Доктори илмҳои тиб, профессор Саидилҳом Аҳмадзода, акс аз бойгонӣ

Аҳмадзода: саратон бо ёрии нитрогени моеъ табобат мешавад

761
(Таҷдидшуда 19:12 16.01.2017)
Ҳарчанд намуди зоҳири технологияи тоҷикӣ ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ набошад ҳам, он дар Тоҷикистон пурра қабул ва коршоям аст. Барои ба фурӯш баровардани технологияи навин, бояд дигар олимон ва маблағгузорон ҷалб карда шаванд

ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Фарида Бобоҷонова.Саидилҳом Аҳмадзода дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки олимони тоҷик дар соли 2016 бори аввал имконият пайдо карданд, ки бо ёрии нитрогени моеъ ҷарроҳии касалии саратони ҷигарро гузаронанд.

Кашфиёти нодир

Саидилҳом Аҳмадзода — ноиби президенти Академияи илмҳои тиб мегӯяд, ки ҳангоми ҷарроҳии саратони ҷигар ҳуҷайраҳои саратонро то имконияте, ки ба чашм дида мешавад, бурида ва гиритфа мешавад, вале ҳангоми ҷарроҳӣ, як миқдор ҳуҷайраҳои ба чашм ноаён  мемонанд.

Онҳо баъди ҷарроҳӣ ҳатман афзоиш меёбад, зеро майда бошанд ҳам, дар оянда калон мешаванд, мегӯяд табиб.

Аз ҳамин рӯ ихтирои олимони тоҷик, ки бо ёрии он  нитрогени моеъ ҳамон ҳуҷайраҳоро дар ҷояш мекушад, нодир ба ҳисоб меравад, илова намуд вай.

Ба гуфтаи Аҳмадзода  ин ҷарроҳиро аллакай  50 нафар — аз ҷумла беморони  сил, саратони ҷигар ва дигар бемориҳо гузаштаанд ва имконият пайдо карданд, ки табобати боэътимод гиранд.

"Ин технология дар Маскав —  маркази анкология истифода мешуд, аммо ба мо дастрас набуд. Мо имрӯз хушбахтона имконият  дорем, ки аз технологияи миллии худ истифода барем. Истифодаи нитрогени моеъ аз он ҷиҳат нодир ба ҳисоб меравад, ки пештар танҳо дар Ҳолландия, Италиё ва Ҷопон истифода мешуд",- илова намуд вай.

Ба иттилои ноиби президент истеҳсоли ин технология  сад дар сад ба Тоҷикистон тааллуқ дорад. Он бо ҳамкории олимони Пажуишгоҳи Гастроэнтрологияи Вазорати тандурустии ҶТ  ва Институти физикаву техникаи Умарови Академияи илмҳои Тоҷикистон сохта шудааст. 

Ҳарчанд дигар давлатҳо аз мо  пештар аз ин технология истифода мекарданд, аммо барои харидорӣ намудан, бояд маблағи зиёдро сарф менамудем, мегӯяд вай.

"Дастгоҳи мо ҳам ҳамон амалро иҷро мекунад, лекин арзон,  дастрас безарар ва имконпазир аст",- итминон дорад табиб.

Кашфиёт маблағгузорӣ металабад

Ба гуфтаи олим дар Академияи илмҳо  профессор Миршоҳӣ- олими форстабори  муқимии Фаронса аз шунидани  ин дастоварди олимони тоҷик хурсанд гардидааст, зеро Тоҷикистон ба давлати дигар барои харидорӣ муроҷиат накарда, технологияи худашро истеҳсол кардааст.

Аҳмадзода мегӯяд, ки ҳарчанд намуди зоҳири технологияи тоҷикӣ ба стандартҳои ҷаҳон ҷавобгӯ набошад ҳам, он дар Тоҷикистон пурра қабул ва коршоям аст. Ба гуфтаи вай барои ба фурӯш баровардан  онро  сайқал додан лозим, ки ба ин кор ҷалби дигар олимон ва маблағгузорон муҳим аст.

