Кружка с горячим напитком, архивное фото

Олимон муайян карданд, кадом нӯшокӣ умри одамро дароз мекунад

1276
(Таҷдидшуда 12:45 12.01.2020)
Олимон дар муддати чандин сол беш аз 100 ҳазор касро мушоҳида карда, дақиқи карданд, ки чӣ гуна ин нӯшокӣ метавонад умри одамро дароз кунад

ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputniк. Ҳар рӯз нӯшидани чой метавонад ба кори дилу раг таъсири мусбат кунад ва умри инсонро дароз намояд, менависад, "Известия".

Олимони чинӣ дар давоми ҳафт сол мардумро аз тарзи чойнӯшӣ пурсиданд ва таърихи маргу мири ҳазорон беморро омӯхтанд. Дар умум дар ин таҳқиқот беш аз 100 ҳазор кас ширкат кардааст.

Олимон хатари бараҳна кардани буҷулаки пойро гуфтанд

Дар натиҷа маълум шуд, одамоне, ки ҳаррӯза чой менӯшанд дар қиёс бо инсонҳое, ки умуман чой наменӯшанд ё ин нӯшокиро гоҳ гоҳ истифода мекунанд, бо ҳисоби миёна 1,4 сол дертар аз пир мешаванд.

Одамоне, ки синну солашон аз 50 боло буд ва ҳар рӯз чой менӯшиданд, дар қиёс бо ҳамсолонашон, ки чой наменӯшиданд, 1,6 сол бештар умр диданд.

Шаш ғизо, ки инсонро тез пир мекунанд

Таъсири мусбати чойнӯшӣ ба таркиби нӯшокӣ, ки аз липидҳо бой аст, вобаста мебошад. Он метавонад садди роҳи гирифторӣ ба бемориҳои дилу раг ва фишорбаландӣ гардад.

Коршиносон қайд мекунанд, ки бештар чойи сабз дорои чунин хусусиятҳо аст.

1276
Барчаспҳо:
олимон, Ҷаҳон