Бухорӣ, акс аз бойгонӣ

Як ҷавони тоҷик бухории каммасраф ва арзон ихтироъ кард

785
(Таҷдидшуда 17:27 17.01.2018)
Бухории барқии истеҳсолкардаи сокини шаҳри Бӯстон дар як соат ҳамагӣ 800 ватт нерӯи барқро сарф мекунад, ки нисбат ба гармкунакҳои барқии хориҷӣ як баробар каммасраф аст

ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Ба гузориши телевизиони "СМ-1" ҷавони 25-солае дар шаҳри Бӯстон гамркунаки барқии каммасраф кашф кардааст.

Бино бар иттилои манбаъ, гармкунаки барқие, ки Анӯшервон Каримов ихтироъ кард, ҳамагӣ дар як соат 800 ватт қувваи барқ сарф мекунад, ки назар ба таҷҳизоти хориҷӣ як маротиба сарфакортар аст.

"Анӯшервони 25 сола мегӯяд, барои ихтирои гармкунаки барқӣ хело заҳмат кашид ва ниҳоят як роҳи сабукӣ ба иқтисоди оилавии тоҷиконро дарёфт намуд. Аз рӯи таҳқиқоти анҷомдодаи ӯ гармкунаки барқии ихтироъкардааш дар сурати 24 соат бо барқ пайваст будан 19 киловат/соат ва бухории хориҷӣ 48 киловат/соат нерӯи барқро сарф мекунад",- қайд мекунад манбаъ.

Худи ҷавони ихтироъкор гуфтааст, бухории истеҳсолкардааш бехатар аст ва сардии хонаро зуд рафъ мекунад.

Ба иттиллои манбаъ, Анӯшервон Каримов муҳандиси техника буда, боз дигар ихтироотҳоро низ дорад, ки мехоҳад барои осон кардани кори одамон ба аҳолӣ пешниҳод кунад.

785
Барчаспҳо:
каммасраф, бухорӣ, сардӣ, Анӯшервон Каримов, Тоҷикистон