддати кӯтоҳе, мушкилоти марзнишинҳои афғонистониро садчандон мекунад", — ёдоварӣ мекунад Андрей Серенко.

107
Барчаспҳо:
марзнишинон, марзбандӣ, Андрей Серенко, Афғонистон, Тоҷикистон
Мавзуъ
Марз бо Афғонистон: онро бояд баст ё набаст?
Путин: Русия аз бесуботӣ дар марзи Афғонистон ва Тоҷикистон нигарон аст
Тоҷикистон маркази омӯзишии Нерӯҳои марзбониро бозсозӣ кард
Кадом қисмати марзи Тоҷикистону Афғонистон баста шуд
Тоҷикистон марз бо Афғонистонро баст
Президент Международной контртеррористической ассоциации Иосиф Линдер, архивное фото

Линдер: занони маргталаб шояд барои интиқомгирӣ ба дидбонгоҳи Ишқобод ҳамла карданд

1719
(Таҷдидшуда 16:59 08.11.2019)
Раиси Ассосиатсияи байналмилалии таълимии зиддитеррористӣ Иосиф Линдер, ҳузури занон дар ҳамла ба дидбонгоҳи Ишқобод дар марзи Тоҷикистону Узбакистонро шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Иосиф Линдер дар сӯҳбат ба радиои Sputnik азҳор намуд, ки агар зане дар Шарқ силоҳ ба дасти худ гирад, пас маълум мешавад, ки вай ангезаи ҷиддӣ дорад.

Линдер мегӯяд, ба гурӯҳҳои террористӣ аслан нафароне ҷалб мешаванд, ки руҳан дорои ақидаҳои гуногунанд.

"Миёни онҳо нафароне ҳастанд, ки пайвандонашон ба гурӯҳҳои террористӣ пайвастанд ва аснои пиёда кардани ягон амалиёт ҷон аз даст доданд. Дар  ин сурат наздикони онҳо,  алалхусус занон дар фикри интиқом гирифтан мешаванд", - мегӯяд линдер.

Гузашта аз ин, раиси Ассосиатсияи байналмилалии таълимии зиддитеррористӣ мегӯяд, ки ба сафи гуруҳҳои террористӣ аслан шаҳрвандони кишварҳое ҷалб мешаванд, ки аз лиҳози пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ костагии назаррас доранд.

Ҷалб намудани шаҳрвандони кишварҳои муттарақӣ ба ин гурӯҳҳо қариб ғайриимкон аст, мегӯяд Линдер.

"Убури доишиён ба Тоҷикистон": вулусвол гуфт, феълан далеле нест, таҳқиқ идома дорад

Ёдовар мешавем, ки мақомоти марзбонии Тоҷикистон бо нашри иттилоияи расмӣ хабар доданд, ки шаби 6 - уми ноябр як гурӯҳи 20-нафарии ниқобдор ба дидбонгоҳ дар марз бо Узбакистон ҳамла карданд, ки ба гуфтаи мақомот 15 ҳамлагар кушта шуда, 5 нафарашон боздошт гардиданд. ВУД Тоҷикистон хабар дод, ки 4 нафар дастгир шудаанд.

Мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар аввал теъдоди кушташудагон миёни афсарону сарбозони кишварро ду нафар арзёбӣ карданд. Баъдан манобеи дигар аз ҳалокати 5 нафар хабар доданд. Аз сарбози ҳалокшудаи панум  Ғаниҷони Давлат ном бурда шуд, аммо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон феълан расман ин хабарҳоро тасдиқ ё рад накардаанд.

1719
Барчаспҳо:
маргталаб, занон, ҷалб
Ясно Понятно

"Ӯро хушдоманаш пеш кардааст". Чаро мо ғайбат мекунем?

250
(Таҷдидшуда 16:03 17.03.2019)
Мо медонем, ки ғайбат кардан-кори бад аст. Оё дар асл чунин аст? Ғайбат чӣ бадӣ дорад ва аз овозаҳо чӣ фарқ мекунад? Чӣ бояд кард, то мавзуи ғайбат нашавӣ ва агар шудӣ чӣ? Оё ғайбати бегуноҳ гуфтани гап ҳам, ҳаст? Ин мавзуъро Маша, Гузел ва Лина муҳокима карданд.

