Психолог Хатуна Логуа

Равоншинос: 40 дарсади эҳсоси хушбахтии инсон вобаста ба худаш аст

252
(Таҷдидшуда 12:42 22.03.2017)
Sputnik дар пайванд бо Рӯзи ҷаҳонии хушбатӣ, ки ҳарсола 20 март баргузор мешавад, бо равоншинос Хотуна Логуа дар бораи хушбахтӣ аз дидгоҳи илми равоншиносӣ мусоҳиба кард

Хотуна Логуа дар суҳбат бо Sputnik Абхозистон дар ин бора гуфт: Хушбахтӣ ба худи инсон вобаста аст. Агар инсон битавонад худро хушбахт эҳсос кунад, метавонад ҳама ҷо ва ҳамеша хушбахт бошад. Ман бар ин боварам, ки инсон барои хушбахт зистан офарида шудааст".

Ин равоншинос далел меорад, ки камобеш 30 дарсад аз ҷаҳониён аз рӯи женетикашон наметавонанд хушбахтиро эҳсос кунанд.

"Камобеш 20 дарсад аз эҳсоси хушбахтӣ вобаста ба ҷинсият, миллият, кишвар, тандурустӣ ва беҳбуди рӯзгори инсон аст. Аммо 40 дарсад аз эҳсоси хушбахтӣ ба худи инсон  вобаста аст. Барои хушбахт будан бояд бисёр заҳмат кашид. Ҳарчанд бештар заҳмат бикашиву зиндагиятро бешӯҳтар кунӣ, худро хушбахттар эҳсос хоҳӣ кард", — мегӯяд вай.

Ин равоншинос боварманд аст, ки содатарин коре, масалан, рӯбучини хона, ходани китобе ва ё дигар коре ҳам метавонанд касро шоду хушбахт кунанд.

"Рози хушбахтӣ ин аст ки набояд нишасту мунтазир шуд ки касе дигар шуморо хушбахт кунад", — мегӯяд Хотуна Логуа.

252
Барчаспҳо:
хушбахтӣ, равоншинос, Дар ҷаҳон
Препарат против коронавируса

Олими тоҷик дар Бритониё роҳи муолиҷаи коронавирусро нишон дод

1397
(Таҷдидшуда 14:05 30.04.2020)
Донишманди тоҷики муқими Бритониё дар якҷоягӣ бо озмоишгоҳи Оксфорд барои муолиҷаи коронавируси навъи COVID - 19 дору ихтироъ кард

ДУШАНБЕ, 30 апр – Sputnik. Доктор Бобоҷон Назаров доруеро баром муолиҷаи вабои асри 21 - коронавируси навъи COVID - 19 озмоиш дорад.

Озмоиши донишманди тоҷик ва тими ӯ дар Донишгоҳи бонуфузи Оксфорди Бритониё сурат мегирад.

Олимон ду навъи дору: ҳабб ва сӯзандору ихтироъ карданд.

Муҳимтарин фарқи ин доруҳоро олими тоҷик дар он мебинад, ки дар сурати озмоиши бомуваффақият, мешавад дарҳол ба истифодаи умум гузошт. Роҳи табобати олими тоҷик чанд қадам пеш аст, дар ҳоле, ки ваксина ва дигар методҳои табобати имрӯза танҳо одамони сироятшударо табобат мекунад.

Коронавирус : Абуалӣ ибни Сино гуфта буд, ҷасади сироятшудагонро чӣ гуна ба хок супоранд

Низоми кор содда аст: сафедаи TMPRSS2 - ро, ки коронавирусро дар бадани инсон паҳн мекунад, нобуд кардан.

"Ин сафеда мисли калиде ҳаст, ки дари хонаеро мекушояд ва дору ин марҳиларо бозмедорад", - шарҳ дод Назаров.

Назаров умед дорад, роҳи табобати худро авохири ҳамин моҳ дар мубталоёни коронавирус озмоиш кунад.

