Здание Академии наук Таджикистана, архивное фото

“Ҷоми Академияи илмҳо” ба ихтироъкорон ва навоварони беҳтарини Тоҷикистон супурда шуд

96
(Таҷдидшуда 15:41 04.07.2019)
Озмун аз рӯйи се  номинатсия — “Ихтироъкори беҳтарини Тоҷикистон” аз рӯйи патент ё нахустпатент, аз рӯйи шаҳодатномаи муаллифӣ барои ихтироъ, “Навовари беҳтарини Тоҷикистон” аз рӯйи  санадҳои тасдиқкунандаи навоварӣ эълон ва гузаронида шуд

ДУШАНБЕ, 4 июл - Sputnik. Олимони ихтироъкори тоҷик бо “Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарфароз гардонида шуданд, иттилоъ додааст агентии “Ховар”.

Манбаъ афзудааст, ки доктори илмҳои химия, мудири лабораторияи Институти химияи ба номи В.И. Никитини  АИ ҶТ Зайниддин Муҳиддинов барои 14 ихтирооти дар истеҳсолот татбиқшуда,  доктори илмҳои биологӣ, сарходими илмии Институти  ботаника, физиология ва генетикаи АИ ҶТ Қурбоналӣ Партоев барои 10 ихтирооти дар истеҳсолот татбиқшуда ва устоди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С. Осимӣ Парвиз Солиев барои 21 шаҳодатномаи навоварӣ, ки ҳамаи онҳо дар соҳаи маориф татбиқ шудаанд,  ғолибони озмуни  ҷумҳуриявии “Ихтироъкорон ва навоварони беҳтарини Тоҷикистон” гардида, бо “Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарфароз гардиданд.

Президенти Академияи илмҳои ҷумҳурӣ Фарҳод Раҳимӣ иброз доштааст, ки мақсад аз эълон ва гузаронидани озмун  пурзӯр намудани фаъолияти инноватсионӣ ва ихтироъкорию навоварӣ дар муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ ва таҳсилоти олии касбӣ,  муаррифии ихтироот ва татбиқи онҳо дар иқтисодиёти кишвар,  ҳамчунин  аз ҷиҳати моддӣ ҳавасманд гардонидани беҳтарин ихтироъкорон ва навоварони ҷумҳурӣ буд.

Ба нақли номбурда, озмун аз рӯйи се  номинатсия — “Ихтироъкори беҳтарини Тоҷикистон” аз рӯйи патент ё нахустпатенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин аз рӯйи патенти авруосиёгӣ ё патенти дигар давлати бо ишораи Тоҷикистон ҳифзшаванда, “Ихтироъкори беҳтарини Тоҷикистон” аз рӯйи шаҳодатномаи муаллифӣ барои ихтироъ, “Навовари беҳтарини Тоҷикистон” аз рӯйи  санадҳои тасдиқкунандаи навоварӣ эълон ва гузаронида шуд. Дар озмун қариб 60 нафар ихтироъкорон ва навоварон аз муассисаҳои илмии мамлакат иштирок намуда, дастовардҳои илмии хешро муаррифӣ намуданд.

Бо қарори Комиссияи озмун инчунин як зумра олимон бо Дипломи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи номинатсияи “Ихтироъкори беҳтарини Тоҷикистон” қадрдонӣ шуданд.

Ба Дипломи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи номинатсияи “Навовари беҳтарини Тоҷикистон” директори Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови АИ ҶТ, номзади илмҳои физикаю математика Фарҳод Шокир сазовор дониста шуд.

96
Барчаспҳо:
олим, навоварӣ, илм, Тоҷикистон

Ҳашт сол пеш: версияи нави пайдоиши коронавирус

1393
(Таҷдидшуда 20:35 17.08.2020)
Ба гуфти пажӯҳишгарони аврупоӣ, коронавируси COVID - 19 нахустин бор дар бадани шахтёрҳои чинӣ ҳанӯз дар соли 2012 сабт шуда буд

ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Вирусшинос Ҷонатана Латэма ва биолог Эллисон Уилсон, пайдоиши коронавируси SARS-CoV-2 - ро омӯхта, ба хулоса омаданд, ки ин навъи вирус на авохири соли гузашта, балки пештар пайдо шудааст, хабар медиҳад The Sun.

Олимон дастнависи пизишкеро омӯхтанд, ки ба табобати шахтёрҳои музофоти Юннан машғул буд. Ин коргарон дар давоми ду ҳафта шахтаро аз партови кӯршаббапаракҳо тоза кардаанд.