Юлия Меншова бошад дар бораи вокуниши ситораҳо ба ғайбат нақл кард.

"Говорят, ее выгнали с прошлой работы". Почему мы сплетничаем?

Чун анъана овозаҳо тариқи гуфтугӯ чун ғайбат аз як шахс ба шахси дигар расонида мешавад.

Ҳангоми ғайбат кардан мо кӯшиш мекунем, нуқсонҳоямонро рӯйпӯш карда, худро болотар аз дигарон нишон диҳем. Дар аксари ҳолат мо барои мусоҳиби дилгиркунанда набудан ғайбат мекунем. Албатта борҳо шунидаем, ғайбат накун! Вале чӣ мешавад, агар ғайбат ҷониби мусбат ҳам дошта бошад.

Оё ғайбат танҳо ҷониби манфӣ дорад, ё фоидаи онро ғайбатгарҳо аз худ бофтаанд? Ва оё миёни мусоҳибаи дӯстонаю муҳокимаи овозаҳо марзе вуҷуддорад?

Ҳунарпеша Юлия Меншекова дар бораи вокуниши ситораҳо ба овозаҳо ва ғайбат нақл кард.

Равоншинос Иван Хватов фаҳмонд, ки чаро ҷамъият бе ғайбату муҳокимаи овозаҳо вуҷуд дошта наметавонад.

Муҳокимаи ин мавзуъро дар шакли радиоии РИА Новости гӯш кунед.

250
День 1 октября

Ҷашнҳои рӯзи 1 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

0
(Таҷдидшуда 16:55 30.09.2020)
Рӯзи 1 октябр Рӯзи ҷаҳонии солмандон, Рӯзи ҷаҳонии меъморӣ ва Рӯзи ҷаҳонии мусиқӣ мебошад. Дар Ӯзбекистон — Рӯзи омӯзгорон ва дар Озарбойҷон — Рӯзи кормандони прокуратура аст

Рӯзи 1 октябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1843 бори нахуст рӯзномаи маъруфи Британияи Кабир «The News of the World» ба нашр расид.

День 30 сентября
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1869 дар Вена бори аввал дар ҷаҳон руқъаи почтавӣ бо тамға нашр гардид.

Соли 1891 дар Фаронса клуби футболи "Бордо" ташкил ёфт.

Соли 2001 суди болоии ИМА муваққатан Бил Клинтон (собиқ президенти ИМА)-ро аз машғул шудан ба корҳои юридикӣ манъ намуд.

Рӯзи 1 октябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2002 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расид.

Соли 2009 дар шаҳри Норак Эмомалӣ Раҳмон нақби мошингарди «Чормағзак» — ро расман ифтитоҳ намуд.

Соли 2013 Парлумони Тоҷикистон Созишномаи Тоҷикистону Русия дар бораи будубоши пойгоҳи ҳарбии 201-и Русия дар Тоҷикистонро  тасдиқ намуд.

Военные 201-й РВБ, архивное фото
© Sputnik / Амир Исаев
Военные 201-й РВБ, архивное фото

Соли 2015 шумораи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 8 млн 486 ҳазору 300 нафар расид.

В Душанбе открылась ярмарка школьных товаров
© Sputnik / Амир Исаев
В Душанбе открылась ярмарка школьных товаров

Соли 2015 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи  байналмилалӣ  оид ба содагардонӣ  ва ҳамоҳангсозии  расмиёти гумрукӣ (дар таҳрири нав) ҳамроҳ гардид.

Соли 2015 дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар рейтинги навшудаи Федератсияи байналмилалии футбол бо касби 156 хол мақоми 160-умро ишғол намуд.

