Вакцинация, архивное фото

Профессори тоҷик таъсири БСЖ ба COVID-19 - ро гуфт

1336
(Таҷдидшуда 14:02 12.04.2020)
Профессори тоҷик Саидбек Сатторов алоқамандии маргу мир аз бемории коронавируси навъи COVID - 19 ва ваксинаи зидди сил (БСЖ)-ро шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Ваксинаи зидди сил (БСЖ) наметавонад бо сирояти коронавирус мубориза барад, гуфт, мудири кафедраи микробиология, иммунология ва вирусологияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, профессор Саидбек Сатторов.

Қаблан бархе аз олимони амриокӣ ва русиягӣ аз ҷумла роҳбари Агентии федералии тиббӣ-биологии Русия (АФТБ), собиқ вазири тандурустии ин кишвар   Вероника Скворсова бар он назар аст, ки ваксинаи зидди сил (БСЖ) метавонад дар мубориза бо сирояти коронавирус нақши муайян иҷро намояд. 

"Тибқи омӯзиши татқиқоти оморӣ, нафароне, ки ваксинатсияи такрории (реваксинатсияи) зиддисилӣ (БСЖ) мегиранд, нисбат ба нафароне, ки ваксинатсияи такрорӣ нагирифтаанд, камтар бемор мешаванд. Инро интихоби тасодуфӣ номидан мумкин аст. Он моддаҳои бегона (антителаҳо)-е, ки бар зидди ангезандаи сил дар бадан пайдо мешаванд, қобилияти бар зидди коронавирус муқобилият кардан надоранд. Зеро ин ду беморӣ аз оилаҳои гуногун буда, яке ба оилаи бактерияҳо ва дигарӣ ба оилаи вирусҳо дохил мешаванд  ва дар байни онҳо ҳатто наздикӣ дида намешавад. Аз ин рӯ ман ба чунин андеша розӣ шуда наметавонам",- гуфт Саидбек Сатторов дар суҳбат бо АМИТ "Ховар".

Профессор, вобаста ба он ки гӯё дар кишварҳои Италия ва Голландия аз сабаби ба роҳ намондани эмкунии БСЖ вазъияти  сироят бо коронавирус вазнинтар аст, мегӯяд, ин омил сабабҳои гуногун дорад. Яке аз сабабҳои он сари вақт наандешидани тадбирҳои пешгирикунанда мебошад.

"Тавре шоҳид ҳастем, Ҳукумати Тоҷикистон ва мутахассисони тандурустӣ барои пешгирии интиқоли он сари вақт тадбирҳои зарурӣ андешиданд ва яке аз аввалинҳо шуда, робитаҳои ҳавоиро бо давлатҳое, ки дар онҳо коронавирус ба қайд гирифта шуда буд, бастанд.   Инчунин нафароне, ки аз хориҷ ба мамлакат меоянд, барои пешгирӣ намудани сирояти коронавирус онҳоро 14 рӯз зери назорати карантинӣ қарор медиҳанд. Вале дар он кишварҳое, ки имрӯз вазъияти  сироят бо коронавирус вазнинтар аст, ба ин масъала диққати ҷиддӣ надоданд. Аз ин сабаб шумораи сироятёфтагони ин беморӣ дар ин давлатҳо афзуд",- зикр намуд мудири кафедраи микробиология, иммунология ва вирусологияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон.

Чаро дар Тоҷикистон коронавирус нест?: шарҳи чанд сабаб

Ба гуфти Саидбек Сатторов, коронавирусҳо дар ҳарорати 25+30 дараҷа дар муҳити атроф дуру дароз зинда монда наметавонанд. Зеро пардаи берунии ин вирусҳо аз сафеда ва равған иборат буда, дар буғи ҳаво он тез нобуд мешавад. Дар ин ҳолат каронавируси навъи COVID-19 метавонад  дар муддати 2-3 соат нест шавад. Вале дар ҳолати паст будани ҳарорат вирусҳо то 2-3 рӯз дар муҳити атроф метавонанд умр бинанд.

