Сабзавоти вилояти Суғд. Акс аз бойгонӣ

Олимон сабзавотеро ном бурданд, ки коронавирусро нест мекунад

2787
(Таҷдидшуда 17:29 14.07.2020)
Олимони фаронсавӣ сабзавотеро ном бурданд, ки қодир аст коронавируси навъи COVID - 19 - ро нест кунад

ДУШАНБЕ, 14 июл – Sputnik. Пажӯҳишгарони Донишгоҳи Монпеле дар Фаронса карамро аз маҳсулоте гуфтанд, ки метавонад коронавируси навъи COVID - 19 - ро нест кунад, хабар медиҳад нашриёти бритонии The Sun.

Бино ба гуфти коршиносон дар кишварҳое, ки карам дар ғизои рӯзмарра бештар истифода мешавад, сатҳи фавт аз коронавирус дар қиёс бо дигар мамолик камтар аст.

Аз ҷумла дар Олмон ва Куреи Ҷанубӣ сатҳи фавт аз коронавирус камтар ба қайд гирифта шудааст.

Намакоб аз сирояти коронавирус нигоҳ медорад?

Пажӯҳишгарон таъкид мекунанд, ки карам дар худ моддае дорад, ки монеъи хуруҷи коронавирус мешавад. Ҳамин тавр, дар дохили карам антиоксидантҳое мавҷуданд, ки баданро аз вирус муҳофизат мекунанд.

Пештар олимони юнонӣ доруи қадимиеро ном бурданд, ки метавонад инсонро аз коронавирус наҷот диҳад. Ин дору колхитсин мебошад, ки ҳанӯз чанд аср пеш чун доруи зидди илтиҳоб истифода мешуд.

2787
Барчаспҳо:
вируси нав, нест мешавад, олимон, Ҷаҳон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (688)
Тестирование на коронавирус (COVID-19)

Нахустин дар Осиёи Миёна: оғози эмгузаронӣ аз COVID - 19 дар Қазоқистон

325
(Таҷдидшуда 12:02 03.08.2020)
Маркази байналмилалии эмгузаронии Қазоқистон нахустин бор аз коронавируси навъи COVID - 19 эмгузаронӣ кард

ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Дар Қазоқистон нахустин довталабро аз Covid - 19 эм карданд, хабар медиҳад Sputnik Қазоқистон.

Ин довталаб раҳбари Маркази байналмилалии эмгузаронии назди Донишгоҳи кишоварзии Қазоқистон Кайсар Табинов шуд.

Дору, ки аз ҷониби коршиносони австралиягӣ омода шудааст, COVAX-19 ном гирифт.

"Худро бо COVAX-19 эм кардам. Феълан худро хуб ҳис мекунам. Ягон ҳолати номусоидӣ эҳсос намешавад", - гуфт Табинов.

Ба гуфти ӯ ин дору дар навбати аввал дар бадани 40 довталаб озмоиш мешавад. Пас аз се моҳ ба озмоиши оммавӣ оғоз хоҳанд кард, ки дар он 100 ҳазор нафар аз 10 кишвари дунё довталаб хоҳад шуд.

Дар ин миён, Вазорати беҳдошти Қазоқистон гуфт, барои баргузории озмоиши клиникӣ бояд ҳуҷҷатҳои вижа пешниҳод шавад.

Русия аз омода шудани нахустин ваксина алайҳи коронавирус хабар дод

Вале, то имрӯз аз ҷониби Маркази байналмиаллии эмгузаронӣ ҳуҷҷате пешниҳод нашудааст.

Ёдрас мешавем, ки пештар хабар дода шуд, ки дар Донишгоҳи ба номи Сеченови Русия озмоиши клиникии ваксинаи зидди коронавирус анҷом ёфт.

325
Барчаспҳо:
нахустин, эмгузаронӣ, Қазоқистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (688)
Ожирение, архивное фото

Олимон алоқамандии фарбеҳӣ ва танҳоии занонро муайян карданд

696
(Таҷдидшуда 14:33 01.08.2020)
Пажӯҳишгарон алоқаи иҷтимоии беш аз 28 ҳазор занонро омӯхтанд, то муайян созанд, чӣ гуна танҳоӣ ба вазни инсон таъсир мекунад

ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Олимони канадагӣ алоқамандии фарбеҳӣ ва танҳоии занону мардонро муайян карданд, хабар медиҳад "Известия".

Коршиносон аз донишгоҳи Колумбияи Бритониё қайд мекунанд, заноне, ки алоқаи иҷтимоияшон кам аст, дар қиёс бо чунин мардон фарбеҳтар мешаванд.

Пажӯҳишгарон пайвандии алоқаи иҷтимоии 28 238 одами аз 45 то 85 сола ва вазни бадани онҳоро омӯхтаанд.

Олимони тоҷик: астероиди бузург ба Замин наздик мешавад

Муайян шуда, ки занон (занони бе шавҳар, танҳо ва бева), ки танҳо зиндагӣ мекарданд ва бо шумораи ками одамон дар алоқа буданд, вазни бештар доранд.

Мардон бошанд баракс. Он мардоне, ки хонадор ва алоқаи бештари иҷтимоӣ доштанд, нисбат ба мардони танҳо фарбеҳтар буданд.

Олимон бар онанд, ки фарбеҳии занони танҳо бештар ба нақши гендерии онҳо вобаста аст.

696
Барчаспҳо:
алоқа, фарбеҳӣ, олимон, Ҷаҳон
Садамаи маргборе, ки дар пайи он Баҳром Ғафурӣ ба ҳалокат расид

КҲФ низ садамаи Баҳром Ғафуриро шарҳ дод ва чанд акс аз ҷои ҳодиса нашр кард

0
Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода менависад, ки агар ҳодиса соати 4:00 рух дода бошад, соати 4:18 дастаи наҷоти КҲФ ба ҷои ҳодиса сафарбар шуданд. Аммо мутаассифона ҳунармандро натавонистанд аз марг наҷот диҳанд

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. КҲФ низ садамаи мудҳишеро, ки дар пайи он овозхони номӣ Баҳром Ғафурӣ ҳалок шуд шарҳ додааст.

Бино бар иттилои манбаъ, 04:16 дақиқа ба навбатдори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисон дар шаҳри Душанбе хабар расид, ки дар кўчаи  Рудакӣ  106 ноҳияи И.Сомонӣ, садамаи нақлиёти рўх додааст.

Соати 04:18 дақиқа Дастаи зудамали наҷоти Раёсат ба ҷои ҳодиса сафарбар шуд, афзудааст манбаъ.

Садамаи маргбори Баҳром Ғафурӣ
Дафтари матбуоти КҲФ
Садамаи маргбори Баҳром Ғафурӣ

Гуфта мешавад, дар натиҷа муаян карда шуд, ки ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Ланкурузер» (200)  рақами давлатиаш 1991 КК 01ТҶ, аз ўҳдаи идораи мошин набаромада, ба автомашинаи партовкаши тамғаи «Камаз»  бармехӯрад.

Бар асари ин бархурди мудҳиш як нафар мусофири он сарояндаи хушхону маъруф Баҳром Ғафурӣ ба ҳалокат расидааст. Дар ин садама ду нафари дигар: Зарипов Баҳодур ва Анварзода Ислом бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба беморхонаи Қарияи Боло интиқол дода шудаанд.

Сабаби ҳодисаи мазкур аз ҷониби кормандони шуъбаи ВКД ва БДА-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ муаяйн карда мешавад.

0