Бинои АУ ҶТ. Акс аз бойгонӣ

АУ дар Душанбе “Рӯзи илм”-ро таҷлил мекунад

72
(Таҷдидшуда 10:17 11.04.2016)
Маҷлисро бо сухани табрикотӣ президенти АИ ҶТ, академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба “Рӯзи илм” оғоз мекунад.

ДУШАНБЕ, 11 апр — Sputnik. Рӯзи 12 апрел дар толори Академияи улуми ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба рӯзи касбии олимон "Рӯзи илм" маҷлиси ботантана сурат мепазирад.

Ба иттилоъи дафтари матбуотии АУ ҶТ, дар  "Рӯзи илм" гузоштани гулчанбарҳо дар пояи нимпайкараҳои олимони барҷастаи тоҷик С.Айнӣ, Б.Ғафуров, С.Умаров ва М.Осимӣ дар назар буда, сипас дастовардҳои илмии муассисаҳои илмии фарҳангистон дар саҳни бинои Раёсати АУ ҶТ нишон дода мешавад.

Маҷлисро бо сухани табрикотӣ президенти АИ ҶТ, академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба "Рӯзи илм" оғоз мекунад.

Зимнан, маросими супоридани дипломҳо ба олимоне, ки дар соли 2016 соҳиби ҷоизаҳои АУ ҶТ ба номи олимони барҷаста ва супоридани дипломҳо ба ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ аз рӯи натиҷаи Олимпиадаи АУ ҶТ барои дарёфти "Ҷоми Академияи улум" доир мегардад.

Дар поёни ҳамоиш маърӯзаҳои илмии олимоне, ки ба ҷоизаҳои олимони барҷаста сарфароз гардида шудаанд, мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.

72
Барчаспҳо:
ид, ҷашн, таҷлил, Рӯзи нав, АУ ҶТ, Академияи улуми Тоҷикистон, Фарҳод Раҳимӣ, Душанбе, Тоҷикистон
Лепешки, испеченные к празднованию Дня национального единства

Кадом маводи ғизоӣ ба беморони COVID - 19 зарар дораду кадом фоида

763
(Таҷдидшуда 09:03 10.01.2021)
Пизишк маводи ғизоиеро ном бурд, ки ба ҳеҷ ваҷҳ набояд гирифторони бемории коронавирус истеъмол кунанд

ДУШАНБЕ, 9 янв – Sputnik. Истеъмоли бархе аз маводи ғизоӣ ба бемори гирифтори коронавирус, зарар дорад.

Дар ин бора пизишки терапевт, номзади илмҳои тибб Екатерина Бурляева нақл кард.

Ба гуфти ӯ ғизо худ наметавонад манбаъи сирояти коронавирус шавад.

"Ин на истеъмоли яквақтаъина балки, маҷмӯъи одатҳои бад мебошад, ки дар охир ба рафти бемории коронавирус таъсири худро мерасонад", - қайд кард коршинос.

Бурляева гуфт, ки барои бемори гирифтори коронавирус менюи вижа омода шудааст. Он аз ҷониби Роспотребнадзор омода шудааст.

Ба нафароне, ки гирифтори бемории коронавирус ҳастанд ва бо ин сироят мубориза мебаранд, истеъмоли шакар ва намак тавсия дода намешавад. 

Онҳое, ки ба маризии коронавирус гирифтор шудаанд, истеъмоли нон ва маводи нонӣ тавсия дода мешавад.

Ҳамчунин обҳои газдор ва нӯшокиҳои дорои оби мева метавонанд ба дардмандони COVID - 19 таъсири манфӣ расонанд, гуфт коршинос дар суҳбат бо "Российская газета".

Сироятшинос гуфт, пас аз 5 сол бо коронавирус чӣ мешавад

Дар баробари ин Бурляева мегӯяд беморони гирифтори коронавирус набояд гӯшти равғандор, ҳасиб, панир, картошка ва фастфуд истеъмол кунанд.

Ҳамин тавр ба гуфти коршиносон дар давраи бемории коронавирус инсон бояд бештар компот, шӯрбои мурғӣ ва кашаҳои ширӣ истеъмол кунад.

