Олимон муайян карданд, кадом гурӯҳи одамон ба COVID - 19 гирифтор намешаванд

5613
(Таҷдидшуда 17:34 11.06.2020)
Коршиносон муайян карданд чаро COVID - 19 барои бархе марговар аст, вале дар бадани дигар гурӯҳи одамон нишонае ҳам надорад

ДУШАНБЕ, 11 июн — Sputnik. Натиҷаи пажӯҳише, ки ҳоло идома дорад нишон медиҳад, ки аксари одамони дорои гурӯҳи хуни муайян ба коронавируси навъи COVID - 19 камтар гирифтор мешаванд, хабар медиҳад Fox News.

Баробари оғози ҳамагирии коронавирус дар ҷаҳон, ширкати 23andMe, ки ба гузаронидани тести генетикӣ машғул аст, хадамоти худро барои кумак ба олимон дар муайян кардани сабаби марговар будани COVID - 19 барои бархе ва осонгузар шудан барои дигаронро муаяйн созанд.

Рӯзи душанбе ин ташкилот натиҷаҳои нахустини пажӯҳиши худро, ки дар он 750 ҳазор кас ширкат карданд, баровард.

"Натиҷаҳои нахустин алоқамандии гурӯҳи хун ва қабули вируси коронаро муайян карданд", - омадааст дар гузориш.

Коршиносон ба хулосае омаданд, ки гурӯҳи аввали хун эҳтимолан инсонро аз вирус муҳофизат мекунад.

Натиҷаҳои аввалини пажӯҳиш муайян карданд, ки одамони дорои гурӯҳи хуни О 9-18 дарсад камтар ба COVID - 19 гирифтор мешаванд.

5613
Барчаспҳо:
камхунӣ, наҷотдиҳӣ, вируси нав, Олимон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (688)
Тестирование на коронавирус (COVID-19)

Нахустин дар Осиёи Миёна: оғози эмгузаронӣ аз COVID - 19 дар Қазоқистон

322
(Таҷдидшуда 12:02 03.08.2020)
Маркази байналмилалии эмгузаронии Қазоқистон нахустин бор аз коронавируси навъи COVID - 19 эмгузаронӣ кард

ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Дар Қазоқистон нахустин довталабро аз Covid - 19 эм карданд, хабар медиҳад Sputnik Қазоқистон.

Ин довталаб раҳбари Маркази байналмилалии эмгузаронии назди Донишгоҳи кишоварзии Қазоқистон Кайсар Табинов шуд.

Дору, ки аз ҷониби коршиносони австралиягӣ омода шудааст, COVAX-19 ном гирифт.

"Худро бо COVAX-19 эм кардам. Феълан худро хуб ҳис мекунам. Ягон ҳолати номусоидӣ эҳсос намешавад", - гуфт Табинов.

Ба гуфти ӯ ин дору дар навбати аввал дар бадани 40 довталаб озмоиш мешавад. Пас аз се моҳ ба озмоиши оммавӣ оғоз хоҳанд кард, ки дар он 100 ҳазор нафар аз 10 кишвари дунё довталаб хоҳад шуд.

Дар ин миён, Вазорати беҳдошти Қазоқистон гуфт, барои баргузории озмоиши клиникӣ бояд ҳуҷҷатҳои вижа пешниҳод шавад.

Русия аз омода шудани нахустин ваксина алайҳи коронавирус хабар дод

Вале, то имрӯз аз ҷониби Маркази байналмиаллии эмгузаронӣ ҳуҷҷате пешниҳод нашудааст.

Ёдрас мешавем, ки пештар хабар дода шуд, ки дар Донишгоҳи ба номи Сеченови Русия озмоиши клиникии ваксинаи зидди коронавирус анҷом ёфт.

322
Барчаспҳо:
нахустин, эмгузаронӣ, Қазоқистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (688)
Ожирение, архивное фото

Олимон алоқамандии фарбеҳӣ ва танҳоии занонро муайян карданд

696
(Таҷдидшуда 14:33 01.08.2020)
Пажӯҳишгарон алоқаи иҷтимоии беш аз 28 ҳазор занонро омӯхтанд, то муайян созанд, чӣ гуна танҳоӣ ба вазни инсон таъсир мекунад

ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Олимони канадагӣ алоқамандии фарбеҳӣ ва танҳоии занону мардонро муайян карданд, хабар медиҳад "Известия".

Коршиносон аз донишгоҳи Колумбияи Бритониё қайд мекунанд, заноне, ки алоқаи иҷтимоияшон кам аст, дар қиёс бо чунин мардон фарбеҳтар мешаванд.

Пажӯҳишгарон пайвандии алоқаи иҷтимоии 28 238 одами аз 45 то 85 сола ва вазни бадани онҳоро омӯхтаанд.

Олимони тоҷик: астероиди бузург ба Замин наздик мешавад

Муайян шуда, ки занон (занони бе шавҳар, танҳо ва бева), ки танҳо зиндагӣ мекарданд ва бо шумораи ками одамон дар алоқа буданд, вазни бештар доранд.

Мардон бошанд баракс. Он мардоне, ки хонадор ва алоқаи бештари иҷтимоӣ доштанд, нисбат ба мардони танҳо фарбеҳтар буданд.

Олимон бар онанд, ки фарбеҳии занони танҳо бештар ба нақши гендерии онҳо вобаста аст.

696
Барчаспҳо:
алоқа, фарбеҳӣ, олимон, Ҷаҳон

10 миллион нафар дар Афғонистон мубталои коронавирус шуданд

0
(Таҷдидшуда 21:39 06.08.2020)
Вазири тандурустии Афғонистон изҳор доштаст, ки сеяки аҳолии ин кишвар ба маризии сироятии коронавирус мубтало гардидаанд

ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Вазорати тандурустии Афғонистон бо нашри гузорише гуфт, ки дар ин кишвар ҳудуди даҳ миллион, яъне аз се як ҳиссаи аҳолии Афғонистон ба коронавирус гирифтор шудаанд.

Аҳмад Ҷавод Усмонӣ, вазири тандурустии Афғонистон дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки ин омор пас аз баррасии натиҷаҳои тести 2500 нафар дар саросари кишвар ба даст омадааст.

Дар лоиҳаи буҷаи Тоҷикистон барои соли 2021 пандемияи коронавирус ба назар гирифта мешавад

Ин тестҳо ва баррасиҳо, ки бо кӯмаки Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ анҷом шудааст, таъмин мезанад, ки акнун 31,5 дарсад аз аҳолии Афғонистон ба ин вирус гирифта шудаанд ва бештарин ҳолатҳои гирифторӣ дар Кобул будааст.

Коронавирус дар моҳи феврали соли ҷорӣ бо бозгашти ҳазорон муҳоҷири афғон аз Эрон ба кишварашон ворид шуд.

Дар ҳоли ҳозир таҳқиқоте дар мавриди шумораи ҷонбохтагон ва гирифторон ба ин беморӣ дар Афғонистон идома дорад.

0
Барчаспҳо:
маризӣ, Афғонистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (688)