Мошинҳо, акс аз бойгонӣ

“Ҷипча”-и Ҷамолиддин: истиқболи гарм аз ихтироъкории ҷавон дар Тоҷикистон - навор

3217
Ҷамолиддин Ашӯров, ихтирокори ҷавони тоҷик аз ноҳияи Фархор мошинчае сохтааст, ки дар 100 километр ҳамагӣ 3 литр сӯзишворӣ сарф мекунад

ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Тибқи нақли Ашӯров, ки навори онро Алиакбар, як блогер дар саҳифаҳои иҷтимоӣ нашр кардааст, ин мошин бо муҳаррики хурди скутеру квадрасиклҳо сохта шуда, нисбати ин намудҳои нақлиёт бехатар мебошад. Ҷамолиддин Ашӯров мегӯяд, чун мошинчаи ихтирокардааш бордон дорад, дар корҳои хоҷагӣ низ муфид мебошад.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз майли ҷавони тоҷик ба ихтирокорӣ истиқбол карда, таъкид намудаанд, ки чунин ҷавонон бояд бештар дастгирӣ ёбанд. Навори ихтироъкории Ҷамолиддинро даҳҳо ҳазор нафар тамошо карда, бархе барои хариди мошинчаи ихтироъкардааш изҳори омодагӣ намудаанд.  

 

3217