763
Барчаспҳо:
маводи ғизоӣ, ғизо, зарар, вируси корона
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Медицинские работники во время обхода в госпитале для лечения больных COVID-19, архивное фото

Олим гуфт, коронавируси бритониёӣ чӣ хатар дорад

581
(Таҷдидшуда 18:47 27.12.2020)
Вирусшиноси Маркази илмиву тадқиқотии эпидемиологӣ ва микробиологии ба номи Гамалеи Виктор Зуев гуфт, коронавируси нави бритониёӣ чӣ хатаре дорад

ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Хусусиятҳои зиддигении навъи нави коронавирус, ки дар Бритониёи Кабир дар аввали моҳи декабр кашф шуд, бетағйир монд, гуфт Виктор Зуев вирусшиноси Маркази илмиву тадқиқотии эпидемиологӣ ва микробиологии ба номи Гамалеи.

"Ин навъ бештар сирояткунанда аст", - қайд кард мутахассис.

Ба гуфти вай, набояд аз ин навъи коронавирус ҳарос дошт, балки қоидаҳои зарурии пешгирикунандаро қатъиян риоя кардан зарур аст.

Зуев қайд кард, ки ваксинаҳои қаблан сохташуда низ бар зидди COVID-19 - и нав метавонанд муқовимат кунанд.

Ёдовар мешавем, ки навъи нави коронавируси бритониёӣ аллакай дар 8 кишвар пайдо шудааст. Аввалин ҳолатҳои шакли мутатсионии сироят дар Бритониёи Кабир кашф шуд.

Олимон қайд мекунанд, ки сироятёбӣ аз коронавируси навъи бритониёӣ 70% зиёдтар аст. Ҳамзамон, коршиносон ҳанӯз далеле надоранд, ки эҳтимолияти марг пас аз бемор шудан бо ин навъи коронавирус афзоиш ёфтааст ё не.

Гирифторони COVID-19 дар ҷаҳон ба 80 миллион наздик шуд: ташвиши нав аз шакли нави он

Бо сабаби пайдоиши шиддати мутатсионии COVID-19, мақомоти бисёр иёлотҳо тасмим гирифтанд, ҳаракати ҳавоӣ бо Бритониёро қатъ кунанд.

Масалан парвозҳо байни ду кишвар Русия ва Бритониё аз 22 декабр барои як ҳафта қатъ шудааст.

Пештар дар бораи интиқоли намунаи навъи нави коронавирус аз ҷониби мутахассисони Бритониё ба олимони Русия маълум шуд.

581
Барчаспҳо:
олим, хатар, хатар, Бритониё, Русия
День 21 января

Аз Рӯзи оғӯш то ниҳолшинонии Эмомалӣ Раҳмон дар боғи "Наврӯзгоҳ": имрӯзи таърих

0
(Таҷдидшуда 19:37 20.01.2021)
Рӯзи бисту якуми январ дар Лаҳистон – Рӯзи бибиҳо, дар Беларус — Рӯзи қӯшунҳои муҳандисӣ. Рӯзи байналмилалии оғӯш мебошад

Рӯзи 21 январ дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1862 Адам Опел дар шаҳри Рюсселхайми Олмон корхонаи истеҳсоли мошинаҳои дӯзандагӣ ифтитоҳ намуд. Соли 1886 ширкати "Опел" истеҳсоли дучарха ва соли 1899 истеҳсоли мошинро сар кард ва  ҳоло яке аз ширкатҳои машҳуртарин дар ҷаҳон мебошад.

Соли 1932 дар Остона аввалин шумораи рӯзномаи "Ҳақиқати Қазоқистон" («Казахстанская правда») нашр шуд.

Соли 1954 дар ҷаҳон нахустин маротиба бомбаи атомии зери обӣ сар дода шуд.