Ҳоло тамоми ҷаҳон бо COVID-19 мубориза мебарад. ТО 12 апрели соли равон дар Тоҷикистон ва Туркманистон ягон ҳолати гирифторӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст.

Вале сарпизишки Қазоқистон Динагул Баешева пешгӯӣ кард, ки коронавирус дер ё зуд ба Тоҷикистон ва Туркманистон низ мерасад.

Пешгӯии изтиробовари коршинос: коронавирус ба Тоҷикистон ҳам мерасад

Бо мақсади амалӣ намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ ҷиҳати пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти коронавирус дар Тоҷикистон, Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ таъсис дода шуд.

Инчунин аз 1 феврал то  12 апрел  7 ҳазору 257 нафар шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон ворид гардидаанд, дар беморхонаҳои сироятӣ ва осоишгоҳҳои мамлакат ба карантин фаро гирифта шуданд.

Ҳоло бо мақсади  пешгирӣ аз сирояти  коронавирус дар  Вазорати тандурустии Тоҷикистон  телефони боварӣ бо  рақами 511 фаъол гардидааст. Ин  рақам  ба таври шабонарӯзӣ фаъол буда,  сокинон метавонанд дар ҳолати дидани нишонаҳои вируси нав  ва дигар ҳолатҳои ба он алоқаманд фавран  бо ин рақам  дар тамос шаванд.

Созмони ҷаҳонии беҳдошт 11 март хурӯҷи коронавируси COVID-19–ро пандемия эълон намуд.

Эпидемияи илтиҳоби шуш (пневмония)- COVID-19, ки моҳи декабри соли 2019 дар шаҳри Вуҳани Чин ба қайд гирифта шуд, имрӯз дар тамоми ҷаҳон паҳн шудааст.

1336
Барчаспҳо:
вирус, Сатторов, профессори тоҷик, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (485)
Препарат против коронавируса

Олими тоҷик дар Бритониё роҳи муолиҷаи коронавирусро нишон дод

1397
(Таҷдидшуда 14:05 30.04.2020)
Донишманди тоҷики муқими Бритониё дар якҷоягӣ бо озмоишгоҳи Оксфорд барои муолиҷаи коронавируси навъи COVID - 19 дору ихтироъ кард

ДУШАНБЕ, 30 апр – Sputnik. Доктор Бобоҷон Назаров доруеро баром муолиҷаи вабои асри 21 - коронавируси навъи COVID - 19 озмоиш дорад.

Озмоиши донишманди тоҷик ва тими ӯ дар Донишгоҳи бонуфузи Оксфорди Бритониё сурат мегирад.

Олимон ду навъи дору: ҳабб ва сӯзандору ихтироъ карданд.

Муҳимтарин фарқи ин доруҳоро олими тоҷик дар он мебинад, ки дар сурати озмоиши бомуваффақият, мешавад дарҳол ба истифодаи умум гузошт. Роҳи табобати олими тоҷик чанд қадам пеш аст, дар ҳоле, ки ваксина ва дигар методҳои табобати имрӯза танҳо одамони сироятшударо табобат мекунад.

Коронавирус : Абуалӣ ибни Сино гуфта буд, ҷасади сироятшудагонро чӣ гуна ба хок супоранд

Низоми кор содда аст: сафедаи TMPRSS2 - ро, ки коронавирусро дар бадани инсон паҳн мекунад, нобуд кардан.

"Ин сафеда мисли калиде ҳаст, ки дари хонаеро мекушояд ва дору ин марҳиларо бозмедорад", - шарҳ дод Назаров.

Назаров умед дорад, роҳи табобати худро авохири ҳамин моҳ дар мубталоёни коронавирус озмоиш кунад.

Озмоишшавандаҳо дар баробари дору тестҳои коронавирусро низ хоҳанд гирифт. Натиҷаи табобати онҳо бо беморҳое, ки ба таври маъмулӣ табобат мегиранд муқоиса карда мешавад. Вазъи беморонро доимӣ таҳти назорат мегиранд, то дар ҳоли бад шудан, дарҳол бистариашон кунанд.

Ҷонбобоев: қарантинаро нахустин бор Абуалӣ ибни Сино пешниҳод кардааст

Latus Therapeutics дар ҳоли ҳозир ҳуҷҷатҳоро омода намуда истодааст, то озмоишро бо 500 бемор оғоз кунад.

Донишманди тоҷик Бобоҷон Назаров - хатмкардаи Донишгоҳи Оксфорд ва бунёдгузори ташкилоти Latus Therapeutics мебошад. Назаров дар Тоҷикистон ба дунё омада ва бузург шудааст.

1397
Барчаспҳо:
ихтироъкорӣ, донишмандон, олим, Бритониёи Кабир
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (485)
Тест-системы для диагностики нового коронавируса

Олими тоҷик : Вазорати тандурустӣ барои пешгирии CОVID-19 бояд "хун" ҷамъоварӣ кунад

2330
(Таҷдидшуда 15:38 16.04.2020)
Вирусолог, сироятшинос ва сардори Шӯъбаи таҷрибаомӯзии Коллеҷи техникии шаҳри Хуҷанд Мухтор Каримов дар як мақолаи худ роҳҳои пешгирии CОVID-19-ро гуфт

ДУШАНБЕ, 16 апр – Sputnik. Дар тамоми дунё имрӯз олимон ба дарёфти препаратҳои биологӣ, аз ҷумлаи ваксинаю зардобҳо, интерферонҳо барои баланд бардоштани масуниятнокии фаъол ва ғайрифаъоли инсон бар муқобили коронавируси CОVID-19, машғуланд.

Сардори Шӯъбаи таҷрибаомӯзии Коллеҷи техникии шаҳри Хуҷанд Мухтор Каримов, мегӯяд гарчанде, омода намудани ваксина барои баланд бардоштани масуниятнокии фаъол бар муқобили коронавируси CОVID-19 вақти зиёдро талаб мекунад, имрӯз зарур аст, ки барои табобат ва пешгирии он усулҳои кӯҳна, истифодабарии зардобҳои хуни одамоне, ки бемории коронавируси CОVID-19-ро аз сар гузаронида табобат ёфтаанд, ки давлатҳои пешрафта барои табобат ва пешгирии коронавирус истифода мебаранд ва натиҷаҳои дилхоҳ медиҳад, ҳамчун дастурамали беҳтарини табобат ва пешгирии бемории сироятии коронавируси CОVID-19 дар Тоҷикистон истифода шавад.

СҶБ бо профессори тоҷик розӣ аст ва БСЖ-ро алайҳи коронавирус тавсия намедиҳад

Вазорати беҳдошти Тоҷикистон бояд чӣ кунад?

Ба гуфти олими тоҷик, бартирии ин усули табобат ва пешгирии бемориҳои сироятӣ дар он аст, ки дар Тоҷикистон ташхиси саривақтӣ ва пурраи бемориҳои респиратории (роҳи нафас) дар ҷои ҳодиса имкон нест,  чун ташхиси коронавируси CОVID-19 фақат дар шаҳри Душанбе гузаронида мешавад, ки гирифтани натиҷаи ташхис вақти зиёди зарурии табобатро мегирад, ин ташхис фақат як бемории коронавирусро аз эътибор соқит мекунад ва сабаби беморӣ дигар вирусҳо ва бактерияҳо шуда метавонанд.

Профессори тоҷик таъсири БСЖ ба COVID-19 - ро гуфт

Дар зардоби хуни инсоне, ки ба бемории респираторӣ гирифтор шуда табобат ёфтаанд ба ҳамаи бемориҳои сироятии респиратории аз сар гузаронидашон подтанҳо (антитело), яъне масуниятнокӣ ба ҳамаи ин бемориҳо мавҷуд аст. Бинобар ин табобат низ мақсаднок ҳисобида мешавад, мегӯяд олими тоҷик дар мақолае, ки дар саҳифаи фейсбукии сухангӯи раиси шаҳри Хуҷанд нашр шудааст.

"Дар ин асос олим  зарур мешуморад, ки соҳаи тандурустии Тоҷикистон барои табобат ва пешгирии бемории коронавируси CОVID-19 ҳар чӣ бештар хуни реконваленсентӣ, яъне плазмаи хунро аз шахсони ба беморӣ гирифтор шуда, табобатёфта, ки дар зардоби хунашон подтанҳо (антитело) бар муқобили коронавируси CОVID-19 доранд, ҷамъоварӣ ва захира намоянд".

Воҳимаи мардум асос надорад

11 март Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар тамоми миқёси ҷаҳон пандемияи коронавирус эълон кард. Ба гуфти Мухтор Каримов, ҳол он, ки барои эълон кардани эпидемия бояд 5% аҳолӣ гирифтори беморӣ бошанд.

Кашфиёти олимони тоҷик: оби нуқра коронавирусро нест мекунад

"Пас барои чӣ гирифтори бемории зуком (грипп) нисбат ба коронавирус садҳо маротиба зиёд ва фавти одам аз ин беморӣ низ даҳҳо, садҳо маротиба зиёд бошад ҳам, на эпидемия ва на пандемияи зуком эълон карда намешавад", - суол мегузорад олими тоҷик.

Ҳамасола аз зуком, бемории сил, саратон, илтиҳоби шуш ва ғайра даҳҳо-садҳо маротиба фавти зиёди одамон дида мешавад, ки инро нишондиҳандаҳои ҳисоботҳои оморӣ тасдиқ мекунанд.

Дар ҳамин асосҳо Мухтор Каримов мегӯяд, ваҳму воҳимаҳое, ки дар байни мардум оиди бемории коронавирус пайдо шудааст, асосҳои кофӣ надоранд.

2330
Барчаспҳо:
вируси нав, пешгӯӣ, Тоҷикистон, тоҷик, олим
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (485)
Юношеская сборная Таджикистана  (U-16)

Қуръакашии чемпионати футболи Осиё-2020: рақиби мунтахаби кишвар ки хоҳад буд?

21
(Таҷдидшуда 09:13 04.06.2020)
Қуръакашии чемпионати Осиё-2020, ки дар он дастаҳои ҷавонони (U-16) ва ҷавонони (U-19) Тоҷикистон рақибони худро хоҳанд шинохт, рӯзи 18 июн дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё дар Куала-Лумпур баргузор мешавад

ДУШАНБЕ, 4  июн — Sputnik. Тибқи иттилои сомонаи ФФТ, қуръакашии чемпионати Осиё-2020 миёни наврасон соати 17:00 ба вақти Душанбе шуруъ мешавад ва қуръакашӣ барои чемпионати Осиё барои мунтахабҳои ҷавонон соати 19:30 баргузор мешавад.

Конфедератсияи футболи Осиё таркиби сабади  қуръакашӣ барои финали Чемпионати Осиё-2020-ро эълон кард.

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) бо тимҳои Баҳрайн, Ҷопон ва Кореяи Ҷанубӣ дар сабади аввал қарор гирифт.

ФФТ мегӯяд,  ин маънои онро дорад, ки мунтахаби мо бешубҳа бо ин дастаҳо дар марҳилаи гурӯҳии чемпионат бозӣ намекунад.

Тибқи тақвими АФК, чемпионати Осиё байни наврасони зери 16-сола аз 16 сентябр то 3 октябр дар Баҳрайн баргузор мешавад.

Манбаъ мегӯяд, дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) дар сабқати Чемпионати Осиё-2020 дар якҷоягӣ бо дастаҳои Япония, Австралия ва Индонезия, ки бо онҳо, бешубҳа, дар ин мусобиқот дар ҳамон гурӯҳ бозӣ намекунанд, дар сабади дуввум ҷойгир шуданд.

Зепп Блаттер, собиқ президенти ФИФА гуфт, бо фишори ИМА аз мақомаш рафт

Чемпионати Осиё байни ҷавонон 2020 бояд аз 14 то 31 октябр дар Ӯзбекистон баргузор шавад.

Бояд қайд кард, ки чаҳор дастаи беҳтарини чемпионатҳои наврасон ва ҷавонони Осиё- 2020 ба мусобиқоти  ҷаҳонии соли 2021 роҳхат мегиранд, ки мутаносибан дар Перу (U-17) ва Индонезия (U-20) баргузор мешаванд.

21