Озмоишшавандаҳо дар баробари дору тестҳои коронавирусро низ хоҳанд гирифт. Натиҷаи табобати онҳо бо беморҳое, ки ба таври маъмулӣ табобат мегиранд муқоиса карда мешавад. Вазъи беморонро доимӣ таҳти назорат мегиранд, то дар ҳоли бад шудан, дарҳол бистариашон кунанд.

Ҷонбобоев: қарантинаро нахустин бор Абуалӣ ибни Сино пешниҳод кардааст

Latus Therapeutics дар ҳоли ҳозир ҳуҷҷатҳоро омода намуда истодааст, то озмоишро бо 500 бемор оғоз кунад.

Донишманди тоҷик Бобоҷон Назаров - хатмкардаи Донишгоҳи Оксфорд ва бунёдгузори ташкилоти Latus Therapeutics мебошад. Назаров дар Тоҷикистон ба дунё омада ва бузург шудааст.

1397
Барчаспҳо:
ихтироъкорӣ, донишмандон, олим, Бритониёи Кабир
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Тест-системы для диагностики нового коронавируса

Олими тоҷик : Вазорати тандурустӣ барои пешгирии CОVID-19 бояд "хун" ҷамъоварӣ кунад

2330
(Таҷдидшуда 15:38 16.04.2020)
Вирусолог, сироятшинос ва сардори Шӯъбаи таҷрибаомӯзии Коллеҷи техникии шаҳри Хуҷанд Мухтор Каримов дар як мақолаи худ роҳҳои пешгирии CОVID-19-ро гуфт

ДУШАНБЕ, 16 апр – Sputnik. Дар тамоми дунё имрӯз олимон ба дарёфти препаратҳои биологӣ, аз ҷумлаи ваксинаю зардобҳо, интерферонҳо барои баланд бардоштани масуниятнокии фаъол ва ғайрифаъоли инсон бар муқобили коронавируси CОVID-19, машғуланд.

Сардори Шӯъбаи таҷрибаомӯзии Коллеҷи техникии шаҳри Хуҷанд Мухтор Каримов, мегӯяд гарчанде, омода намудани ваксина барои баланд бардоштани масуниятнокии фаъол бар муқобили коронавируси CОVID-19 вақти зиёдро талаб мекунад, имрӯз зарур аст, ки барои табобат ва пешгирии он усулҳои кӯҳна, истифодабарии зардобҳои хуни одамоне, ки бемории коронавируси CОVID-19-ро аз сар гузаронида табобат ёфтаанд, ки давлатҳои пешрафта барои табобат ва пешгирии коронавирус истифода мебаранд ва натиҷаҳои дилхоҳ медиҳад, ҳамчун дастурамали беҳтарини табобат ва пешгирии бемории сироятии коронавируси CОVID-19 дар Тоҷикистон истифода шавад.

СҶБ бо профессори тоҷик розӣ аст ва БСЖ-ро алайҳи коронавирус тавсия намедиҳад

Вазорати беҳдошти Тоҷикистон бояд чӣ кунад?

Ба гуфти олими тоҷик, бартирии ин усули табобат ва пешгирии бемориҳои сироятӣ дар он аст, ки дар Тоҷикистон ташхиси саривақтӣ ва пурраи бемориҳои респиратории (роҳи нафас) дар ҷои ҳодиса имкон нест,  чун ташхиси коронавируси CОVID-19 фақат дар шаҳри Душанбе гузаронида мешавад, ки гирифтани натиҷаи ташхис вақти зиёди зарурии табобатро мегирад, ин ташхис фақат як бемории коронавирусро аз эътибор соқит мекунад ва сабаби беморӣ дигар вирусҳо ва бактерияҳо шуда метавонанд.

