Facebook шахсони танҳоро "ҷуфт" мекунад

© Sputnik / Наталья Селиверстова / Гузариш ба медиабонкСоциальная сеть "Фейсбук", архивное фото
Социальная сеть Фейсбук, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Барномаи нав ба корбарони фейсбук номзадҳои бегонаро пешниҳод мекунад на ҳамвандонро

ДУШАНБЕ, 2 май — Sputnik. Facebook барномаи нави ошноиро роҳандозӣ мекунад, ки имкон медиҳад корбарони фаъоли ин гурӯҳи иҷтимоӣ номзадҳоро барои вохӯрии романтикӣ интихоб кунанд.

Дар ин бора бунёдгузори ин шабака Марк Сукерберг, зимни баромад дар ҳамоиши навоварон иттилоъ додааст.

"Ин функсия номзадҳоро аз ҳисоби шахсони ноошно пешниҳод мекунад ва барои ошноии дарозмудат пешбинӣ шудааст, на ба хотири эҳсоси як вақта", — мегӯяд шабакаи CNBC аз қавли Сукерберг.

Манбаъ қайд мекунад, ки барномаи нав ба корбарони фейсбук номзадҳои бегонаро пешниҳод мекунад на ҳамвандонро. Корбарони ин шабака анкетаи вижаеро пур мекунанд, ки барои рафиқон ё ҳамвандон дастрас нахоҳад буд.

Пештар хабар дода шуд, ки Forbes бойтарин ашхоси ҷаҳонро муайян ва номашонро эълон кард.

Панҷгонаи сарватмандтарин ашхоси ҷаҳонро бунёдгузори Facebook Марк Сукерберг пурра мекунад. Бойгари ӯ  73,8 миллиард дулор гуфта мешавад.

Лентаи хабарҳо
0