Соли 2011 дар Остона, дар  Донишгоҳи миллии санъати Қазоқистон ҷаласаи дуюми Шӯрои ректорони консерваторияҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

Соли 2014 дар пойтахти Чин- шаҳри Пекин ҷаласаи якуми раёсати Шӯрои расмии Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид. Дар ҷаласа роҳбарони қисмҳои миллии Шӯрои расмии кишварҳои иштирокчии СҲШ- Тоҷикистон, Русия, Чин, Қирғизистон, Қазоқистон ва Узбакистон ширкат варзиданд.

Соли 2016 ВАО хабар доданд, ки дастаҳои футболи Испания — "Реал" ва "Барселона", инчунин "Манчестер Юнайтед"-и Англия дар соли 2015 беш аз 500 миллион евро ба даст овардаанд.

Рӯзи 21 январ дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2000 нахустин шумораи ҳафтаномаи "Азия-Плюс" аз чоп баромад.

Соли 2004 Парлумони Тоҷикистон ба қонун “Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” тағйирот ворид кард, ки мувофиқи он муҳлати хизмати ҳатмии ҳарбӣ барои хатмкунандагони донишгоҳҳо аз 18 ба 12 моҳ поин оварда шуд.

Соли 2011 бо Фармони Президенти Тоҷикистон Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Соли 2014 сарвазир Қоҳир Расулзода бо ҷараёни корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар минтақаҳои наздисоҳилии  шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Восеи вилояти Хатлон шинос шуд.

Соли 2017  Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба хабари ҳузнангези ба ҳалокат расидан ва ҷароҳат бардоштани шаҳрвандони Венгрия, аз ҷумла, кӯдакону наврасон бар асари садамаи воситаи нақлиётӣ дар Италия ба Президенти Венгрия Янош Адер барқияи тасаллият ирсол намуд.

Соли 2018 Эмомалӣ Раҳмон бо  раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар Боғи Наврӯзгоҳи пойтахт дарахтони нодири сояафкану ороишӣ шинонида, ба маъракаи ниҳолшинонӣ ва вусъати корҳои ободонию сабзазоркунӣ ва сабзу хуррам гардонидани муҳити атроф ҳусни оғоз бахшиданд.

Ҷашнҳои рӯзи 21 январ

  • Дар Лаҳистон – Рӯзи бибӣ (модаркалон).
  • Дар Беларус — Рӯзи қӯшунҳои муҳандисӣ.
  • Рӯзи байналмилалии оғӯш.

Рӯзи 21 январ кӣ ба дунё омадааст

Анвар Абдурасулов (1947)- физикдон, профессор.

Аҷамӣ Муҳаммадалӣ (1954) – шоир.

Бандишоева Савсан (1922 – 2003) – актрисаи театр, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон.

Гулов Тағоймурод (1945) – доктори илми кишоварзӣ.

Ғаниев Комилҷон (1950) – сароянда, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон.

Кандинов Лев (1932) – нависанда.

Каримова Аза (1925 – 2000) – доктори илми филологӣ.

Қаландарбеков Имомёрбек (1955)- доктори илми техникӣ, профессор.

Мастонгулов Мирзо (1939-2008)- доктори илми иқтисод, аввалин лётчики касбии тоҷик.

Маҳкамов Файз (1941) – дойрадаст, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Мирзоев Кароматулло (1941) – Нависандаи Халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷойизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ.

Мусулмонкулов Раҳим (1938) – доктори илми филологӣ, профессор.

Собиров Султон ( 1933 – 1998) – доктори илми химия, профессор, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон.

0
Барчаспҳо:
Ҷаҳон, Тоҷикистон, ҷашн
Мавзуъ
Аз ифтитоҳи радиои "Садои Душанбе" то марги 5 ҳазор нафар дар Чин: имрӯзи таърих
Аз зодрӯзи Аҳмад Бобоқулов то таҷдиди сохтори Дастгоҳи президент: имрӯзи таърих
Таъсиси "ЦРУ" ва тасдиқи лоиҳаи "CASA-1000" аз ҷониби Тоҷикистон: имрӯзи таърих
Рӯзи ҳамсар, таъсиси ноҳияҳои Хуҷанду Қумсангир ва зодрӯзи Дастин Поре: имрӯзи таърих