Московский физико-технический институт

Таҳсил дар Бритониё: ҳамкорӣ миёни донишгоҳҳои Тоҷикистон ва Вестминстери Англия

88
Барномаҳои муштараки миёнидонишгоҳӣ ва ҷудо намудани бурсияҳо барои таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар Бритониёи Кабир мавриди баррасӣ қарор гирифт

ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Дирӯз дар Лондон масоили роҳандозии ҳамкорӣ миёни донишгоҳҳои Тоҷикистон ва Бритониёи Кабир баррасӣ шуд, иттилоъ додааст хабаргузории ТоҷикТА.

Бино ба иттилои маркази матбуъотии вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, Масъуд Халифазода, сафири Тоҷикистон дар Бритониё бо Александр Хюз, муовини мудири ҳамкории ҷаҳонии донишгоҳи Вестминстер ва дигар намояндагони ин муассисаи таҳсилотӣ дидор ва гуфтугӯ анҷом додааст.

 Дар ин мулоқотҳо имконоти тавофуқ бар сари ҳамкории дуҷониба, тасвиб ва иҷрои барномаҳои муштараки миёнидонишгоҳӣ ва ихтисоси бурсияҳо барои таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар Бритониёи Кабир мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Халифазода ба китобхонаи донишгоҳи Вестминстер китоби Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистонро эъдо кард.

Донишгоҳи Вестминстер соли 1838 ҳамчун донишгоҳи политехникаи Подшоҳии Бритониё таъсис ёфта буд.

Соли 1992 ин донишгоҳ мақоми имрӯзааш ва номи Вестминстерро соҳиб шуд. Ин доншгоҳ 7 шӯъба ва 45 риштаи тахасусӣ дорад.

88