Куҳҳои Помир, акс аз бойгонӣ

Муждаи идонаи геологҳо: кашфи “Бадахшонит” ва “Фалғарит” 2 минерали нав дар Тоҷикистон

483
Геологҳои Тоҷикистон, ки аз соли 2011 инҷониб 9 декабрро ҳамчун иди касбӣ таҷлил мекунанд, имсол аз кашфи ду минерали нав дар Тоҷикистон мужда доданд

ДУШАНБЕ, 9 дек — Sputnik. Олимони Пажуҳишгоҳи геологию сейсмологии Тоҷикистон якҷо бо кормандони Осорхонаи минерологии ба номи Ферсмани Академияи илмҳои Русия, ду минерали нав бо номи “Фалғарит” ва “Бадахшонит”-ро кашф намудаанд, хабар додааст “Ховар”.

Илҳом Оймуҳаммадзода, мудири Пажуҳишгоҳи геологияю сейсмологияи Тоҷикистон, изҳор доштааст, ки минерали “Фалғарит- K4(VO)3(SO4)5” дар мавзеи Кӯҳи Малик, соҳили рости дарёи Яғноб ошкор карда шудааст.

Минерали “Бадахшонит (Y)  — Y2Mn4Al(Si2B7BeO24)” дар қисмати шарқии ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  кашф гардидааст.

Ба иттилои Оймуҳаммадзода, Комиссия  оид ба маъданҳои  нав ва Ассотсиатсияи  байналмилалии  минерологҳо “Фалғарит”  ва  “Бадахшонит”-ро аллакай тасдиқ ва эътироф намудаанд. Ӯ афзудааст, ки минералҳои нав вобаста ба макони кашфашон номгузорӣ шуда, эҳтимоли пайдо кардани навъҳои дигари маъдан дар ин мавзеъҳо вуҷуд дорад.

То имрӯз дар ҷаҳон 5336 намуди минералҳо муйян карда шудаанд, ки дар бахшҳои гуногун аз ороишот то технологияҳои ҷадид истифода мешаванд. Аз ҷониби олимони Тоҷикистон то имрӯз 30 навъи минерал, аз ҷумла “Тоҷикит”, “Сурхобит”, “Тиёншонит”, “Баротовит”, “Дӯсматовит”, “Дараипиёзит”, “Файзиевит” ва “Ғармит” кашф шудаанд.

483