Ҳавои тоза. Акс аз бойгонӣ

Оё ҳавои тоза ба одам зарар дорад-ҷавоби олимон

134
(Таҷдидшуда 19:04 25.01.2018)
Муайян шудааст, ки ифлоскунандаҳои ҳаво қисме аз партави хуршедро нигоҳ медоранд

ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Олимон муайян карданд, ки оё ҳавои бисёр тоза ба одам зараре мерасонад.

Дар ин бора рӯзномаи Daily Mail хабар медиҳад.

Гурӯҳи коршиносон аз Норвегия, Бритониё, ИМА ва Олмон изҳор доштанд, ки ифлоскунандаҳои ҳаво қисме аз партави зарарноки хуршедро нигоҳ медорад. Бартараф кардани ин партавҳо таъсири гармхонаӣ ба вуҷуд меорад, яъне атмосфера энергеяи гармро фурӯ мебараду ҳарорати он то 0,5-1,1 дараҷа баланд мешавад.

Ин метавонад якбора шумораи ҳолатҳои фавқуллода, хушкшавӣ ва обхезиро сабаб шавад, мегӯянд олимон.

Пештар хабар дода шуд, ки Швейсария ҳавои худро барои дигар кишварҳои хориҷ ба фурӯш баровард.

Корофаринони зирак пешниҳод доранд, ҳавои шаҳрҳои саноатиро ба ин тариқ тоза кунанд.

"Мо панир ва шоколади Швейсарияро аллакай ба дигар мамолики ҷаҳон интиқол медиҳем. Пас чаро ҳавои тозаро интиқол надиҳем? Ин боду ҳавои беҳтарин дар ҷаҳон аст", — мегӯянд муаллифони истеҳсолот.

134
Барчаспҳо:
олимон, Дар ҷаҳон