Китобфурӯшӣ. Акс аз бойгонӣ

Теҳрон аз Ню-Йорк мегузарад. Ба наздикӣ

63
(Таҷдидшуда 14:19 18.03.2016)
Мағозаи китобфурӯшӣ дар майдони 45 ҳазор метри мураббаъ ҳамаи дӯстдорони китобро новобаста аз синну сол шод хоҳад кард. Ба матолиби барои кӯдакону наврасон диққати махсус дода шуда, намоишномаҳо ва сужаҳо аз асарҳои машҳур нишон дода мешаванд.

ДУШАНБЕ,  18 мар — Sputnik. Сарвари бахши Созмони мероси фарҳангии вилояти Теҳрон Маҳмуд Солеҳӣ (Mahmood Salehi) мегӯяд, ки баъди ду моҳ дар пойтахти Эрон мағозаи калонтарини китобфурӯшии ҷаҳон ифтитоҳ мегардад, иттилоъ медиҳад оҷонсии Mehr.

То имрӯз мағозаи бузургтарини китобфурӯшии дунё, ки дар Ню-Йорк дар майдони 14 ҳазор метри мураббаъ ҷойгир аст, дониста мешуд. Вале Эрон бо кушодани мағозаи китоб дар майдони 45 ҳазор метри мураббаъ аз  Ню-Йорк пеш мегузарад. Ҳамчунин дар нақша аст, ки дар ҳудуди мағоза таваққуфгоҳ барои 5000 мошин сохта мешавад.

"Айни замон мо дар марҳилаи муҷҷаҳазонии мағоза қарор дорем. Мо умедворем, ки ҳамаи нашриётҳо имкон пайдо мекунанд, то китобҳояшонро дар мағоза ҷой диҳанд",- қайд кард оқои Солеҳӣ.

Барои ҳама қишрҳои ҷомеъа, новобаста аз синну солашон адабиёт дастрас аст. Махсусан ба матолиби марбут ба кӯдакону наврасон таваҷҷӯҳи хосса қоил гардидаанд. Дар баробари  ин дар мағоза чор шӯъбаи илмӣ ифтитоҳ мегардад, ки он ҷо устодони донишгоҳҳо метавонанд ба шогирдонашон дарс гузаранд.   

63
Барчаспҳо:
бузургтарин, калонтарин, китобфурӯшӣ, Созмони мероси фарҳангии вилояти Теҳрон, Маҳмуд Солеҳӣ, ИМА, Ню-Йорк, Эрон, Теҳрон