Жители поселка Гилан

Донишмандон сабаби дарозумриро пайдо карданд

343
(Таҷдидшуда 16:58 01.11.2018)
Донишмандон бадани 700 намуди ҳайвоноти хунгарм ва инсонро таҳқиқ намуда сабаби дарозумриро муаян намуданд

ДУШАНБЕ, 01 ноя – Sputnik. Сабаби дарозумрии ҳайвонот ва инсон аз миқдори ҳуҷайраҳои асаб бо ҳамаи шохаҳояш (нейронҳо) дар мағзи сари онҳо вобаста будааст, навиштааст Medical Xpress.

Донишмандони донишгоҳи Вандербилтаи Амрико бо ёрии пойгоҳи маълумотҳои АnAge, 700 намуди ҳайвоноти хунгармро таҳқиқ намуданд.

Донишмандаон миқдори нейронҳои мағзи сари ҳайвоноти гуногунро таҳқиқ намуда, натитҷаҳои онро ба якдигар муқоиса намуданд.

Тибқи хулосаи донишмандон, парандаҳо нисбат ба ҳавоноти ширхор, ки дар мағзи сарашон нейронҳои камтар доранд умри дарозтар медидаанд. 

Тибқи таҳқиқоти мазкур ҳайвоноте, ки дорои нейронҳои зиёд ҳастанд, дарозумр мебошанд.

Ҳангоми таҳқиқоти инсон, донишмандон махсуан ба давраи кӯдакӣ ва калонсолӣ аҳмият доданд. 

Таҳлилҳо нишон доданд, ки дарозумрии инсон ва ҳайвоноте, ки миқдори нейронҳои мағзи сарашон баробар аст, умри якхела медидаанд.   

343
Барчаспҳо:
олим, одамон, ҳайвонот, дар бораи дарозумрӣ