Ин дастгоҳ фақат дар Душанбе дар Пажӯишгоҳи Гастроэнтрология истифода мешавад, барои ин ки ин ҷарроҳӣ  фақат дар ҳамин институт мегузарад.

Ба воситаи ин технологияи навин аллакай 50 нафар табобат гиритфтаанд.

Пештар  имконият надоштем, ҳоло дар фикри кашфи дигар технология ҳастем, ки ба воситаи он тиб аз гелий низ истифода мебарад.

Мо касеро гунаҳкор карданӣ нестем

"Вақте ки ин технология дастрас набуд, ҷарроҳии саратони ҷигар ҳам беътимод ба ҳисоб мерафт. Мо касеро гунаҳкор карданӣ нестем, ҳамон ҷарроҳ набуд, ки зарурати истифодабариашро донад",- мегӯяд вай.

Бемориҳо сол ба сол пайдо шудан мегирад, беморӣ ки пайдо  шуд,  зарурати табобати он низ ба миён меояд. Мо дар соли 2015 ба хулоса омадем, ки барои табобати ин беморӣ бояд аз нитрогени моеъ истифода барем  ва онро дар соли 2016 дар амал татбиқ кардем. Моро олимони Академияи илмҳо дастгирӣ карданд. Аз ҳамин рӯ аз моҳи феврал сар карда, то имрӯз  50 нафарро ҷарроҳӣ кардем ва аз пайи такмил додани ин навгонӣ ҳастем, илова намуд олим.

Табобат ройгон аст

Ба гуфтаи Саидилҳом Аҳмадзода табобат бо ин намуди технология барои тамоми беморон дастрас  ва ройгон аст. Ҳоло кашфиёти нодири тоҷик дар давраи такмил қарор дорад.

Саидилҳом Аҳмадзода

Аҳмадзода Саидилҳом-  ҷарроҳ-гепатолог, доктори илмҳои тиб (2003), проф. (2006), ҷарроҳи тахассуси дараҷаи олӣ (1993), Аълочии тандурустии ҶТ. Узви Ассотсиатсияи байналмилалии ҷарроҳон — гепатологҳои Русия ва ИДМ. Дар ҷумҳурӣ аввалин шуда амалиёти бурриши қисми рости ҷигарро дар мавриди саратони талхадон бо гузариш ба ҷигар анҷом додааст. Муаллифи 126 мақолаи илмӣ, 3 гувоҳномаи ихтироъӣ ва 28 таклифи навоварона мебошад. Таҳти роҳбарии ӯ 7 нафар рисолаҳои номзадӣ дифоъ кардаанд.

761
Барчаспҳо:
технологияи навин, саратони ҷигар, табобат, Саидилҳом Аҳмадзода, Тоҷикистон
Здание ЮУрГУ

Довталабони тоҷик ҳатто дар давраи пандемия низ ба донишгоҳҳои Русия дохил шуда метавонанд

349
(Таҷдидшуда 14:35 23.06.2020)
Сарфи назар аз пандемияи коронавирус, муассисаҳои таҳсилоти олӣ кори худро дар шакли онлайн идома медиҳанд. Имрӯз ба довталабони Тоҷикистон барои дохил шудан ба донишгоҳҳои Русия танҳо дастраси ба Интернет басанда аст

ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Донишгоҳи давлатии Урали Ҷанубӣ (Донишгоҳи Миллии Тадқиқот) - яке аз пешвоёни таълими муосири Русия, ки дар Лоиҳаи 5-100 шомил аст, худро ҳамчун маркази таълимӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ дар Урали Ҷанубӣ муарифӣ кардааст.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ин донишгоҳ, имрӯз 246 нафар аз Тоҷикистон дар донишгоҳ ҳамчун донишҷӯ, магистр ва аспирант таҳсил мекунанд.

