Аз чатри худкор то ҳавопаймо: ҷоиза барои ихтироъкорони Суғд

Обуна шудан
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ба ғолибони озмуни ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилоят 25 ҳазор сомонӣ ҷоизапулӣ додаст

ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Тибқи иттилои ҳукумати Суғд, миёни муҳассилини донишгоҳҳо Комрон Машарифов - мутахассиси пешбари парки технологии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҷойи якум гирифтаст.

Здание Академии наук Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
“Ҷоми Академияи илмҳо” ба ихтироъкорон ва навоварони беҳтарини Тоҷикистон супурда шуд

Ғаниҷон Сафаров, магистранти Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд сазовори ҷойи дуюм ва Нилуфар Раҳматуллоева, донишҷӯи курси 5-уми факултаи телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров сазовори ҷойи сеюм дониста шуданд.

“Дар байни хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ Донёрбек Мирҳомидов - хонандаи синфи 9-уми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №37-уми ноҳияи Бобоҷон Ғафуров,  Ҷамшед Назаров - хонандаи синфи 10-уми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-юми  шаҳри Хуҷанд ва Иқболхўҷа Темирхўҷаев - хонандаи синфи 8-уми муассисаи таҳсилоти ғайридавлатии “Гулчини маърифат”-и шаҳри Хуҷанд ғолиб эълон гардиданд”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ тавзеҳ дод, ки Комрон Машарифов барои ихтирои “Чатри худкор барои ҷамъоварии зардолу”, Ғаниҷон Сафаров барои ихтирои “Коркарди комплекси барномаҳои талаффузи матн бо забони тоҷикӣ”, Нилуфар Раҳматуллоева барои таҳияи “Китоби электронӣ”, Иқболхӯҷа Темирхӯҷаев барои ихтирои лоиҳаи “Доно”, Ҷамшед Назаров барои ихтирои “Ҳавопаймои худидоракунандаи хоҷагӣ” ва Донёрбек Мирҳомидов барои ихтирои “Муҳаррики гармидиҳӣ” ғолиби озмун дониста шуданд.

Лентаи хабарҳо
0