Аввалин ҷароҳии пайванди сари инсон дар Олмон гузаронида мешавад

© Sputnik / Кирилл Каллиников / Гузариш ба медиабонкВалерий Спиридонов аввалин нафаре, ки ба ҷарроҳии мағзи сар розигӣ додааст. Акс аз бойгонӣ
Валерий Спиридонов аввалин нафаре, ки ба ҷарроҳии мағзи сар розигӣ додааст. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷарроҳи итолиёвӣ Серджио Канаверо санаи аниқи гузаронидани амалиёти ҷарроҳии насби сари инсонро эълом накард, вале эҳтимолан амалиёти беназир наздикиҳои моҳи декабри соли 2017 гузаронида шавад.

ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Табиби итолиёвӣ Серджио Канаверо, ки ба гузаронидани амалиёти ҷарроҳии пайвнди сари инсон омодагӣ мебинад, изҳор дошт, ки ҷарроҳӣ дар Олмон сурат мегирад, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо такя ба Daily Star.

Духтур санаи аниқи гузаронидани амалиёти ҷарроҳии насби сари инсонро эълом накард, вале эҳтимолан амалиёти беназир наздикиҳои моҳи декабри соли 2017 гузаронида шавад.

Акси мағзи сар. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Олимон дастгоҳеро сохтанд, ки фикри инсонро ба сухан табдил медиҳад

Валерий Спиридонов барномасози рус дар лоиҳаи ҷарроҳӣ ки таҳти унвони "Осмон" сурат хоҳад гирифт барои гузаронидани ин амалиёти беназир розигӣ додааст. Валерий 30 сол дошта аз бемории Вердинг-Хофман танқисӣ мекашад. Ин касалӣ сабаби маъюбии ӯ гардидааст.

Интизор меравад, ки ҷарроҳӣ 36 соат давом кунад.

Табибони ҷарроҳ дар бораи насби сари инсон андешаҳои гуногун доранд: бархе аз онҳо чунин имкониятро истисно намедонанд, вале ба муваффақ шудан боварии комил надоранд, дигар табибон пайванди сарро фикри сабук шумурда, ба бемуваффақият анҷом ёфтани он мӯътақиданд.

Лентаи хабарҳо
0