Аҷибаш ин аст, ки дар дастнависҳои пизишки чинӣ ҳамаи аломатҳои COVID - 19 сабт шудаанд: илтиҳоби шуш, сулфаи хушк, дарди буғумҳо ва ҳарорати баланд.

Вабо, холера, зуком: чӣ гуна бо эпидемия дар ИҶШС мубориза мебурданд - акс

Аз шаш шахтёре, ки ба дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ пайваст буданд, танҳо се нафарашон зинда монданд.

Ташхиси онҳо ба озмоишгоҳи шаҳри Ухан фиристода шудааст. Он ҷо олимон муайян кардаанд, ки коргарон ба коронавирус мубтало шудаанд.

Профессори тоҷик таъсири БСЖ ба COVID-19 - ро гуфт

Олимон хулоса карданд, ки коронавируси навъи COVID - 19 эҳтимолан пештар пайдо шудааст.

1393
Барчаспҳо:
пешгӯӣ, сол, пайдоиш, вируси нав
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Тестирование на коронавирус (COVID-19)

Нахустин дар Осиёи Миёна: оғози эмгузаронӣ аз COVID - 19 дар Қазоқистон

368
(Таҷдидшуда 12:02 03.08.2020)
Маркази байналмилалии эмгузаронии Қазоқистон нахустин бор аз коронавируси навъи COVID - 19 эмгузаронӣ кард

ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Дар Қазоқистон нахустин довталабро аз Covid - 19 эм карданд, хабар медиҳад Sputnik Қазоқистон.

Ин довталаб раҳбари Маркази байналмилалии эмгузаронии назди Донишгоҳи кишоварзии Қазоқистон Кайсар Табинов шуд.

Дору, ки аз ҷониби коршиносони австралиягӣ омода шудааст, COVAX-19 ном гирифт.

"Худро бо COVAX-19 эм кардам. Феълан худро хуб ҳис мекунам. Ягон ҳолати номусоидӣ эҳсос намешавад", - гуфт Табинов.

Ба гуфти ӯ ин дору дар навбати аввал дар бадани 40 довталаб озмоиш мешавад. Пас аз се моҳ ба озмоиши оммавӣ оғоз хоҳанд кард, ки дар он 100 ҳазор нафар аз 10 кишвари дунё довталаб хоҳад шуд.

Дар ин миён, Вазорати беҳдошти Қазоқистон гуфт, барои баргузории озмоиши клиникӣ бояд ҳуҷҷатҳои вижа пешниҳод шавад.

Русия аз омода шудани нахустин ваксина алайҳи коронавирус хабар дод

Вале, то имрӯз аз ҷониби Маркази байналмиаллии эмгузаронӣ ҳуҷҷате пешниҳод нашудааст.

Ёдрас мешавем, ки пештар хабар дода шуд, ки дар Донишгоҳи ба номи Сеченови Русия озмоиши клиникии ваксинаи зидди коронавирус анҷом ёфт.

368
Барчаспҳо:
нахустин, эмгузаронӣ, Қазоқистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

Тағйироти кадрӣ бо 7 фармони Раҳмон: аз мақоми нави Давлаталӣ Назрӣ то сардори разведка

1752
(Таҷдидшуда 21:03 28.09.2020)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз бо имзои 7 фармону як қарор дар сохтори Вазорати умури хориҷӣ ва Гвардияи миллии ҷумҳурӣ тағйироти кадрӣ анҷом дод

ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Бо фармони раисиҷумҳур, полковник Сатторов Ҳасан Мирзоевич сардори Раёсати разведкаи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид.

Раҳимзода Султон Нурмаҳмадпур бо фармони раисиҷумҳур аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Ҳиндустон озод гардида, бо қарори Эмомалӣ Раҳмон раиси Кумитаи иҷроияи Фонди байналмиллалии наҷоти Арал таъйин шуд.

Бобокалонзода Луқмон сафири нави Тоҷикистон дар Ҳиндустон таъйин гардид.

Холбобоев Файзулло Самадович бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Украина озод гардида, ба ҷои ӯ Назризода Давлаталӣ Ҳайдар, сафири Тоҷикистон дар Украина таъйин шуд.

Имом Шарофиддин Зуҳуриддинзода бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон озод карда шуд. Шарифӣ Саъдӣ сафири нави Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон таъйин гардид.

1752