"Донишгоҳи давлатии Урали Ҷанубӣ тайёр аст довталабони хориҷиро аз 20-уми июн тариқи интернет қабул кунад. Барои қабул ба таҳсил, шумо бояд тавассути портал (https://abit.susu.ru/) ариза барои қабулро бо ҳуҷҷатҳои зарурӣ дар шакли электронӣ пешниҳод кунед", - хабар медиҳад маркази матбуоти донишгоҳ.

Ҳамаи имтиҳонҳои дохилшавӣ ба таври фосилавӣ гузаронида мешаванд. Тартиби гузарондани имтиҳонҳои дохилшавӣ то 20 июн дар вебсайти донишгоҳ (https://abit.susu.ru/exam/prog/e2020.php) интишор мегардад. 

Донишҷӯёне, ки ба категорияи ҳамватанон мувофиқанд (волидони онҳо дар ИҶШС таваллуд шудаанд) метавонанд дар озмун барои ҷойҳои буҷетӣ дар баробари шаҳрвандони Русия иштирок кунанд. Инчунин шаҳрвандони Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ҳуқуқ доранд ба таври умумӣ ба ҷойҳои буҷавӣ (ҳамчун шаҳрвандони Федератсияи Русия) ворид шаванд. Илова бар ин, довталабон метавонанд ба ҳама самтҳое, ки барояшон шавқовар аст, интихоб карда, таълими пулакӣ гиранд, гуфт Олга Ярошенко, ноиби ректор оид ба масъалаҳои байналмилалии ин донишгоҳ.

Имрӯз дар донишгоҳ зиёда аз 27,000 нафар, аз ҷумла зиёда аз 2000 донишҷӯёни хориҷӣ ва аспирантҳо аз 56 кишвари ҷаҳон таҳсил мекунанд.

"Ҳангоми таҳсил дар Донишгоҳи давлатии Урали Ҷанубӣ, бартарияти асосӣ Ассотсиатсияи донишҷӯёни хориҷӣ мебошад, ки ба ғайр аз чорабиниҳои миллӣ, фарҳангӣ, варзишӣ ва илмӣ барои донишҷӯёни хориҷӣ, лоиҳаи мураббигиро амалӣ мекунад", - гуфт Ярошенко.

Лоиҳаи "Мураббии як донишҷӯи хориҷӣ дар ин донишгоҳ" соли 2017 бо мақсади кӯмак ба хонандагони курсҳои аввал дар ҳалли ҳама мушкилиҳои имконпазир ва зудтар азхуд намудани он оғоз шудааст. Мураббиён донишҷӯёни хориҷии Донишгоҳи давлатии Урали Ҷанубӣ мебошанд, ки алакай дар Русия якчанд сол зиндагӣ мекунанд. Ҳар як донишҷӯ метавонад ба онҳо оид ба тарзи қабул, таҳсил, зиндагӣ, ҳаёти донишҷӯӣ савол диҳад, гуфт проректор. 

“Муаллимон дар истгоҳи роҳи оҳан ва фурудгоҳ аввал донишҷӯёнро пешвоз мегиранд, дар бақайдгирии муҳоҷират, гирифтани хобгоҳ, ташхиси тиббӣ ва суғурта кӯмак мерасонанд. Онҳо инчунин дар Челябинск экскурсияҳо ташкил мекунанд, ба кино, театрҳо ва музейҳо мераванд, дар донишгоҳ чорабиниҳо баргузор мекунанд, то донишҷӯёнро бо ҳамдигар ошно кунанд ва ба донишҷӯёни хориҷӣ дар пайдо кардани дӯстон кӯмак расонанд”, - гуфт ӯ.

Донишгоҳ беш аз 80 соҳаи таҳсилоти донишҷӯӣ ва беш аз 100 барномаҳои магистрӣ ва тахассусиро амалӣ менамояд. Дар донишгоҳ зиёда аз 40 лаборатория ва марказҳои илмиву таълимӣ, аз ҷумла 12 лабораторияи сатҳи байналмилалӣ бо роҳбарии олимони машҳури ҷаҳонӣ фаъолият доранд.