Профессори тоҷик таъсири БСЖ ба COVID-19 - ро гуфт

Дар зардоби хуни инсоне, ки ба бемории респираторӣ гирифтор шуда табобат ёфтаанд ба ҳамаи бемориҳои сироятии респиратории аз сар гузаронидашон подтанҳо (антитело), яъне масуниятнокӣ ба ҳамаи ин бемориҳо мавҷуд аст. Бинобар ин табобат низ мақсаднок ҳисобида мешавад, мегӯяд олими тоҷик дар мақолае, ки дар саҳифаи фейсбукии сухангӯи раиси шаҳри Хуҷанд нашр шудааст.

"Дар ин асос олим  зарур мешуморад, ки соҳаи тандурустии Тоҷикистон барои табобат ва пешгирии бемории коронавируси CОVID-19 ҳар чӣ бештар хуни реконваленсентӣ, яъне плазмаи хунро аз шахсони ба беморӣ гирифтор шуда, табобатёфта, ки дар зардоби хунашон подтанҳо (антитело) бар муқобили коронавируси CОVID-19 доранд, ҷамъоварӣ ва захира намоянд".

Воҳимаи мардум асос надорад

11 март Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар тамоми миқёси ҷаҳон пандемияи коронавирус эълон кард. Ба гуфти Мухтор Каримов, ҳол он, ки барои эълон кардани эпидемия бояд 5% аҳолӣ гирифтори беморӣ бошанд.

Кашфиёти олимони тоҷик: оби нуқра коронавирусро нест мекунад

"Пас барои чӣ гирифтори бемории зуком (грипп) нисбат ба коронавирус садҳо маротиба зиёд ва фавти одам аз ин беморӣ низ даҳҳо, садҳо маротиба зиёд бошад ҳам, на эпидемия ва на пандемияи зуком эълон карда намешавад", - суол мегузорад олими тоҷик.

Ҳамасола аз зуком, бемории сил, саратон, илтиҳоби шуш ва ғайра даҳҳо-садҳо маротиба фавти зиёди одамон дида мешавад, ки инро нишондиҳандаҳои ҳисоботҳои оморӣ тасдиқ мекунанд.

Дар ҳамин асосҳо Мухтор Каримов мегӯяд, ваҳму воҳимаҳое, ки дар байни мардум оиди бемории коронавирус пайдо шудааст, асосҳои кофӣ надоранд.

2330
Барчаспҳо:
вируси нав, пешгӯӣ, Тоҷикистон, тоҷик, олим
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Абдулло Рахнамо, политолог

“Хеле сахту ногувор буд”: набарди Абдуллоҳи Раҳнамо бо “вируси корона” поён ёфт

0
(Таҷдидшуда 02:44 04.06.2020)
Сиёсатшиноси тоҷик пас аз 33 рӯзи дастбагиребонӣ бо “вируси корона” аз шифохона рухсат шуд ва ба хона баргашт

ДУШАНБЕ, 13 май — Sputnik. Абдуллоҳи Раҳнамо, донишманди хушном ва мушовири Маркази таҳқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, имрӯз, 3 июн аз Шифохонаи маризиҳои сироятии шаҳри Душанбе рухсат шуд.

“Ҳафтае қабл таҳлилҳоямро барои вуҷуд доштан ё надоштани “вируси корона” гирифта буданд. Рӯзи 1 июн аз озмоишгоҳи “Диамед” – и шаҳри Душанбе санад фиристоданд, ки ҳамин гуна як маризӣ нест ва натиҷа манфӣ аст. Имрӯз духтури муолиҷ табрик гуфт, ки аз марҳилаи аслии беморӣ раҳо шудаам”, - гуфт Абдуллоҳи Раҳнамо.

Донишманди тоҷик 12 май пас аз душвор шудани нафаскашӣ ба корпуси 4 – уми Макази тиббии “Шифобахш”, ё Шифохонаи Қарияи Боло ва ду рӯз пас бо дастури ҳукумати Тоҷикистон ба Шифохонаи маризиҳои сироятии шаҳри Душанбе интиқол ёфта буд.

