Тӯфони шадиди геомагнитӣ. акс аз бойгонӣ

Ҳушдори олимон: ба Замин тӯфони геомагнетӣ наздик мешавад

165
Тӯфони геомагнетӣ миёнаи моҳҳои июл ба замин наздик мешавад. Тӯфони мазкур чунон шадид набошад ҳам, барои нафароне, ки аз тағйирҳои геомагнетӣ ранҷ мекашанд, таъсирнок хоҳад буд

ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Ба наздики ба замин тӯфони геомагнетӣ мерасад, хабар медиҳад Озмоишгоҳи ситорашиносии пажуҳишгоҳи Академияи улуми Русия.

Олимон туфони геомагнитиро ба гурӯҳӣ G1 дохил намуданд.

Бино ба иттилои манбаъ, курраи замин чаҳор рӯз 15, 20,22 ва 23 июл дар гирдоби туфони геомагнитӣ хоҳад монд.

Шиддати тӯфони геомагнетӣ панҷ балл доштааст, ки таъсирнокиашро ба инсон, ҳайвон, техника, васоити алоқа ва ғайра муайян мекардааст. Тӯфони G1 онқадар шадид набудааст, аммо G5 шадидтарин тӯфон ба ҳисоб меравад.

Тӯфонҳои геомагнетӣ дар фаъолияти инсон таъсир назаррас мерасонад. Барои мисол шахсоне, ки маризиҳои қалб, фишори хун ва ғайра доранд дар ин рӯзҳо бояд ором бошанду доруҳои лозима истеъмол карда, ҳамеша фишори хунро назорат кунанд.

Инчунин тӯфон метавонад ба васоити алоқа, низоми навигатсионии киштиҳои кайҳонӣ, низоми барқӣ ва лӯлаҳои об таъсир гузорад.

Тӯфони геомагнетӣ як ихтилоли мувақатии магнитосфери замин аст, ки аз мавҷи боди офтоб ба майдони геомагнетии замин таомул дорад.

 

165
Барчаспҳо:
бемории қалб, академия, кайҳон, ситорашинос, тӯфон