Самтҳои стратегии донишгоҳ инҳоянд: “Саноати рақамӣ”, “Маводи илмӣ” ва “Экология”. Барномаҳои нави донишҷӯён ва магистрҳо бо назардошти мувофиқати онҳо дар соҳаҳои пешрафта кушода мешаванд.

Самтҳои маъмултарини омӯзиш ва ихтисосҳо дар байни донишҷӯёни Тоҷикистон: Менеҷмент, металлургия, сохтмон, иқтисод, электроэнергетика ва электротехника, ҳуқуқ ва ғайраҳо мебошанд.

Ба гуфтаи онҳо, айни замон Донишгоҳи давлатии Урали Ҷанубӣ бо 14 донишгоҳи Тоҷикистон, аз ҷумла Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ ҳамкорӣ дорад. Инчунин, ду хатмкунандаи мактаби аспирантураи Донишгоҳи давлатии Урали Ҷанубӣ, ки ба ватан баргаштанд, барои саҳмашон дар илм мукофотҳои фахрии Президенти Тоҷикистонро соҳиб шуданд. 

Студент ЮУрГУ из Таджикистана
© Пресс-служба ЮУрГУ
Студент ЮУрГУ из Таджикистана

“Ман зуд-зуд ба Русия мерафтам, зеро бисёре аз хешовандони ман дар он ҷо зиндагӣ мекунанд. Боре мо аз Донишгоҳи давлатии Урали Ҷанубӣ гузаштем ва ба ман архитектураи бино хеле маъқул шуд, ки ман ҳатто хостам, ки якчанд акс гирам. Пас аз он ман дар бораи донишгоҳ маълумоти зиёдеро хондам ва қарор додам, ки ман дар ин ҷо таҳсил мекунам", - гуфт, донишҷӯи соли 4-и Донишкадаи забоншиносӣ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Урали Ҷанубӣ, кафедраи муносибатҳои байналмилалӣ ва таҳқиқоти минтақавии хориҷӣ, самти "Таҳқиқоти минтақавии хориҷӣ" Хусрав Ганҷов (ш. Душанбе).

Вай инчунин қайд кард, ки аз кӯдакӣ таърих ва сиёсатро дӯст медошт.

“Мавзӯҳои дӯстдоштаи ман дар донишгоҳ таърих ва робитаҳои байналмилалӣ буданд. Ба ман аз ҳама машқҳои амалӣ маъқуланд - маърӯзаҳо, презентатсияҳо. Ҳар дафъае, ки на танҳо далелҳои навро дар бораи кишварҳои мухталиф меомузед, мефаҳмед муносибатҳо байни ин кишварҳо чӣ гуна буданд ва ҳозира чӣ чихеланд”- гуфт ӯ.

Дар оянда донишҷӯ нақша дорад, ки таҳсили худро дар магистратура идома дода, аз рӯи ихтисосаш кор кунад.

Донишгоҳи Донишгоҳи давлатии Урали Ҷанубӣ дар 25 рейтинг пешниҳод шудааст, аз ҷумла бори аввал ба рейтинги байналмилалии Times Higher Education 2020 мавқеи 1001+ ва ба рейтинги фанни THE Engineering and Technology (гурӯҳи фосилавии 601-800) шомил шудааст. Дар рейтинги нави The Impact Ranking, донишгоҳ мавқеи 401-600-ро ишғол кард ва дар рейтинги ҷаҳонӣ QS мавқеъашро дар 801+ нигоҳ дошт. 

349

Олимон муайян карданд, кадом гурӯҳи одамон ба COVID - 19 гирифтор намешаванд

4449
(Таҷдидшуда 17:34 11.06.2020)
Коршиносон муайян карданд чаро COVID - 19 барои бархе марговар аст, вале дар бадани дигар гурӯҳи одамон нишонае ҳам надорад

ДУШАНБЕ, 11 июн — Sputnik. Натиҷаи пажӯҳише, ки ҳоло идома дорад нишон медиҳад, ки аксари одамони дорои гурӯҳи хуни муайян ба коронавируси навъи COVID - 19 камтар гирифтор мешаванд, хабар медиҳад Fox News.

