Памир, архивное фото

Олимон: мардуми Помирро чорво кӯҳнишин кард

526
(Таҷдидшуда 12:23 05.07.2019)
Бостоншиносони Донишгоҳи давлатии Новосибирск мегӯянд, водии Олой қадимтарин ҷойи зисти одамон дар нуқтаи баландтарини ҷаҳон аст

ДУШАНБЕ, 5 июл - Sputnik. Оғоз аз моҳи июли соли 2018 барои омӯхтани кӯҳҳои Помир, гурӯҳе аз пажӯҳишгарон ба Тоҷикистон сафар карданд.

То ҳол ин минтақа мавриди назари таҳлилгарон қарор дорад. Олимон кӯшиш доранд, сабаби аҳолинишн шудани манотиқи кӯҳҳиро пайдо кунанд.

Моҳи июли соли 2019 боз гурӯҳе аз бостоншиносон тасмим доранд, барои пайдо кардани нишонаҳои зиндагии одамони қадимтарин дар манотиқи кӯҳӣ, ба Помир равон шаванд.

Онҳо миёнаҳои тобистон, ки аз гармтарин айём дар ин манотиқ ба шумор меравад, ба Помирр сафар карда як моҳ дар ин ҷо пажӯҳиш мегузаронанд.

Старостина: Осиёи Марказӣ рӯи шонаҳои тоҷикон истодааст

Бостоншиносн бар инанд, ки одамони қадим аз тарафи Қирғизистон ё Тоҷикистони ҷанубӣ ба Помир омадааанд.

Олимон ҳадс мезананд, ки мардуми Помир аз ақиби чорво ба ин манотиқ сафар кардаанд. Бостоншиносон  мегӯянд, чорво дар ҷустуҷӯи макони алафдор то рафт болотар мерафту соҳибонашон аз пушти онҳо сафар мекарданд.

Бостоншиносон барои аниқ кардани ин гипотеза олимон ва бостоншиносонро аз манотиқи гуногуни ҷаҳон ба экспидитсия ҷалб мекунанд.

526
Барчаспҳо:
ҷустуҷӯ, одамон, Помир, Тоҷикистон