“Хеле сахту ногувор буд. Чун дар гуруҳи осебпазир будам, сахту тӯлонӣ азиятам дод. Гоҳо нафас пурра мегирифт. Чанд шабонарӯз аслан нашуд мижа ба ҳам занам. Соатҳо бо оксигенератор - дастгоҳи нафасдиҳӣ кор мекардам. Ташхис ҳама узви баданро хуб нишон медод, аммо нафастангӣ раҳоям намекард. 33 рўз дар ин мушкила тапидам, ки бахше аз он, хоса миёнаи моҳ, дар тангии нафас ва марзи хатар гузашт. Шукр, ки инак, вориди марҳилаи барқарорӣ мешавам”, - гуфт Абдуллоҳи Раҳнамо.

Нигарониҳо аз вазъи сиҳии Абдуллоҳи Раҳнамо пас аз он ба вуҷуд омад, ки шаби 11 май дар як пости фейсбукиш навишт: “Ҳамин лаҳза бо хости Худованд зери дастгоҳи нафас меравам. Руҳ қавӣ аст, ҷисм номардӣ накунад. Агар баргаштам, бо Шумоям, бо ин Ватан, бо ин миллат, бо ҳар яки Шумо”.

Раҳнамо пас аз гирифтории ҳамсар, сипас, духтару ду писараш, ки аз дардҳои сабук ва мушобеҳ шикоят доштанд, мариз шуд. Ҳамсари худро дар шифохонаи “Якум Советски” бистарӣ карду худ низ ба Қарияи Боло интиқол ёфт.

Баъдтар ҳарду ба Шифохонаи маризиҳои сироятии шаҳри Душанбе гузаронда шуданд.

 “Ҳамсарам низ акнун ба хона омадаву фарзандонам низ пурра шифо ёфтаанд. Хулоса, Худованд иноят, давлат ҳимоят ва миллат табобат кард. Хонаводаи ман дигарбора сари як дастурхон ҷамъ омад”, - гуфт донишманди тоҷик.

Абдуллоҳи Раҳнамо дар “таваллуди дубора” – и худ ба ҳукумат, роҳбарияти вазорати тандурустӣ, пизишкони шифохонаҳои Қарияи боло ва маризиҳои сироятӣ ва дар умум онҳоеро, ки барояш дуо карданд, изҳори миннатдорӣ кард.

Абдуллоҳи Раҳнамо, номзади илмҳои сиёсӣ, мушовири кунунӣ ва қаблан сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Маркази таҳқиқоти стратегии назди раисҷмҳури Тоҷикистон буда, яке аз коршиносони муътабар ва аршади умури дину сиёсат дар кишвару минтақа ба ҳисоб меравад.  Муаллифи китобҳои “Ҳизби динӣ ва давлати дунявӣ” (2008), “Уламои исломӣ дар Тоҷикистон” (Душанбе), “Ислом ва амнияти миллӣ” (2011), “Мавқеъи ҳизбӣ ва мавқеъи миллӣ” (2011), "Афғонистон ва Осиёи Марказӣ: хусусиятҳо ва дурнамои таъсирпазирӣ" (2014) ва беш аз 100 мақолаи илмӣ аст.

Ӯ поягузори литсейи хусусии “Раҳнамо” дар соли 2010 аст, ки ҳоло яке аз макотиби муваффақи кишвар ба ҳисоб меравад. Соли равон се фарзанди Абдуллоҳи Раҳнамо, ки шогирди ин мактаб мебошанд, дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ …” пирӯз омада, писари бузургаш Бунёд Раҳнамо Шоҳҷоизаи ин озмунро ба даст овард.

Абдулло Раҳнамо ин дастоварди фарзандонашро натиҷаи заҳмати ҳамсараш хонда буд.

0
Барчаспҳо:
Абдулло Раҳнамо, рухсат, вирус, тоҷик, Тоҷикистон