Памятник Камолу Худжанди в городе Худжанд

Тарҷумаи девони Камоли Хуҷандиро ба забони ӯзбекӣ ба муносибати 700-солагии шоир

733
(Таҷдидшуда 19:04 29.04.2019)
Олимҷон Бӯриев дар Тошканд девони Камоли Хуҷандиро ба забони узбакӣ тарҷума кардааст  

ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбакистон нашриёти “Камолак” девони Камоли Хуҷандиро бо забони узбакӣ зери тарҷумаи Олимҷон Бӯриев интишор намудааст, иттилоъ додааст агентии “Ховар”.

Ин армуғонест ба шарафи 700 –солагии шоири шаҳири тоҷик Камоли Хуҷандӣ.

Девони Шайх Камол  бо ташаббуси Академияи фанҳои Узбакистон, Осорхонаи давлатии ба номи Алишер Навоӣ таҳия ва омода шудааст. 

Дар мақолаи академик Азиз Қайюмов, ки дар оғози девон оварда шудаст, гуфта мешавад, ки Камоли Хуҷандӣ аз муътабартарин суханварони замонаш буда, ин маҳбубият  миёни хонандагони чаҳон рӯзафзун аст.

Ба иттилои манбаъ, Олимҷон Бӯриев шоир ва тарҷумони мумтози Узбакистон буда,  то ин дам  “Хамсаҳо”-и Низомиву Деҳлавӣ, “Ҳафт авранг”-и Ҷомӣ ва девони ҳофизи Шерозиро тарҷума кардааст.

733
Барчаспҳо:
тарҷума, нашр, "Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ, Тошканд, Ӯзбекистон, Тоҷикистон
Запрет на курение, архивное фото

Олимон гуфтанд кадом гурӯҳи одамон коронавирусро вазнин мегузаронанд

1757
(Таҷдидшуда 14:05 19.11.2020)
Ба далели ноқис будани кори шуш ва паст шудани имунитет, тамокукашон бемории коронаврусро вазнин паси сар мекунанд

ДУШАНБЕ, 19 ноя - Sputnik. Хадамоти матбуотии Роспотребнадзор мегӯяд, сигоркашон бештар ба шакли вазнини бемории COVID - 19 гирифтор мешаванд.

Қайд мешавад, ки ин одати бад эҳтимоли тавассути даҳон сироят шуданро бештар мекунад.

"Тамокукашӣ кори шушҳоро бад мекунад ва инсон дар мубориза бо бемории сироятии нав бештар азоб мекашад", - қайд карданд дар Роспотребнадзор.

Ин ниҳод тавсия медиҳад, ки барои муҳофизат кардани худ аз ин беморӣ, бояд аз тамокукашӣ даст кашид ва ҳамаи қоидаҳои беҳдоштиро риоя кард.

Чанде пеш олимони амрикоӣ дар паи баргузоии пажӯҳиш маълум карданд, ки тамокукашӣ ҳолати марг аз коронавирусро бештар мекунад.

Таъсир ба наслҳо: табиб оқибатҳои хатарноки коронавирус дар кӯдаконро гуфт

Дар гузориши олимон омада, ки дар қиёс бо дигарон тамокукашон бештар аз бемории COVID - 19 ҷон медиҳанд.

Ёдрас мешавем, ки 19 ноябр дар сартосари ҷаҳон Рӯзи дасткашӣ аз тамоку таҷлил мешавад. Ҳар сол ин ҷашн, ки аз ҷониби ҷомеаи пизишкон 40 сол пеш таъсис дода шудааст, панҷшанбеи сеюми моҳи ноябр таҷлил мешавад.

Мақсади ин рӯз ҷудо кардани одамон аз одати бади сигоркашӣ ва ҷалби диққати онҳо ба зиндагии тарзи солим мебошад.

1757
Барчаспҳо:
вазнин, саломатӣ, Ҷаҳон, вируси корона
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Олимон мегӯянд, COVID - и нав 10 баробар тезтар паҳн мешавад

664
(Таҷдидшуда 17:07 15.11.2020)
Навъи дигари COVID дар Урупо пайдо шудааст. Олимон мегӯянд, феълан аксари кишварҳои ҷаҳонро маҳз ҳамин навъ фаро гирифтааст

ДУШАНБЕ, 15 ноя – Sputnik. COVID - 19 аз пеш дида тезтар паҳн мешавад, вале бештар осебпазир шудааст, хабар медиҳад маҷаллаи Science.

Олимон аз Каролинаи Шимолӣ (ИМА) дар пайи як таҳқиқот маълум кардаанд, ки COVID - 19 боз шаклашро иваз кардааст. Навъи ҷадиди вирус - D614G дар Урупо пайдо шуда ва акнун дар тамоми ҷаҳон паҳн шудааст. 

Маълум шудааст, ки ин навъи вирус дар қиёс бо вируси дар Чин пайдошуда, 10 баробар тезтар паҳн мешавад.

Дар пайи таҳқиқот, ки дар бадани ҳайвонот гузаронида шудааст, муайян шуда, ки D614G ба маводҳои доруворие, ки дар асоси антитела омода шудаанд, осебпазир мебошанд ва шакли сабуктари коронавирус аст.

Бино ба хулосаи олимон, вируси урупоӣ қафаси синаро бемор мекунад дар ҳоле, ки вируси чинӣ ба дил, рӯдаҳо ва гурда зарба мезанад.

Ралф Барик, профессор, ҳамагиршиноси Донишгоҳи Каролинаи Шимолӣ гуфт,  ҳамаи ваксинаҳое, ки ба дар асоси штами аслии чинӣ омода мешаванд, аз штами нави вирус хуб муҳофизат мекунанд.

664
Барчаспҳо:
вируси корона, Олимон, Ҷаҳон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
График роста, архивное фото

Бонки рушди АвруОсиё: ММД-и Тоҷикистон баъд аз пандемия дар соли 2022 барқарор мешавад

0
(Таҷдидшуда 17:06 26.11.2020)
Тибқи дурнамои коршиносони Бонки рушди АвруОсиё нишондиҳандаҳои ММД-и Тоҷикистон пас аз натиҷаҳои пандемияи вируси корона ба зудӣ барқарор намешавад

ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Рушди иқтисоди Тоҷикистон дар шароити пандемияи вируси корона аз моҳи январ то сенябри соли равон коҳиш ёфта, ҳамагӣ ба 4,2 дарсад расидааст, омадааст дар гузориши Бонки рушди АвруОсиё.

Бештар аз пандемия ба бахши ғайриистеҳсолӣ ва камтар ба бахши саноат таъсир расонда шудааст.

Рушди иқтисоди Тоҷикистон аз таъсири манфии пандемияи вируси корона ва ҷараёни барқароршавии он дар солҳои 2021 ва 2022 муайян хоҳад шуд.   

Гуфта шудааст, ки дар сурати шароити мусбат Тоҷикистон метавонад комилан суръати рушди ММД-и худро, ки дар соли 2019 ба 7,5 дарсад расида буд, дар соли 2022 барқарор кунад.

Вазир: қарзи давлатии Тоҷикистон ба беш аз 43 дарсади ММД расид

Хавфи бадшавии рушди иқтисодии Тоҷикистон нисбат ба дурнамои заминавӣ ҳануз баланд арзёбӣ мешавад. Агар пандемия идома ёбад, нишондиҳандаҳои ММД-и Тоҷикистон дар сенария заминавӣ зикршуда метавонад аз нишондиҳандаҳои пешбинишуда боз ҳам камтар бошад.

 

0
Барчаспҳо:
рушд, иқтисод, Бонк, Тоҷикистон