Маркази исломшиносӣ 3 вазифа ва мавзӯъҳои таҳқиқашро ном бурд

© Sputnik / Максим Блинов / Гузариш ба медиабонкМусульмане на одной из улиц у соборной мечети в Москве
Мусульмане на одной из улиц у соборной мечети в Москве - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Файзулло Баротзода, мудири Маркази исломшиносии назди раисиҷумҳури Тоҷикистон се вазифаи ин ниҳод ва мавзӯъҳоеро, ки кормандонаш тайи се соли оянда таҳқиқ хоҳанд кард, ном бурд

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Баротзода мегӯяд, мақсад ва вазифаи асосии Маркази исломшиносии назди раисиҷумҳур, таъмини асосҳои илмии сиёсати давлатии муносибат ба дин ва озодии виҷдон, таҳияи консепсияю барномаҳои рушди ҳаёти динии ҷомеа, муайян намудани робитаи мероси исломӣ ба фарҳанг ва тамаддуни миллӣ мебошад.

Заключенные в исправительной колонии, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Муқова дигару дохил дигар: ҷамъоварии китобу фиттаҳо аз зиндонҳои Тоҷикистон баъди ошӯбҳо

“Тибқи нақшаи кории марказ, мавзӯи нави илмӣ барои солҳои 2019-2021 зери унвони “Инъикоси хусусиятҳои сиёсӣ — идеологии исломи муосир дар фазои иттилоотӣ ва таъсири он ба ташаккули шуури динӣ-ҳуқуқӣ ва анъанаву маросим дар ҷомеаи Тоҷикистон” дар мувофиқа бо Дастгоҳи иҷроияи раисиҷумҳури Тоҷикистон тасдиқ гардид”, - иттилоъ дод нашрияи “Садои мардум” аз қавли Баротзода.

Манбаъ афзуд, ки зермавзӯъҳои зерин тайи се соли оянда аз ҷониби исломшиносони назди раисиҷумҳур мавриди таҳқиқ қарор хоҳанд гирифт.

“Таъсири омилҳои дохилӣ ва хориҷӣ ба таҳаввули ҷашну маросими динӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Таъсири омили динӣ дар раванди муҳоҷират ва фазои ­иҷтимоии Тоҷикистон, Нақши мактаб­ҳои анъанавӣ дар раванди ташаккули шуури ҳуқуқӣ — динӣ ва иҷтимоии ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон”, - дар феҳрасти зермавзӯъҳои мавриди таҳқиқ ном бурда шуданд.

Маркази исломшиносӣ мактабҳои анъанавиро дар Тоҷикистон ҳанафия ва исмоилия арзёбӣ кардааст.

Ин ниҳод инчунин таъкид кардааст, ки бар асоси нақшаи тасдиқгардида ҷараёнҳои ғайрианъанавии динӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ таҳқиқ шуда, муаррифӣ ва таснифи сарчашмаҳои асосии динӣ дар ҳавзаи Мовароуннаҳр баргузор мешавад.

Лентаи хабарҳо
0