Ҷашнҳои рӯзи 1 октябр

  • Рӯзи ҷаҳонии солмандон.
  • Рӯзи ҷаҳонии меъморӣ.
  • Рӯзи байналмилалии нафароне, ки аз маҳсулоти гӯштӣ парҳез мекунанд.
  • Дар Ӯзбекистон — Рӯзи омӯзгорон
  • Дар Озарбойҷон — Рӯзи кормандони прокуратура.
  • Рӯзи ҷаҳонии мусиқӣ

Рӯзи ҷаҳонии солмандон

Рӯзи ҷаҳонии солмандон бо ташаббуси СММ аз соли 1991 таҷлил мешавад.

Маҷмааи умимии СММ аз ҳамаи созмонҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ дархост кардааст ба Бунёди марбут ба масъалаи "пиршавӣ" кумак намоянд.

1 октябрро дар кишварҳои мухталиф бо баргузории ҷашнвораҳо, ки аз сӯйи анҷуману кунгураҳои дифоъ аз ҳуқуқ роҳандозӣ мешавад, ҷашн мегиранд.

Таҷлили Рӯзи ҷаҳонии солмандон дар Тоҷикистон ба ҳукми анъана надаромадааст.

Рӯзи 1 октябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Юсуфҷон Акобиров (1937-2011) – Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷойизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ.

Акбар Турсунов (Набипур) (1939) – доктори илми фалсафа, профессор, узви вобастаи АФ Тоҷикистон.

Салимахон Ваҳҳобзода, журналист (1951).

Озод Аминзода (1933-2009) – шоира, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

Тоҳирҷон Баҳромов (1952 – 2001) – коргардони театр ва ТВ, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон.

Александр Бернштам (1910-1956)- доктори илми таърих.

Низомиддин Валиев (1949) – меъмор.

Николай Детсик (1922) – коргардони театр.

Ҳабибулло Ибодов (1949) – доктори илми тиб, профессор.

Дилмурод Каримов (1947) – меъмор.

Олимҷон Маҳмудҷонов (1961)- доктори илми педагогӣ, профессор.

Маҷид Салим (1959) – нависанда.

Мелик-Саядян Сероп (1926)- кинооператор.

Мисбоҳиддини Нарзиқул (1970)- доктори илми филологӣ.

Набиҷон Почоҷонов (1910 – 1988) – мутарҷим.

Бекмурод Сиёев (1932 – 2004) – доктори илми филологӣ.

Рина Талман (1903-1991)- Китобдори шоистаи Тоҷикистон.

Умриддини Нӯшӣ (1974) – шоир.

Зиёдулло Ҳасанов (1949) – меъмор, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон.

Қурбон Ҳамидов (1949 – 1996) – актёри театр, *Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Эргашалӣ Шодиев (1932 – 2005) – доктори илми филологӣ, профессор, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон.

Мавзуна Чориева (1992) - варзишгари номовари тоҷик, дорандаи медали биринҷии Олимпиадаи-2012 оид ба бокс дар Лондон.

Мавзуна Чориева

1 октябри соли 1992 Мавзуна Чориева, варзишгари номовари тоҷик ба дунё омадааст. Ӯ дорандаи медали биринҷии Олимпиадаи-2012 оид ба бокс дар Лондон аст.

Оё зӯри бозуи Чориева метавонад "муноқишаи оилавӣ" - ро ҳал кунад

Мавзуна тайи 29 соли мустақилияти Тоҷикистон танҳо зане дар кишвар аст, ки нишони олимпиро ба гардан овехт. Ба дунболи пирӯзии ӯ дар олимпиадаи Лондон Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур ӯро бо ордени "Шараф" сарфароз гардонд.

Мавзуна Чориева. Архивное фото
© AP / Ivan Sekretarev
Мавзуна Чориева. Архивное фото

 

Дар моҳи октябри соли 2012, дар шаҳри Кӯлоб бо Амон издивоҷ кард ва ҳоло соҳиби як духтаранд, ки Осия ном дорад.

0
Барчаспҳо:
Ҷаҳон, ҷашн, Тоҷикистон
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 24 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 26 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 27 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 28 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 29 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 30 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 25 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон