Препарат против коронавируса

Олими тоҷик дар Бритониё роҳи муолиҷаи коронавирусро нишон дод

1397
(Таҷдидшуда 14:05 30.04.2020)
Донишманди тоҷики муқими Бритониё дар якҷоягӣ бо озмоишгоҳи Оксфорд барои муолиҷаи коронавируси навъи COVID - 19 дору ихтироъ кард

ДУШАНБЕ, 30 апр – Sputnik. Доктор Бобоҷон Назаров доруеро баром муолиҷаи вабои асри 21 - коронавируси навъи COVID - 19 озмоиш дорад.

Озмоиши донишманди тоҷик ва тими ӯ дар Донишгоҳи бонуфузи Оксфорди Бритониё сурат мегирад.

Олимон ду навъи дору: ҳабб ва сӯзандору ихтироъ карданд.

Муҳимтарин фарқи ин доруҳоро олими тоҷик дар он мебинад, ки дар сурати озмоиши бомуваффақият, мешавад дарҳол ба истифодаи умум гузошт. Роҳи табобати олими тоҷик чанд қадам пеш аст, дар ҳоле, ки ваксина ва дигар методҳои табобати имрӯза танҳо одамони сироятшударо табобат мекунад.

Коронавирус : Абуалӣ ибни Сино гуфта буд, ҷасади сироятшудагонро чӣ гуна ба хок супоранд

Низоми кор содда аст: сафедаи TMPRSS2 - ро, ки коронавирусро дар бадани инсон паҳн мекунад, нобуд кардан.

"Ин сафеда мисли калиде ҳаст, ки дари хонаеро мекушояд ва дору ин марҳиларо бозмедорад", - шарҳ дод Назаров.

Назаров умед дорад, роҳи табобати худро авохири ҳамин моҳ дар мубталоёни коронавирус озмоиш кунад.

Озмоишшавандаҳо дар баробари дору тестҳои коронавирусро низ хоҳанд гирифт. Натиҷаи табобати онҳо бо беморҳое, ки ба таври маъмулӣ табобат мегиранд муқоиса карда мешавад. Вазъи беморонро доимӣ таҳти назорат мегиранд, то дар ҳоли бад шудан, дарҳол бистариашон кунанд.

Ҷонбобоев: қарантинаро нахустин бор Абуалӣ ибни Сино пешниҳод кардааст

Latus Therapeutics дар ҳоли ҳозир ҳуҷҷатҳоро омода намуда истодааст, то озмоишро бо 500 бемор оғоз кунад.

Донишманди тоҷик Бобоҷон Назаров - хатмкардаи Донишгоҳи Оксфорд ва бунёдгузори ташкилоти Latus Therapeutics мебошад. Назаров дар Тоҷикистон ба дунё омада ва бузург шудааст.

1397
Барчаспҳо:
ихтироъкорӣ, донишмандон, олим, Бритониёи Кабир
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (485)
Тест-системы для диагностики нового коронавируса

Олими тоҷик : Вазорати тандурустӣ барои пешгирии CОVID-19 бояд "хун" ҷамъоварӣ кунад

2330
(Таҷдидшуда 15:38 16.04.2020)
Вирусолог, сироятшинос ва сардори Шӯъбаи таҷрибаомӯзии Коллеҷи техникии шаҳри Хуҷанд Мухтор Каримов дар як мақолаи худ роҳҳои пешгирии CОVID-19-ро гуфт

ДУШАНБЕ, 16 апр – Sputnik. Дар тамоми дунё имрӯз олимон ба дарёфти препаратҳои биологӣ, аз ҷумлаи ваксинаю зардобҳо, интерферонҳо барои баланд бардоштани масуниятнокии фаъол ва ғайрифаъоли инсон бар муқобили коронавируси CОVID-19, машғуланд.

Сардори Шӯъбаи таҷрибаомӯзии Коллеҷи техникии шаҳри Хуҷанд Мухтор Каримов, мегӯяд гарчанде, омода намудани ваксина барои баланд бардоштани масуниятнокии фаъол бар муқобили коронавируси CОVID-19 вақти зиёдро талаб мекунад, имрӯз зарур аст, ки барои табобат ва пешгирии он усулҳои кӯҳна, истифодабарии зардобҳои хуни одамоне, ки бемории коронавируси CОVID-19-ро аз сар гузаронида табобат ёфтаанд, ки давлатҳои пешрафта барои табобат ва пешгирии коронавирус истифода мебаранд ва натиҷаҳои дилхоҳ медиҳад, ҳамчун дастурамали беҳтарини табобат ва пешгирии бемории сироятии коронавируси CОVID-19 дар Тоҷикистон истифода шавад.

СҶБ бо профессори тоҷик розӣ аст ва БСЖ-ро алайҳи коронавирус тавсия намедиҳад

Вазорати беҳдошти Тоҷикистон бояд чӣ кунад?

Ба гуфти олими тоҷик, бартирии ин усули табобат ва пешгирии бемориҳои сироятӣ дар он аст, ки дар Тоҷикистон ташхиси саривақтӣ ва пурраи бемориҳои респиратории (роҳи нафас) дар ҷои ҳодиса имкон нест,  чун ташхиси коронавируси CОVID-19 фақат дар шаҳри Душанбе гузаронида мешавад, ки гирифтани натиҷаи ташхис вақти зиёди зарурии табобатро мегирад, ин ташхис фақат як бемории коронавирусро аз эътибор соқит мекунад ва сабаби беморӣ дигар вирусҳо ва бактерияҳо шуда метавонанд.

Профессори тоҷик таъсири БСЖ ба COVID-19 - ро гуфт

Дар зардоби хуни инсоне, ки ба бемории респираторӣ гирифтор шуда табобат ёфтаанд ба ҳамаи бемориҳои сироятии респиратории аз сар гузаронидашон подтанҳо (антитело), яъне масуниятнокӣ ба ҳамаи ин бемориҳо мавҷуд аст. Бинобар ин табобат низ мақсаднок ҳисобида мешавад, мегӯяд олими тоҷик дар мақолае, ки дар саҳифаи фейсбукии сухангӯи раиси шаҳри Хуҷанд нашр шудааст.

"Дар ин асос олим  зарур мешуморад, ки соҳаи тандурустии Тоҷикистон барои табобат ва пешгирии бемории коронавируси CОVID-19 ҳар чӣ бештар хуни реконваленсентӣ, яъне плазмаи хунро аз шахсони ба беморӣ гирифтор шуда, табобатёфта, ки дар зардоби хунашон подтанҳо (антитело) бар муқобили коронавируси CОVID-19 доранд, ҷамъоварӣ ва захира намоянд".

Воҳимаи мардум асос надорад

11 март Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар тамоми миқёси ҷаҳон пандемияи коронавирус эълон кард. Ба гуфти Мухтор Каримов, ҳол он, ки барои эълон кардани эпидемия бояд 5% аҳолӣ гирифтори беморӣ бошанд.

Кашфиёти олимони тоҷик: оби нуқра коронавирусро нест мекунад

"Пас барои чӣ гирифтори бемории зуком (грипп) нисбат ба коронавирус садҳо маротиба зиёд ва фавти одам аз ин беморӣ низ даҳҳо, садҳо маротиба зиёд бошад ҳам, на эпидемия ва на пандемияи зуком эълон карда намешавад", - суол мегузорад олими тоҷик.

Ҳамасола аз зуком, бемории сил, саратон, илтиҳоби шуш ва ғайра даҳҳо-садҳо маротиба фавти зиёди одамон дида мешавад, ки инро нишондиҳандаҳои ҳисоботҳои оморӣ тасдиқ мекунанд.

Дар ҳамин асосҳо Мухтор Каримов мегӯяд, ваҳму воҳимаҳое, ки дар байни мардум оиди бемории коронавирус пайдо шудааст, асосҳои кофӣ надоранд.

2330
Барчаспҳо:
вируси нав, пешгӯӣ, Тоҷикистон, тоҷик, олим
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (485)
Препарат против коронавируса

"Ивермектин": олимон дору алайҳи коронавирусро пайдо карданд

5411
(Таҷдидшуда 17:38 12.04.2020)
Олимони австралиягӣ доруеро кашф кардаанд, ки интиқоли коронавирусро тавассути қатраи ҳавоӣ бозмедорад

ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Олимони австралиягӣ доруеро ном буданд, ки қодир аст дар давоми 48 соат вусъати вирусри навъи COVID -19 - ро боздорад. Ин дору "Ивермектин" будааст.

Натиҷаи пажӯҳиши олимон дар Antiviral Research нашр шудааст.

Онҳо таъсири "Ивермектин" - ро ба ҳуҷайраи заҳролудшуда аз коронавирус омӯхтаанд.

Муайян шудааст, ки як дозаи ин дору қодир аст дар давоми як шабонарӯз 93 дарсади вирусро нест карда дар давоми 48 сат онро пурра нобуд созад.

"Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки истифодаи ин дору ба нестшавии пурраи вирус боис гардид", - омадааст дар гузориш.

Дар баробари ин олимон қайд мекунанд, ки ин дору бехатар буда, ба саломатии инсон таъсири манфӣ намерасонад.

Ёдрас мешавем, ки пештар Агентии федеролии био - тиббии Русия доруи муассир алайҳи маризии коронавирусро пайдо намуд. Доруи мазкурро пизишкони рус дар асоси доруи зидди табларза омода намуданд.

Русия роҳи табобати коронавирусро пайдо кард

Ҳамчунин пизишкони Чин доруи муассир алайҳи маризии коронавирусро пайдо намуданд, ки ин дору Авиган ном дорад.

Авиган: табибони Чин доруи муассир алайҳи коронавирусро пайдо карданд

Ҳамагирии коронавирус

Коронавирус авохири моҳи декабри соли 2019 дар Вуҳани Чин зуҳур кард ва зуд дар дигар кишварҳо паҳн шуд.

Тибқи омори ахир, беш аз 1,6 миллион кас дар 209 кишвари ҷаҳон аз коронавирус сироят шудааст. Беш аз 89,4 ҳазор нафар ҷон бохта, пизишкон 337,1 беморро табобат карданд.

5411
Барчаспҳо:
вируси нав, вирус, нав, дору, Австралия
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (485)
День 4 июня

Ҷашнҳои рӯзи 4 июн дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

0
(Таҷдидшуда 20:07 03.06.2020)
Рӯзи 4 июн дар Ингушистон — Рӯзи маориф, дар Молдова — Рӯзи кормандони бонк, дар Финландия — Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ, дар Қазоқистон — Рӯзи рамзҳои давлатӣ, дар ИМА ӯзи оила, дар Қирғизистон Рӯзи ёдбуд ва дар Эстония Рӯзи парчам таҷлил мешавад

Рӯзи 4 июн дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1922 дар замимаи нашрияи шӯравии «Рабочая газета» аввалин шумораи маҷаллаи суратдори «Рабочий» нашр шуд, ки пас аз чанд вақт номи «Крокодил»-ро гирифт.

Рабочая газета
Рабочая газета

Соли 1940 дар шаҳри Маскав варзишгоҳи "Динамо" мавриди истифода қарор дода шуд.

Соли 1956 дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ пардохт барои таҳсил дар мактаби миёна ва олӣ бекор карда шуд.

Соли 1956 дар Иттиҳоди Шӯравӣ шумораи нахустини киномаҷаллаи ҳаҷвии «Фитил»  ба экран баромад.

День 2 июня
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1970 Тонга аз Британияи Кабир истиқлолият ба даст овард.

Соли 1975 аввалин маротиба пахши мустақими телевизионӣ аз ҷараёни ҷаласаи парлумони Англия сурат гирифт.

Соли 2010 дар шаҳри Маскав аз ҷониби тоҷикон созмони хайриявии "Даргил наник" таъсис  дода шуд.

Рӯзи 4 июн дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2008 аввалин шумораи ҳафтаномаи "Боргоҳи сухан" чоп шуд.

Соли 2011 Расул Боқиев варзишгари тоҷик барандаи медали тиллои мусобиқоти Ҷоми ҷаҳон оид ба ҷудо дар шаҳри Бухарест гардид.

На занятии в школе Расула Бокиева, архивное фото
© Sputnik
На занятии в школе Расула Бокиева, архивное фото

Соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади идомаи сафари давлатӣ ва иштирок дар ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай аз шаҳри Сямэн ба шаҳри Пекин ташриф омад.

День 3 июня
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2013 Сарвазири вақти Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов бо директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ оид ба стратегия ва амалиёт дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ хонум Лора Пак мулоқот кард. Оқил Оқилов изҳор дошт, ки Ҳукумати Тоҷикистон ба ҳамкорӣ бо Бонки ҷаҳонӣ дар соҳаҳои ояндадори иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир намуда, барои тақвияти раванди ин ҳамкорӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад.

 

Соли 2015 дар шаҳри Душанбе Эмомалӣ Раҳмон вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъиро, ки барои иштирок дар ҳамоиши навбатӣ  ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбию техникии кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ баррасӣ шуд.

Соли 2016 дар шаҳри Ваҳдат фабрикаи маъданғанигардонии Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди "Покрӯд" ба фаъолият шурӯъ кард.

Соли 2018 дар Душанбе байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Финляндия машваратҳои сиёсӣ баргузор гардид.

Ҷашнҳои рӯзи 4 июн

  • Дар Ингушистон — Рӯзи маориф.
  • Дар Молдова — Рӯзи кормандони бонк.
  • Дар Финландия — Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ.
  • Дар Қазоқистон — Рӯзи рамзҳои давлатӣ.
  • Рӯзи оила дар ИМА.
  • Рӯзи ёдбуд дар Қирғизистон.
  • Рӯзи парчам дар Эстония.

Рӯзи 4 июн дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Розия Акобирова (1937-2009)- киноактриса.

Сафват Бурҳонов (1968)- журналист.

Гушин Игор (1951)- доктори илми тиб.

Марям Давлатова (1955)–мутарҷим, ҷомеъашинос.

Наим Ёқубов (1934) – меъмор, профессор.

Олга Морозова (1902 – 1981) – доктори илми кишоварзӣ, профессор.

Николай Решетников (1923 – 1983) – доктори илми фалсафа, профессор.

Ҳошим Содиқов (1911 – 1994) – физик, профессор.

Фуфигин Виктор (1907 – 1973) – рассом, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон.

Бобо Худойдодов (1927 – 1990) – мутарҷим, адабиётшинос.

Муаттара Ҷӯраева (1975)- собиқ наттоқи ТВ.

Шаферштейн Семен (1898 – 1978) – доктори илми тиб, профессор, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон.

0
Барчаспҳо:
Ҷаҳон, ҷашн, Тоҷикистон
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 1 июн дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 2 июн дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 3 июн дар Тоҷикистон ва ҷаҳон