Баробари оғози ҳамагирии коронавирус дар ҷаҳон, ширкати 23andMe, ки ба гузаронидани тести генетикӣ машғул аст, хадамоти худро барои кумак ба олимон дар муайян кардани сабаби марговар будани COVID - 19 барои бархе ва осонгузар шудан барои дигаронро муаяйн созанд.

Рӯзи душанбе ин ташкилот натиҷаҳои нахустини пажӯҳиши худро, ки дар он 750 ҳазор кас ширкат карданд, баровард.

"Натиҷаҳои нахустин алоқамандии гурӯҳи хун ва қабули вируси коронаро муайян карданд", - омадааст дар гузориш.

Коршиносон ба хулосае омаданд, ки гурӯҳи аввали хун эҳтимолан инсонро аз вирус муҳофизат мекунад.

Натиҷаҳои аввалини пажӯҳиш муайян карданд, ки одамони дорои гурӯҳи хуни О 9-18 дарсад камтар ба COVID - 19 гирифтор мешаванд.

4449
Барчаспҳо:
камхунӣ, наҷотдиҳӣ, вируси нав, Олимон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Коженов тағйиротҳо ҳангоми гирифтани патентро тавзеҳ дод

0
Раиси Федератсияи муҳоҷирони Русия Вадим Коженов тавзеҳ дод, ки аз 1 июл тартиботи гирифтани иҷозатномаи кор барои муҳоҷирон чигуна мешавад

ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Раиси Федератсияи муҳоҷирони Русия Вадим Коженов дар мусоҳиба бо телевизиони "Мир-24" гуфт, ки аз 1 июл муҳоҷирони меҳнатӣ ҳангоми дархости патент бояд кадом тағйиротҳоро дар назар бигиранд.

Ӯ ёдрас шуд, ки 18 апрел раисҷумҳури Русия Владимир Путин фармонеро ба имзо расонид, ки мувофиқи он муҳоҷирони меҳнатӣ аз 15 март то 15 июн имтиёзҳои калон ба даст оварданд. Яъне, муҳоҷирон аз супурдани андози патент ва худро ба қайд гузоштан озод шуданд.

"Мақомоти Русия тамоми чораҷӯиҳоро андешиданд, то дар давраи мушкили карантин ба муҳоҷирон кӯмак расонанд", - таъкид кард Коженов.

Ёдрас мешавем, Русия аз 27 март, чун даҳҳо кишвари дигар, марзҳояшро баст ва парвозҳои байналмилалӣ лағв шуданд.

15 июн мӯҳлати амали фармони мазкур то 15 сентябр тамдид гардид.

"Ягона маҳдудият дар он аст, ки касе ки кор мекунад ва даромад дорад, бояд андози патентро супорад. Нафароне ки аз кор маҳрум шуданд, метавонанд, бидуни нигаронӣ аз ҷарима ва депорт дар ҳудуди Русия монанд", - гуфт президенти федератсия.

 

Ҳамчунин ӯ афзуд, ки ба муҳоҷирон иҷозат дода мешавад, ки бидуни убури сарҳад патент ба даст оранд. Зеро марзҳо бастаанд. 

Кӯмак: Коженов байни муҳоҷирон хӯрока тақсим кард - Навор

"Агар дар ин муддати зикргардида мӯҳлати патенти муҳоҷир ба анҷом расад, ӯ бидуни убури сарҳад метавонад навашро ба даст орад", - таъкид кард вай.

Раиси муҳоҷирон афзуд, ки Русия ба ворид шудани муҳоҷирон ба кишвар маҳдудияте ҷорӣ накардааст ва замоне ки карантин ба анҷом мерасад, хоҳишмандон метавонанд ба Русия сафар кунанд.

0